Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012, № 864 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159; №7-8, мод. 609; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, №809), тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 1 моддаи 109 калимаҳои "аз сесад ҳадди ақалли музди меҳнат" ба калимаҳои "аз шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо" иваз карда шаванд.

2. Дар қисми 4 моддаи 114 калимаҳои "аз як ҳадди ақалли музди меҳнат" ба калимаҳои "аз ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душаибе,

3 июли соли 2012, № 864

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 23 майи соли 2012, №777

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, № 326

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В УГОЛОВНО-ПРОЦЕССУАЛЬНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Уголовно-процессуальный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 3 декабря 2009 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2009 г., №12, ст. 816; 2010 г., №7, ст. 551; 2011 г., №3, ст. 159; №7-8, ст. 609; Закон Республики Таджикистан от 16 апреля 2012 года, №809), следующие изменения:

1. В части 1 статьи 109 слова "трехсот минимальных заработных плат" заменить словами "шестисот показателей для расчетов".

2. В части 4 статьи 114 слова "не менее одного показателя для расчетов" заменить словами "не менее двух показателей для расчетов".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикитан                             Эмомали Рахмон

г. Душанбе

3 июля 2012 года, № 864

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

МАДЖЛИСИ НАМОЯДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений в Уголовно-процессуальный кодекс Республики Таджикистан"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Уголовно-процессуальный кодекс Республики Таджикистан".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                   Ш. Зухуров

г. Душанбе, 23 мая 2012 года, №777

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений в Уголовно-процессуальный кодекс Республики Таджикистан"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Уголовно-процессуальный кодекс Республики Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Уголовно-процессуальный кодекс Республики Таджикистан".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 14 июня 2012 года, №326