Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 аз 1 августи соли 2012, № 382

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи 2012, № 382

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи 2012, № 382

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 дар асоси Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи нишондодҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 баён гардидаанд, бо мақсади такмили низоми тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии соҳаи таълиму тарбияи насли наврас, муҳайё намудани шароит барои беҳтар намудани шаклу усул ва воситаҳои тарбия, таъмини робитаи доимӣ миёни падару модар, муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеа дар тарбияи насли наврас мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" таҳия гардидааст.

2. Мақсадҳои асосии Барнома

2. Мақсадҳои асосии Барнома аз баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби муошират, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ба воя расонидани хонандагону донишҷӯён, эҳтиром нисбат ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои дастгирӣ, сарпарастӣ ва тарбияи насли наврас, таъмини маҷмӯи тадбирҳо ҷиҳати ҷалби аҳли ҷомеа ба масъалаҳои тарбия, ба роҳ мондани низоми корҳои тарбиявӣ бо аҳли ҷомеа, бунёди заминаи илмӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ, таъмини тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани ҳодиса ва рафторҳои номатлуб, ҷинояткорӣ ва ғайра иборат мебошанд, ки дар ҳолатҳои зерин ифода меёбанд:

-таҳкими низоми тарбияи насли наврас, такмили стандартҳои таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми тарбия дар ҷомеа дар асоси анъанаҳои миллӣ;

-ташаккул ва тақвияти вазифаву ӯҳдадориҳои мутақобилаи оила ва муассисаҳои таълимӣ, иттиҳодияҳо ва дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ, иртиботи муассисаи таълимӣ бо оила ва муносибати боэҳтиромонаи падару модарон, омӯзгорон ҷиҳати донишандӯзӣ, хушахлокӣ, тавоноӣ ва нерӯи ақлонию маънавии фарзандон;

-таҳия ва татбиқи барномаҳои махсус оид ба рушди зеҳнии насли наврас ва тарзи ҳаёти солими онҳо;

...

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 01 августа 2012 года, № 382

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 01 августа 2012 года, № 382

Государственная программа воспитания подрастающего поколения в Республике Таджикистан на 2013-2017 годы

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

1. Общие положения

1. Государственная программа воспитания подрастающего поколения в Республике Таджикистан на 2013-2017 годы разработана на основе Плана мероприятий по выполнению указаний, содержащихся в Послании Президента Республики Таджикистан Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 20 апреля 2011 года, в целях совершенствования системы воспитания в Республике Таджикистан, поддержки сферы обучения и воспитания подрастающего поколения, создания условий для улучшения форм, способов и средств воспитания, обеспечения постоянной связи между родителями, учебными заведениями и общественностью в деле воспитания подрастающего поколения в соответствии с Законом Республики Таджикистан "Об ответственности родителей в обучении и воспитании детей".

2. Основные цели Программы

2. Основными целями Программы являются повышение уровня воспитания подрастающего поколения, агитация этики общения, соблюдения национальных и общечеловеческих ценностей, воспитание учащихся и студентов в духе патриотизма, самопознания, благородства и этичности, уважения к Конституции Республики Таджикистан и действующим законам Республики Таджикистан, обеспечение необходимых условий для поддержки, попечительства и воспитания подрастающего поколения, обеспечение комплекса мер по привлечению общественности к вопросам воспитания, налаживание системы воспитательной работы с общественностью, создание научной базы для подготовки отраслевых специалистов, обеспечение здорового образа жизни, предупреждение неприемлемых случаев и поведений, преступлений и т.д., которые выражаются в следующем:

- укрепление системы воспитания подрастающего поколения, совершенствование стандартов обучения, учебных планов и программ, учебников, учебно-методических инструкций в целях повышения статуса воспитания в обществе на основе национальных традиций;

- формирование и усиление взаимных задач и обязанностей семьи, учебных заведений, общественных объединений и других институтов, связи учебного заведения с семьей, уважительного отношения отца и матери, преподавателей к приобретению знаний, хорошему поведению, физической закалке, умственному и моральному развитию детей;

- разработка и реализация специальных программ по интеллектуальному развитию подрастающего поколения и его здорового образа жизни;

...