ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИХТИРОЪ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ихтироъ" аз 28 феврали соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №2, мод. 49) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"иҷозатнома (литсензия) - аз тарафи дорандаи патент ба дигар шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ додани ҳуқуқи истифодабарии ихтирои бо патент ҳифзшаванда;".
2. Қисми нӯҳуми моддаи 26 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Агар дорандаи патент ихтирои ҳуқуқи истисноидоштаро, бе вайрон намудани ҳуқуқҳои дорандаи патенти дигар (патенти якум), ки бастани шартномаи иҷозатномавиро бо шартҳои мутобиқаткунандаи амалияи муқарраргардида рад намудааст, истифода бурда натавонад, ҳуқуқ дорад ба суд бо аризаи даъвогӣ ҷиҳати ба ӯ додани иҷозатномаи маҷбурӣ (тибқи моддаи 28 ҳамин Қонун) барои истифодаи ихтирои мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд. Дар аризаи даъвогӣ бояд шартҳои ба дорандаи патенти дуюм додани чунин иҷозатнома, аз ҷумла ҳаҷми истифодаи ихтироъ, андоза, тартиб ва мӯҳлати пардохтҳо нишон дода шаванд. Агар дорандаи патенти дуюм, ки ба чунин ихтирои вобаста ҳуқуқи истисноӣ дорад, исбот намояд, ки ихтирои ӯ дастоварди муҳими техникӣ буда, аз ихтирои дорандаи патенти якум афзалияти комили иқтисодӣ дорад, суд дар бораи додани иҷозатномаи маҷбурӣ қарор мебарорад. Ҳуқуқи истифодаи ихтироъ, ки тибқи чунин иҷозатнома ба даст оварда мешавад, ба истиснои ҳолати мусодираи патенти дуюм ба дигар шахс дода намешавад. Дар сурати додани иҷозатномаи маҷбурӣ тибқи қоидаҳои мазкур дорандаи патенти якум ҳуқуқ дорад бо шартҳои мутобиқаткунандаи амалияи муқарраргардида иҷозатномаи ғайриистисноиро ҷиҳати истифодаи ихтирои вобаста ба даст дарорад.".
3. Ба моддаи 27 қисми нӯҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" барои додани чунин намуди иҷозатнома (литсензия) татбиқ намегардад.".
4. Дар қисми якуми моддаи 28 калимаи "дархост" ба калимаҳои "аризаи даъвогӣ" иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 30:
- дар сархати сеюм калимаҳои "додани ҷубронпулии андозааш мувофиқ ба дорандаи патент" ба калимаҳои "шарти дар навбати аввал қонеъ намудани талаботи бозори дохилӣ, пардохти ҷуброни андозааш мувофиқ ва фавран огоҳ намудани дорандаи патент" иваз карда шаванд;
- қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Амалҳое, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, набояд истифодаи мӯътадили патентро беасос халалдор сохта, манфиатҳои қонунии дорандаи патентро поймол кунанд.".
6. Дар қисми якуми моддаи 34 рақами "32" ба рақами "33" иваз карда шавад.
...