ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АМНИЯТИ НАҚЛИЁТӢ
(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1846)
(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1846)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва дигар муносибатҳоеро, ки ба таъмини амнияти нақлиётӣ ва фаъолияти устувори маҷмӯи нақлиёт вобастаанд, танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
-амнияти нақлиётӣ - ҳолати ҳимоя шудани объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз амалҳои дахолати ғайриқонунӣ;
-таъмини амнияти нақлиётӣ - амалӣ намудани тадбирҳои аз ҷониби давлат муайяншудаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ дар соҳаи маҷмӯи (комплекси) нақлиёт, ки ба хавфи содир шудани амалҳои дахолати ғайриқонунӣ мутобиқат мекунанд;
-амали дахолати ғайриқонунӣ - амали зиддиҳуқуқӣ (аз ҷумла, амали террористӣ), ки ба фаъолияти бехатарии маҷмӯи нақлиёт таҳдид намуда, сабабгори зарар расонидан ба ҳаёт ва саломатии одамон, расонидани зарари моддӣ ва ё боиси хавфи ба вуҷуд омадани чунин оқибатҳо гардад;
- мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои вазифаи хизматрасонии давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ муайян кардааст
- гурӯҳбандии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт мансуб донистани объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт ба гурӯҳҳои муайян бо назардошти дараҷаи хавфи содир кардани амали дахолати ғайриқонунӣ ва оқибатҳои эҳтимолии он;
-объектҳои инфрасохтори нақлиёт - маҷмӯи технологие, ки роҳи оҳан, роҳҳои обии дохилӣ, хатсайрҳои пайвасткунанда, роҳҳои автомобилгард, нақбу пул, гузаргоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва автобусҳо, бандарҳои махсуси моҳидорӣ ва дарёӣ, воситаҳои бандарӣ, иншоотҳои гидротехникии киштиронӣ, аэродромҳо, фурудгоҳҳо, объектҳои низоми алоқа, киштиронию ҳавонавардӣ ва идораи ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар бар мегирад, инчунин дигар биною иншоот, дастгоҳҳо ва таҷҳизоте, ки фаъолияти маҷмӯи нақлиётро таъмин мекунанд;
-арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт -муайян намудани дараҷаи ҳимоя шудани объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз хавфи содир шудани амали дахолати ғайриқонунӣ;
...