ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815; мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159; №7-8, мод. 609; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, №809), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 3 моддаи 79 калимаҳои "мавриде, ки дар қисми 2 ҳамин модда пешбинӣ шудааст" ба калимаҳои "мавридҳое, ки дар қисми 2 ҳамин модда, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 185 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд" иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 1 моддаи 80 пас аз калимаҳои "Далели шайъӣ" калимаҳои ", ҳамчунин намунаҳои далелҳои шайъии дар қисми 5 моддаи 185 Кодекси мазкур пешбинишуда" илова карда шуда, калимаҳои "дошта мешавад" ба калимаҳои "дошта мешаванд" иваз карда шаванд.
3. Қисми 5 моддаи 185 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"5. Дар ҳолатҳои бо асосҳои пешбининамудаи сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 230 Кодекси мазкур боздошта шудани тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ба миқдори калон ё махсусан калон, дар асоси қарори муфаттиш ва бо розигии прокурор, бо иштироки ҳатмии мутахассис ва шахсони холис бо татбиқи сабти видео ва аксбардорӣ аз ҳаҷми умумии далелҳои шайъӣ барои ҳамроҳ намудан ба парвандаи ҷиноятӣ намунаҳо мутаносибан ба андозаи на камтар аз ҳадди ибтидоии миқдори калон ё махсусан калони воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, ки дар замимаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҷудо карда гирифта мешаванд. Қисми боқимондаи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
1 августи соли 2012, № 878
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 13 июни соли 2012, № 844
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 19 июли соли 2012, № 377
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В УГОЛОВНО - ПРОЦЕССУАЛЬНЫЙ
КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Статья 1. Внести в Уголовно-процессуальный кодекс Республики Таджикистан,
принятый Законом Республики Таджикистан от 3 декабря 2009 года (Ахбори Маджлиси
Оли Республики Таджикистан, 2009 г., №12, ст. 815; ст. 816; 2010 г., №7, ст.
551; 2011 г., №3, ст. 159; №7-8, ст. 609; Закон Республики Таджикистан от 16
апреля 2012 года, №809), следующие изменения и дополнения:
1. В части 3 статьи 79 слова "случая, предусмотренного частью 2 настоящей
статьи" заменить словами "случаев, предусмотренных частью 2 настоящей статьи,
частями 3 и 4 статьи 185 настоящего Кодекса".
2. Часть 1 статьи 80 после слов "Вещественные доказательства" дополнить
словами ", а также образцы вещественных доказательств, предусмотренных частью 5
статьи 185 настоящего Кодекса".
3. Часть 5 статьи 185 изложить в следующей редакции:
"5. В случаях приостановления предварительного следствия по уголовным делам о
незаконном обороте наркотических средств и психотропных веществ в крупном или
особо крупном размерах по основаниям, предусмотренным абзацами первым и вторым
части 1 статьи 230 настоящего Кодекса, на основании постановления следователя и
с согласия прокурора, при обязательном участии специалиста и понятых с
применением видеозаписи и фотографирования, от общей массы вещественных
доказательств для приобщения к уголовном делу изымаются образцы соответственно в
размере не менее начального предела крупного или особо крупного размеров
наркотических средств и психотропных веществ, предусмотренных в приложении 1
Уголовного кодекса Республики Таджикистан. Оставшаяся часть наркотических
средств и психотропных веществ уничтожается в соответствии с законодательством
Республики Таджикистан и в порядке, установленном Правительством Республики
Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального
опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали
Рахмон
г.Душанбе,
от 1 августа 2012 года, №878
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН
МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и
дополнений в Уголовно- процессуальный кодекс Республики Таджикистан"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан
постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и
дополнений в Уголовно-процессуальный кодекс Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш.
Зухуров
г. Душанбе, 13 июня 2012 года, №844
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ
МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и
дополнений в Уголовно - процессуальный кодекс Республики Таджикистан"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений
в Уголовно - процессуальный кодекс Республики Таджикистан", Маджлиси милли
Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и
дополнений в Уголовно - процессуальный кодекс Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики
Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 19 июля 2012 года ,№377