Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, № 893 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997 "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №23-24, мод. 350; с. 2003, № 8, мод. 458; c. 2006, №4, мод. 200; с. 2007, №3, мод. 177; № 7, мод. 694; с.2008, №10, мод. 821; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели с. 2012, №824) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Қисми дуюми моддаи 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ба андозаи зайл пардохт карда мешавад:

100 фоизи музди меҳнат:

- ба кормандон ҳангоми бардоштани осеби меҳнатӣ ё бемориҳои касбӣ;

- ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки кор мекунанд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

- ба кормандоне, ки аз минтақаи олудаи радиоактивӣ дар натиҷаи садамаи Чернобил ва минтақаҳои ба онҳо баробаркардашудаи офатҳои табиӣ ҳангоми гирифтор шудан ба бемориҳои узвҳои ҳосилкунандаи хун (лейкози шадид), ғадуди сипаршакл (аденома, саратон), варамҳои хатарнок кӯчонида шудаанд.

70 фоизи музди меҳнат:

- ба кормандоне, ки собиқаи меҳнатии бефосилаи ҳаштсола ва беш аз он доранд;

- ба кормандоне, ки таҳти сарпарастии худ се ва ё бештар фарзандони то 16-сола (ё хонандагони то 20-сола) доранд;

- ба кормандони ятим, ки ба синни 23 нарасидаанд.

60 фоизи музди меҳнат:

- ба кормандоне, ки собиқаи меҳнатии бефосилаи то ҳаштсола доранд.".

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОМ СОЦИАЛЬНОМ СТРАХОВАНИИ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 13 декабря 1997 года "О государственном социальном страховании" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1997 г., №23-24, ст. 350; 2003 г., №8, ст. 458; 2006 г., №4, ст. 200; 2007г., №3, ст. 177; №7, ст. 694; 2008г., №10, ст. 821; Закон Республики Таджикистан от 16 апреля 2012 г., №824) следующие изменения и дополнения:

1. Часть вторую статьи 12 изложить в следующей редакции:

"Пособие по временной нетрудоспособности выплачивается в следующих размерах:

100 процентов заработка:

- работникам при получении трудового увечья или профессионального заболевания;

- работающим участникам Великой Отечественной войны и приравненным к ним лицам;

- работникам, переселенным из зон радиоактивного загрязнения в результате Чернобыльской катастрофы и приравненных к ним зон экологических бедствий, при заболеваниях кроветворных органов (острые лейкозы), щитовидной железы (аденома, рак), злокачественных опухолях.

70 процентов заработка:

- работникам, имеющим непрерывный трудовой стаж восемь и более лет;

- работникам, имеющим на своём иждивении трёх или более детей, не достигших 16 (или учащихся, не достигших 20) лет;

- работникам из числа сирот, не достигших 23 лет.

60 процентов заработка:

- работникам, имеющим непрерывный трудовой стаж до восьми лет.". 2. Название и часть вторую статьи 16 после слова "погребение" и часть первую этой статьи после слов "(ритуальное пособие)" дополнить словами "членам малоимущей семьи".

...