ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Точикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, № 62 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №12, қ.2, мод.703, мод.704; с.2006, №3, мод.159; с.2007, №7, мод.681; с.2008, №6, мод.459, №10, мод.818; с.2011, №3, мод.160, №6, мод.458), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 3 моддаи 1 калимаҳои "мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ менамояд" ба калимаҳои "амалӣ менамояд" иваз карда шаванд.
2. Аз қисми 2 моддаи 4 калимаи "худи" хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 6:
- банди якуми қисми 2 хориҷ карда шавад;
- дар қисми 3 калимаҳои "ихтилоф доштан ба" ба калимаҳои "носаҳеҳӣ ва гуногунфаҳмии" иваз карда шаванд.
4. Дар қисми 2 моддаи 10 калимаҳои "меъёрии ҳуқуқии" ба калимаи "қонунгузории" иваз карда шаванд.
5. Ба қисми 1 моддаи 24 банди якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Ҳангоми машварат бояд на танҳо иттилооти дархостшуда, балки ҳама гуна иттилооти ба кор иртиботдоштае, ки мақомоти гумрук ба маълумоти шахси манфиатдор расонидани онро мувофиқи мақсад медонанд, пешниҳод гардад.".
6. Дар моддаи 30:
- дар банди 6) калимаи "дарё" ба калимаи "баҳр" иваз карда шавад;
- дар банди 8) калимаҳои "дарёҳо ва баҳрҳо" ба калимаҳои "баҳрҳо ва сарватҳои зерибаҳрӣ", калимаҳои "дарё ва баҳр" ба калимаҳои "баҳр ва сарватҳои зерибаҳрӣ" иваз карда шаванд;
- банди 13) хориҷ карда шуда, дар банди 12) аломати нуқта вергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шавад.
7. Дар қисми 1 моддаи 41 калимаҳои "Мақомоти гумрукӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ" ба калимаҳои "Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва мақомоти гумрукӣ, ки аз ҷониби он" иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 47:
- аз номи модда калимаи "болоии" хориҷ карда шавад:
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"3. Шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба ҳамин мақом пешниҳод карда мешавад.".
9. Ба қисми 3 моддаи 56 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
10. Дар моддаи 64 калимаҳои "Шахсони ваколатдори мол" ба калимаҳои "Шахсони манфиатдор ё намояндагони онҳо" иваз карда шаванд.
11. Ба қисми 1 моддаи 69 банди дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тадбирҳои эҳтиётиеро, ки интиқолдиҳанда барои пешгирии истифодаи беиҷозати мол ва воситаҳои нақлиёт дар қаламрави гумрукӣ ҳангоми расиданашон берун аз вақти кори мақоми гумрук бояд андешад, муайян менамояд.".
12. Ба қисми 1 моддаи 89 ва қисми 1 моддаи 170 ҷумла бо мазмуни зерин илова карда шавад:
13. Дар қисми 1 моддаи 90, қисми 3 моддаи 219 ва қисми 1 моддаи 241 калимаҳои "боҷҳои гумрукӣ ва андози воридотиро", "боҷҳои гумрукӣ ва андози воридотӣ" мувофиқан ба калимаҳои "боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳоро" ва "боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо" иваз карда шаванд.
14. Дар қисми 3 моддаи 95:
- бандҳои 1), 3) ва 6) хориҷ карда шаванд;
- бандҳои 2), 4), 5), 7), 8) ва 9) мувофиқан бандҳои 1), 2), 3), 4), 5) ва 6) ҳисобида шаванд.
15. Моддаи 102 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 102. Ҳуҷҷатҳое, ки барои ҷойгиронии молҳо дар анбори нигаҳдории муваққатӣ заруранд
1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷойгиронии молҳо дар анбори нигаҳдории муваққатӣ декларатсияи мухтасар аст.
2. Декларатсияи мухтасар на дертар аз рӯзи дигари корӣ баъд аз ба мақоми гумрук пешниҳод намудани мол ва воситаҳои нақлиёт манзур мегардад. Агар дар давоми ин мӯҳлат молҳо таҳти низоми гумрукии муайян ҷой дода шаванд, декларатсияи мухтасар пешниҳод намегардад.
3. Декларатсияи мухтасар бояд дорои маълумоте бошад, ки дар ҳуҷҷатҳои молҳамроҳикунанда нишон дода шудаасту, барои ҳаммонандкунии молҳо зарур аст, инчунин дорои маълумот оид ба ҷойи нигаҳдории муваққатии молҳои воридшуда бошад.
4. Шакли декларатсияи мухтасар ва тартиби пур кардани онро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар менамояд.".
16. Дар қисми 3 моддаи 110:

17. Банди 10) қисми 5 моддаи 131 хориҷ карда шуда, дар банди 9) аломати нуқта вергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шавад.
18. Дар қисми 3 моддаи 141:
- бандҳои 1), 3) ва 5) хориҷ карда шаванд;
- бандҳои 2), 4), 6), 7) ва 8) мувофиқан бандҳои 1), 2), 3), 4) ва 5) ҳисобида шаванд.
19. Қисми 2 моддаи 147 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2. Талабот нисбат ба довталабон барои гирифтани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ, тартиби гузаронидани аттестатсия, номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки ҳамзамон бо ариза дар бораи иҷозати гузаштан аз аттестатсия супорида мешаванд, барномаҳои таълими тахассусӣ ва тартиби супоридани имтиҳони тахассусиро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд. Барои супоридани имтиҳонҳои тахассусӣ ҳамаи шахсоне, ки ҷавобгӯи талаботи барои довталабон муқарраргардида мебошанд, сарфи назар аз тайёрии тахассусии онҳо барои супоридани имтиҳонҳои тахассусӣ иҷозат дода мешаванд. Имтиҳони тахассусиро мақомоти гумруке қабул мекунанд, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян гардидаанд.".
20. Ба Кодекс моддаи 161(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 161(1). Масъулият барои риоя накардаии шарту талаботи низоми гумрукӣ
1. Масъулият барои риоя накардани шарту талаботи низоми гумрукӣ ба зиммаи шахсоне, ки ҳамин Кодекс муайян намудааст, гузошта мешавад.
2. Шахсон барои риоя накардани шарту талаботи низоми гумрукӣ нисбат ба мол ё маҳсули коркарди он, ки таҳти назорати гумрукӣ қарор доранд, дар ҳолатҳои зерин масъулият надоранд:
- нобудшавӣ, осебпазирӣ, вайроншавӣ ё талафи бебозгашти онҳо дар натиҷаи садама ё таъсири қувваи рафънопазир;
- тағйирёбии теъдод ё ҳолати онҳо дар натиҷаи фарсудашавии табиӣ, талафоташон дар шароити мӯътадили интиқол, нигаҳдорӣ ва истифода (эксплуататсия), агар амалиётҳои мазкур дар доираи низоми гумрукии интихобшуда амалӣ шаванд;
- аз соҳибии шахси ваколатдор бо қарор ё дар натиҷаи амалҳои мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлатҳои хориҷӣ соқит шудани онҳо.
3. ӯҳдадории тасдиқ намудани ҳолатҳое, ки боиси талафот, осебпазирии молҳо, тағйирёбии теъдод ва ҳолати онҳо шудаанд, ба зиммаи шахсоне, ки барои риояи низоми гумрукӣ масъуланд, вогузор мегардад. Ҳолатҳое, ки дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ рух додаанд, аз ҷониби консулгарии дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти салоҳиятдори давлате, ки дар қаламраваш ҳолатҳои зикршуда рух додаанд, тасдиқ карда мешаванд.".
21. Дар моддаи 195:
- ба матни модда пеш аз калимаи "Низоми" рақами "1." илова карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"2. Дар мавридҳои истисноӣ ва бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод баъди бо риояи шартҳои барои интихоб ва (ё) иваз намудани низомҳои гумрукӣ пешбининамудаи ҳамин Кодекс таҳти низоми гумрукии дигар қарор додани маҳсули коркард низ анҷом меёбад.".
22. Дар қисми 3 моддаи 228:

23. Ба моддаи 235 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"4. Қарор додани молҳо таҳти низоми гумрукии реимпорт бо шарти риояи талаботи қисми 1 ҳамин модда, ҳамчунин дар мавриде иҷозат дода мешавад, ки агар танҳо қисме аз молҳои қаблан содиршуда ворид гардад.".
24. Дар банди 4) қисми 1 моддаи 240 калимаҳои "анбори озод" ба калимаҳои "анбори озод, воридоти муваққатӣ ва савдои бебоҷ" иваз карда шаванд.
25. Дар қисми 3 моддаи 261:

26. Дар моддаи 264:
- дар қисми 1 калимаҳои "моли хориҷӣ" ба калимаҳои "молҳои хориҷӣ ва ватанӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои "гумрукӣ ҳамчун" ба калимаҳои "иқтисодӣ ҳамчун" иваз карда шаванд.
27. Дар моддаи 265:
- дар қисми 1 калимаҳои "Дар ҳудуди минтақаи озоди гумрукӣ таҳти" ба калимаи "Таҳти" ва калимаҳои "барои ташкил намудани" ба калимаҳои "барои ноил шудан ба мақсадҳои ташкили" иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои "барои ташкили" ба калимаҳои "барои ноил шудан ба мақсадҳои ташкили" ва калимаи "гумрукӣ" ба калимаи "иқтисодӣ" иваз карда шаванд.
28. Моддаи 266 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 266. Амалҳое, ки нисбат ба молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиршуда ва молҳое, ки зимни амалиёти коркарди молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиршуда ҳосил шудаанд, анҷом дода мешаванд
1. Бо молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумруки ҷойгиршуда иҷрои амалиёти истеҳсолӣ ва тиҷоратии дигар, ба истиснои фурӯши чаканаи онҳо, мувофиқи номгӯи муқаррарнамудаи Низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ иҷозат дода мешавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад номгӯи молҳоеро, ки барои ҷойгир карданашон таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ иҷозат дода намешавад, муайян намояд, инчунин мамнӯият ва маҳдудиятҳоро барои анҷом додани амалиёти алоҳида бо молҳое, ки таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгир карда шудаанд, муқаррар намояд.
3. Молҳое, ки таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгир карда шудаанд, метавонанд таҳти низоми гумрукии дигар, аз ҷумла низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ бо мақсади ҷойгир карданашон дар минтақаи озоди иқтисодии дигар ё таҳти расмиёти гумрукӣ бо риояи талаботу шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва (ё) санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ҷойгир карда шаванд.
4. Молҳое, ки дар натиҷаи амалиёти коркарди молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиркардашуда ҳосил шудаанд, метавонанд таҳти низомҳои гумрукии иҷозат барои муомилоти озод, реэкспорт, нобудкунӣ, даст кашидан ба манфиати давлат, инчунин таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ бо мақсади ҷойгир карданашон дар минтақаи озоди иқтисодии дигар бо риояи талаботу шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва (ё) санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ҷойгир карда шаванд.".
29. Дар моддаи 267:
- дар қисми 1 калимаҳои "гумрукӣ фаъолият" ба калимаҳои "иқтисодӣ фаъолият" иваз карда шаванд;
- қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2. Ҳангоми барҳам додани минтақаи озоди иқтисодӣ, молҳое, ки таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгир карда шудаанд ва молҳое, ки дар натиҷаи амалиёти коркарди молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиркардашуда ҳосил шудаанд, бояд дар давоми мӯҳлати анҷомёбии расмиёти барҳамдиҳии минтақаи озоди иқтисодӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, таҳти низоми гумрукӣ ё расмиёти гумрукӣ мутобиқи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 266 ҳамин Кодекс ҷойгир карда шаванд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.";

"3. Содироти берун аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии молҳое, ки таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгир карда шудаанд ва молҳое, ки дар натиҷаи амалиёти коркарди молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиркардашуда ҳосил шудаанд, ба шарте иҷозат дода мешавад, ки молҳои мазкур таҳти низоми гумрукӣ ё расмиёти гумрукӣ мутобиқи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 266 ҳамин Кодекс ҷойгир карда шаванд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.".
30. Дар моддаи 268:
- қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Ҳудуде, ки барои ташкил кардани минтақаи озоди иқтисодӣ пешбинӣ шудааст, бояд тарзе ободу таҷҳизонида шавад, ки тавонад риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла имконияти анҷом додани назорати гумрукиро нисбат ба молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиршуда таъмин намояд. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ талаботи ҳатмиро дар хусуси ободу таҷҳизонидани ҳудуде, ки барои ташкил кардани минтақаи озоди иқтисодӣ пешбинӣ шудааст, муқаррар менамояд.";
- дар қисми 2 калимаҳои "озоди гумрукӣ" ба калимаҳои "озоди иқтисодӣ" иваз карда шаванд.
31. Дар моддаи 269:

"1. Шахсоне, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолият доранд, баҳисобгирии молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиршуда ва амалиёт бо онҳоро ба роҳ мемонанд ва ба мақомоти гумрук дар хусуси онҳо бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳисобот медиҳанд.";
- дар қисми 2 калимаҳои "дар минтақаи озоди гумрукӣ бо мол" ба калимаҳои "бо молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиршуда" иваз карда шаванд.
32. Дар моддаи 270:
- дар қисми 1:
- дар ҷумлаи якум калимаҳои "моли воридотии хориҷӣ" ба калимаи "молҳо" иваз карда шаванд;
- дар ҷумлаи дуюм калимаҳои "минтақаҳои дигари" ба калимаҳои "қисмати дигари ҳудуди" иваз карда шаванд;
- қисми 2 хориҷ карда шавад;
- қисми 3 қисми 2 ҳисобида шуда, дар он калимаи "гумрукӣ" ба калимаи "иқтисодӣ" иваз карда шавад.
33. Дар моддаи 271:

"1. Барасмиятдарории гумрукии молҳое, ки ба ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ворид мешаванд ва таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ қарор мегиранд, инчунин молҳое, ки нисбат ба онҳо низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ тағйир меёбад, бояд бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ амалӣ гардад.";
- ҷумлаи якуми қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад: "Ҳангоми тағйир додани низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ба низоми дигари гумрукӣ барасмиятдарории гумрукии молҳо, истифодаи тадбирҳои мансуб ба мамнӯияту маҳдудиятҳои мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, супоридани боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо мувофиқи шарту талаботи низоми гумрукии интихобгардида амалӣ мегардад.".
34. Моддаи 272 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 272. Анҷоми низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ
Низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҳангоми таҳти низоми гумрукӣ ё расмиёти гумрукӣ мутобиқи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 266 ҳамин Кодекс ҷойгир кардани молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиркардашуда ва (ё) молҳое, ки дар натиҷаи амалиёти коркарди молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиркардашуда ҳосил шудаанд, анҷом меёбад.".
35. Аз қисми 2 моддаи 282 калимаҳои "ё соҳибкори инфиродие" хориҷ карда шаванд.
36. Дар қисми 2 моддаи 283:

- бандҳои 2), 4), 5), 7) ва 8) мувофиқан бандҳои 1), 2), 3), 4) ва 5) ҳисобида шаванд.
37. Дар қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 284, қисмҳои 2, 3 ва 5 моддаи 285 ва қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 492 калимаҳои "фармони", "фармон" мувофиқан ба калимаҳои "фармоиши", "фармоиш" иваз карда шаванд.
38. Қисми 4 моддаи 340 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"4. Пардохткунандагон, тартиби ҳисоб ва пардохти андозҳоеро, ки марбут ба пардохтҳои гумрукианд, қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хусусиятҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс муайян менамояд.".
39. Дар моддаи 345:
- банди 3) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3) воридоти молҳо ба сифати кӯмаки башардӯстона, инчунин воридоти молҳои ройгоне, ки ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ бо мақсади бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ, садама ва фалокатҳо равона мегарданд ва воридоти молҳое, ки ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон дода мешаванд;";
- дар банди 4) калимаи "чор" ба калимаи "ду" иваз карда шавад;
- ба банди 7) ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад: "Агар молҳои воридотии мазкур дар давоми ду сол аз рӯзи воридот истифода нашаванд ё ба дигар шахс таҳвил карда шаванд, маблағи тибқи ҳамин банд напардохтаи боҷи гумрукӣ ситонида мешавад;".
40. Ба қисми 1 моддаи 355 ҷумлаи нав бо мазмуни зайл илова карда шавад: "Арзиши воқеан пардохтшуда ё пардохтшаванда маблағи пурраи пардохт барои молҳои воридотӣ мебошад, ки аз тарафи харидор ба фурӯшанда ё ба манфиати фурӯшанда ба амал бароварда шудааст ё ба амал бароварда мешавад. Шарт нест, ки пардохт танҳо дар шакли гузаронидани маблағ ифода ёбад, он метавонад ба воситаи аккредитив ё ҳуҷҷатҳои гардишӣ гузаронида шавад. Пардохт метавонад мустақим ё ғайримустақим амалӣ карда шавад.".
41. Ба Кодекс моддаи 355(1) мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 355(1). Хароҷоти созишномаҳои молиявӣ
1. Хароҷотҳо барои пардохти фоизҳо тибқи созишномаҳои молиявие, ки харидор онҳоро бастааст ва ба хариди молҳо барои ворид намудан тааллуқ доранд, новобаста ба он ки маблағгузорӣ аз тарафи фурӯшанда, бонк ё дигар шахс таъмин шудааст, набояд ба арзиши гумрукӣ ҳамроҳ карда шаванд, ба шарте ки созишномаи молиявӣ хаттӣ анҷом дода шудааст ва харидор ҳангоми зарурат метавонад тасдиқ намояд, ки:
- нархи нишондодашудаи мол ба арзиши воқеан пардохтшуда ё пардохтшаванда баробар аст;
- меъёри фоиз аз меъёри маъмули барои аксарияти чунин созишномаҳо дар кишваре, ки ҳамон вақт бо маблағгузорӣ таъмин шудааст, зиёд намебошад.
2. Хароҷотҳо барои пардохти фоизҳои созишномаҳои молиявӣ аз арзиши воқеан пардохтшуда ё пардохтшаванда алоҳида нишон дода мешаванд.".
42. Ба Кодекс моддаи 355(2) мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 355(2). Арзиши ҳомили таъминоти барномавӣ
1. Ҳангоми муайян намудани арзиши гумрукии ҳомили ахборотии воридшаванда, ки маълумот ё дастурамалҳои барномавӣ барои истифодаи таҷҳизот барои коркарди маълумотро доро мебошанд (таъминоти барномавӣ), нарх ё арзиши таъминоти барномавӣ набояд ба арзиши гумрукӣ ҳамроҳ карда шаванд, ба шарте ки нарх ё арзиш аз арзиши ҳомили таъминоти барномавӣ алоҳида нишон дода шуда бошанд.
2. Мафҳуми "ҳомили таъминоти барномавӣ", ки дар қисми 1 моддаи мазкур зикр гардидааст, маънои схемаи интегралӣ, нимноқил ва дастгоҳҳои амсоли он ё маҳсулотҳое, ки чунин схема ва дастгоҳҳоро дар бар мегиранд, надорад.
3. Мафҳуми "маълумот ё дастурамалҳои барномавӣ", ки дар қисми 1 моддаи мазкур зикр гардидааст, маънои маълумот ё дастурамалҳои овозӣ, кино ё видеоиро надорад.".
43. Дар қисми 6 моддаи 378 рақами "1" ба рақам ва калимаи "14 рӯз" иваз карда шавад.
44. Қисми 2 моддаи 382 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2. Таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар ҳолатҳои зерин пешниҳод карда намешавад:
1) агар маблағи пардохтшавандаи боҷи гумрукӣ, андоз ва фоизҳо камтар аз 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бошад;
2) ҳангоми ворид кардани молҳо ба минтақаи озоди иқтисодӣ.".
45. Ба қисми 4 моддаи 396 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: "Шакл ва тартиби қабули қарор оид ба баргардонидани боҷҳои гумрукӣ ва андози барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашуда аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тибқи тартиби муқарраргардида муайян карда мешаванд.".
46. Ба моддаи 399 қисмҳои 7 ва 8 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"7. Истифода нашудани шаклҳои алоҳидаи назорати гумрукӣ ё озод будан аз онҳо маънои озод намудани шахсонро аз ӯҳдадории риояи муқаррароти ҳамин Кодекс ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ надорад.
8. Тибқи зарурат мақомоти гумрук метавонанд ҳамаи шаклҳои назорати гумрукиро, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 430 ҳамин Кодекс пешбинигардида истифода намоянд.".
47. Дар қисми 1 моддаи 401:
- банди 5) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"5) талафот дар натиҷаи нобудшавӣ ҳангоми садама ё таъсири қувваи рафънопазир ё дар натиҷаи коҳиши табиӣ дар шароити мӯътадили боркашонӣ, нигаҳдорӣ;";
- банди 5) банди 6) ҳисобида шавад.
48. Моддаи 402 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 402. Назорати минбаъдаи гумрукӣ
1. Мақомоти гумрук назорати гумрукии молҳои дармуомилот будаеро, ки ба қаламрави гумрукӣ ворид карда шудаанд, бо мақсадҳои зерин анҷом медиҳанд:
1) санҷиши маълумотҳое, ки барасмиятдарории гумрукии чунин молҳоро мутобиқ ба талаботу шартҳои қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд;
2) санҷиши мавҷудияти маркировка ё аломатҳои дигари ҳаммонандсозии молҳо, ки барои тасдиқи воридоти расмии молҳо ба қаламрави гумрукӣ истифода мешаванд.
2. Назорати минбаъдаи гумрукӣ ба низоми баҳодиҳиву идоракунии таваккалҳо асос ёфта, бо тартиби пешбининамудаи боби 50 ҳамин Кодекс амалӣ мегардад.
3. Назорати минбаъдаи гумрукӣ метавонад аз ҷониби мақомоти гумрук дар давоми як соли баъд аз ҳолати таҳти назорати гумрукӣ қарор доштанро гум кардани молҳо амалӣ гардад.".
49. Моддаи 417 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 417. Санҷиши гумрукӣ
1. Мақомоти гумрук санҷиши гумрукии декларантҳо ва шахсони дигари анҷомдиҳандаи фаъолиятеро, ки назорати он ба зиммаи мақомоти гумрук аст, дар сурати вуҷуд доштани асоси кофӣ барои гумони аз ҷониби чунин шахсон риоя накардани қонунгузории гумрукӣ мегузаронанд.
2. Санҷиши гумрукиро мақомоти гумрук метавонанд нисбат ба шахсони зерин гузаронанд:
1) декларантҳо ва шахсоне, ки дар моддаи 15 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, - агар дар натиҷаи татбиқи намудҳои дигари назорати гумрукии пешбининамудаи ҳамин боб маълумоте ошкор шуда бошад, ки аз беэътимодии маълумоти ҳангоми барасмиятдарории гумрукии пешниҳодшуда ё аз истифода ва ихтиёрдории мол бо риоя накардани талабот ва маҳдудиятҳои муқарраршуда шаҳодат диҳанд;
2) брокерҳои гумрукӣ (намояндагон), соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ, соҳибони анборҳои гумрукӣ, соҳибони анборҳои озод, соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ ва боркашонҳои гумрукӣҳангоми ошкор шудани маълумоте, ки дар бораи вайрон кардани баҳисобгирии молҳои аз сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда ва ҳисобот дар бораи онҳо ё риоя накардани дигар талаботу шартҳои фаъолияти навъи дахлдори муқарраркардаи ҳамин Кодекс шаҳодат медиҳад;
3) шахсоне, ки моли воридкардаашонро ба таври чакана ё яклухт савдо мекунанд - ҳангоми ошкор шудани маълумоти гувоҳидиҳандаи он, ки молҳо ба қаламрави гумрукӣ бо халалдор шудани талаботу шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ворид гаштаанд ва ин боиси вайрон шудани тартиби супоридани боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ё риоя накардани мамнӯияту маҳдудиятҳои мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда гардидааст.
3. Санҷиши гумрукӣ аз анҷом додани санҷиши далели ҷойгиркунонии молҳо таҳти низоми гумрукии муайян ё таҳти расмиёти гумрукӣ, риояи талаботу шартҳои истифодаи молҳо дар низоми гумрукӣ ё расмиёти гумрукии марбута, инчунин ҳаққонияти маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари зимни барасмиятдарории гумрукӣ пешниҳодшаванда нишондодашуда тавассути муқоисаи ин маълумот бо маълумотҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии муҳосибӣ, бо ҳисобҳо, бо иттилооти дигари шахсони дар ҳамин модда зикргардида иборат аст. Ҳангоми гузаронидани санҷиши гумрукӣ амалиёти дигари назорати гумрукӣ метавонанд истифода гарданд. Тибқи зарурат санҷиши гумрукӣ метавонад аз ҷониби мақомоти гумрук бо ҷалби мақомоти дигари давлатӣ гузаронида шавад.
4. Санҷишҳои гумрукӣ метавонанд нақшавӣ ва ғайринақшавӣ бошанд. Санҷиши гумрукии нақшавӣ санҷишест, ки ба нақшаи даврии фаъолияти назоратии мақоми гумрук ворид карда шудааст. Санҷишҳои дигари гумрукӣ санҷишҳои ғайринақшавӣ мебошанд. Вобаста ба мақсаднокӣ ва ҷойи гузарониданашон санҷишҳои гумрукӣ метавонанд маҷмӯӣ, мавзӯъӣ, камералӣ ва сайёр бошанд, ки хусусиятҳои гузарониданашонро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тибқи ҳамин Кодекс муайян менамояд.
5. Санҷиши гумрукӣ дар асоси дастури сардори мақоми гумрук ё муовини ваколатдори ӯ гузаронида мешавад. Дар дастур номгӯи мақоми гумруке, ки санҷишро мегузаронад, номгӯи шахси ҳуқуқӣ ё насаб, ном, номи падари шахсоне, ки нисбаташон санҷиши гумрукӣ гузаронида мешавад, насаб ва сарҳарфҳои ном ва номи падари санҷишгарон, вазифаи онҳо, мавзӯи (масъалаҳои) санҷиши гумрукӣ ва мӯҳлати гузаронидани он қайд карда мешаванд.
6. Қабл аз гузаронидани санҷиши гумрукӣ шахсони мансабдори мақоми гумруке, ки чунин санҷиши гумрукиро мегузаронад, вазифадоранд ба роҳбари шахси ҳуқуқии (намояндагӣ ва филиалҳо) санҷидашаванда, дар вақти ҳозир набуданаш - ба намояндаи шахси ҳуқуқӣ (намояндагӣ ва филиалҳо) ё ба шахсони дигари санҷидашаванда, дар вақти ҳозир набуданашон - ба намояндагони қонунии онҳо шаҳодатномаи хизматӣ ва дастур дар хусуси гузаронидани санҷиши гумрукиро нишон диҳанд, инчунин маълумоти заруриро ба китоби баҳисобгирии санҷишҳо (ревизияҳо) сабт намоянд.
7. Мӯҳлати гузаронидани санҷиши гумрукӣ набояд аз сӣ рӯзи тақвимӣ зиёд бошад. Мӯҳлати мазкур метавонад аз ҷониби сардори мақоми гумрук ё муовини ваколатдори ӯ то сӣ рӯзи дигар тамдид гардад. Тамдиди мӯҳлати гузаронидани санҷиши гумрукӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ сурат мегирад. Гузаронидани санҷиши гумрукӣ метавонад вобаста ба фосилаҳои вақте, ки байни ба шахс изҳор намудани талаботи мақоми гумрук оид ба пешниҳод намудани ҳуҷҷату маълумотҳо ва пешниҳоди ҳуҷҷату маълумотҳои мазкур, инчунин барои бо дархости мақоми гумрук дастрас кардани маълумоту ҳуҷҷатҳои дигар сарф шудааст, бо қарори сардори мақоми гумрук ё муовини ваколатдори ӯ боздошта шавад. Давраи танаффусҳо дар гузаронидани санҷиши гумрукӣ ба мӯҳлати умумии гузаронидани санҷиши гумрукӣ дохил намешавад.
8. Ҳангоми гузаронидани санҷиши гумрукӣ мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд:
1) пешниҳоди ройгони ҳама гуна ҳуҷҷату маълумотро (ҳамчунин ҳуҷҷатҳои бонкиро), аз ҷумла дар шакли ҳуҷҷатҳои электронӣ, ки ба гузаронидани амалиёти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ё ғайра бо молҳои тавассути сарҳади гумруки интиқолёбанда тааллуқ доранд, талаб намоянд ва бо онҳо шинос гарданд;
2) дар доираи салоҳияти худ ба хазина ва манбаъҳои маълумотии системаҳои автоматикунонидашудаи иттилоотии шахси санҷидашаванда бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи иттилоот роҳ ёбанд;
3) бино ва қаламрави шахси санҷидашавандаро аз назар гузаронанд, инчунин азназаргузаронии гумрукӣ ва муоинаи гумрукиро мувофиқи талаботи ҳамин Кодекс дар ҳузури намояндагони ваколатдори шахси санҷидашаванда анҷом диҳанд;
4) гузаронидани ҳисобрасии молҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намоянд, инчунин санҷиши дурустии гузаронидани онҳоро анҷом диҳанд;
5) ҳуҷҷатҳо ва иқтибос аз онҳоро, ки бо имзои шахси мансабдори ваколатдор ва мӯҳри шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ тасдиқ гардидаанд, аз шахсони санҷидашаванда талаб намоянд;
6) баёноти хаттиро аз шахсони мансабдори шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ ва шахсони дигари санҷидашаванда аз рӯи масъалаҳое, ки дар рафти гузаронидани санҷиши гумрукӣ пайдо мешаванд, талаб намоянд;
7) биноҳоро мӯҳри манъи истифода зананд;
8) ҳуҷҷатҳоеро, ки аз содир гаштани ҳуқуқвайронкунӣ шаҳодат медиҳанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ситонанд. Зимнан шахсони санҷишгар ҳуқуқи нусхабардорӣ кардани ҳуҷҷатҳои ситонидашударо доранд;
9) мутобиқи моддаи 418 ҳамин Кодекс молҳоро ситонанд ё ба ҳабс гиранд;
10) амалҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом диҳанд.
9. Мӯҳри манъи истифода задан ба биноҳо ва ситонидани ҳуҷҷатҳое, ки аз содир гаштани ҳуқуқвайронкунӣ шаҳодат медиҳанд, дар мавридҳои истисноӣ, дар сурате ки наандешидани тадбирҳои мазкур боиси пинҳон мондани ҳуқуқвайронкунӣ мегардад, анҷом дода мешаванд.
10. Барои мақсадҳои гузаронидани санҷиши гумрукӣ мақомоти гумрук метавонанд натиҷаҳои ҳисобрасии молҳоро, ки шахси дорои ваколат нисбати молҳо ё дорои масъулияти нигаҳдории чунин молҳо ё мақомоти назоратӣ гузаронидааст, хулосаҳои аудиторӣ, инчунин санаду хулосаҳоеро, ки мақомоти давлатӣ таҳия кардаанд, истифода намоянд.
11.Натиҷаҳои гузаронидани санҷиши гумрукӣ бо акте ба расмият дароварда мешаванд, ки шакли онро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар кардааст. Акти санҷиши гумрукӣ дар давоми 10 рӯз пас аз ба анҷом расидани санҷиши гумрукӣ дар на камтар аз ду нусха тартиб дода мешавад.
12. Дар акти санҷиши гумрукӣ бо назардошти хусусиятҳои гузаронидани намудҳои алоҳидаи санҷишҳои гумрукӣ бояд инҳо дарҷ ёбанд:
1) асоси таъин шудани санҷиши гумрукӣ, сана ва рақами дастур барои гузаронидани он, вазифаҳо, насаб ва сарҳарфҳои ном ва номи падари шахсоне, ки санҷишро гузаронидаанд;
2) санаи оғоз ва анҷоми санҷиши гумрукӣ (дар мавриди ҷо доштани танаффусҳо фосилаи онҳо нишон дода мешавад), инчунин макони тартиб дода шудани акти санҷиши гумрукӣ;
3) вазифаҳо, насаб ва сарҳарфҳои ном ва номи падари кормандони шахси санҷидашаванда, ки вазифадоранд акти санҷиши гумрукиро имзо намоянд, бо зикри ҳатмии давраи кориашон дар вазифаҳои ишғолнамуда, насаб ва сарҳарфи ном ва номи падари роҳбари шахси ҳукуқӣ (намояндагӣ ва филиалҳо) ва шахси ба зиммааш вазифаҳои сармуҳосиби (муҳосиби калон бо ҳуқуқҳои сармуҳосиби) шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродии санҷидашаванда, ки мансабҳои зикршударо дар давраи санҷишӣ ишғол менамуданд, инчунин шахсони дигаре, ки ба санҷиши гумрукӣ ҷалб гардидаанд;
4) номгӯ, макони воқеъшавӣ ва тобеияти шахси ҳуқуқӣ, насаб, ном ва номи падар, ҷойи истиқомати соҳибкори инфиродии санҷидашаванда, рақами инфиродии андозсупорандаи онҳо, рақами суратҳисобҳои ҷорӣ бо зикри бонкҳо ва (ё) ташкилотҳои қарздиҳию молиявии ғайрибонкие, ки дар онҳо ҳисобҳои мазкур кушода шудаанд (дар сурати мавҷуд буданашон);
5) мавҷуд будани китоби баҳисобгирии санҷишҳо (ревизияҳо), инчунин иттилоъ дар хусуси навиштаҷоти дар он сабтшуда оид ба санҷиши гумрукии мазкур;
6) кӣ ва кай санҷишҳои гумрукиро дар давраи санҷишӣ бо худи ҳамон мавзӯъ қаблан гузаронидааст, чӣ гуна тадбирҳо вобаста ба далелҳои ошкоршудаи қонуншиканӣ андешида шудаанд;
7) кадом амалиёти (ҳуҷҷатҳои) молиявию хоҷагидорӣ, бо кадом усул ва мансуб ба кадом давра санҷида шудаанд;
8) макон, замон (агар он муқаррар карда шуда бошад) ва хусусияти ҳуқуқвайронкунии содиршуда, санадҳои қонунгузорие, ки талаботашон вайрон карда шудааст;
9) андозаи зарари расонидашуда (агар он мавҷуд бошад) ва оқибатҳои дигари ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоршуда;
10) маълумоти пешбининамудаи қисми 8 моддаи 418 ҳамин Кодекс;
11)маълумоти дигаре, ки барои баррасии мавод оид ба натиҷаҳои санҷиши гумрукӣ ва қабули қарорҳо аз рӯи онҳо зарур аст.
13. Дар акти санҷиши гумрукӣ бояд дарҷи воқеӣ, амиқ ва дақиқи далелҳои ошкоршуда риоя гардад. Ба акти санҷиши гумрукӣ ворид кардани гумону тахмин ва маълумоти тасдиқнашуда дар бораи фаъолияти шахси санҷидашаванда мумкин нест. Ҳангоми гузаронидани санҷиши гумрукӣ шахсони мансабдори мақоми гумрук вазифадоранд, ки ҳама гуна далелу ҳолатҳои барои қабули қарори асоснок аҳамияти ҷиддӣ доштаро маълум намоянд.
14. Акти санҷиши гумрукӣ аз ҷониби шахсони мансабдори мақоми гумрук, ки санҷиши гумрукиро гузаронидаанд, ба имзо мерасад. Роҳбари шахси ҳуқуқӣ (намояндагӣ ва филиалҳо), дар вақти ҳозир набудани вай -намояндаи қонунии шахси ҳуқуқӣ (намояндагӣ ва филиалҳо) ё соҳибкори инфиродӣ, дар вақти ҳозир набудани он - намояндаи қонунии соҳибкори инфиродӣ, инчунин шахсе, ки вазифаҳои сармуҳосиби (муҳосиби калон бо ҳуқуқҳои сармуҳосиби) шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродии санҷидашавандаро ба зимма дорад, вазифадоранд акти санҷиши гумрукиро имзо намоянд. Дар ҳолати саркашӣ кардани шахсони дар ҳамин қисм зикргардида аз имзо кардани акти санҷиши гумрукӣ, дар он навиштаҷоти дахлдор сабт карда мешавад. Пас аз ба имзо расидани акти санҷиши гумрукӣ ё дар ин акт сабт кардани навиштаҷот дар хусуси аз имзо саркашӣ кардани он, нусхаи дуюми ин акт ба шахсе, ки дар ҳамин қисм зикр гардидааст, супорида мешавад. Дар ҳолати саркашӣ кардан аз гирифтани акти санҷиши гумрукӣ, дар он навиштаҷоти дахлдор сабт гардида, нусхаи дуюми акти мазкур ба унвони шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродии санҷидашуда равон карда мешавад.
15. Дар ҳолати вуҷуд доштани раддия нисбат ба акти санҷиши гумрукӣ шахсони онро имзокунанда пеш аз имзо навиштаҷоти дахлдорро дар ин хусус сабт менамоянд ва на дертар аз сӣ рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ба имзо расидани акт раддияи худро вобаста ба мазмуни он ба таври хаттӣ ба мақоми гумруке, ки санҷиши гумрукиро таъин намудааст, пешниҳод мекунанд. Пас аз гузаштани ин мӯҳлат раддияҳо барои баррасӣ қабул карда намешаванд.
16. Асоснокии ваҷҳе, ки дар раддия изҳор шудааст, аз ҷониби шахсони мансабдори санҷиши гумрукиро анҷомдодаи мақоми гумрук санҷида мешавад ва дар ин хусус хулосаи хаттие тартиб дода мешавад, ки бо он шахсони бо тартиби муқарраршуда пешниҳоднамудаи раддия бо акти санҷиши гумрукӣ бояд шинос карда шаванд.
17. Дар ҳолати ошкор шудани аломатҳои ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шахсони мансабдори мақоми гумрук, ки санҷишро мегузаронанд, то анҷоми санҷиши гумрукӣ акти фосилавии алоҳида тартиб дода мешавад. Дар асоси акти фосилавӣ мақомоти гумрук мувофиқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ амал менамоянд. Далелҳои дар акти фосилавӣ нишондодашуда ба акти санҷиши гумрукӣ, ки пас аз анҷоми санҷиши гумрукӣ тартиб дода мешавад, ворид карда мешаванд. Тарзи таҳия кардан, ба имзо расонидан ва супоридани акти фосилавӣ бо ҳамон тартибест, ки барои акти санҷиши гумрукӣ муқаррар шудааст.
18. Қарорро аз рӯи акти санҷиши гумрукӣ сардори мақоми гумрук ё муовини ваколатдори ӯ дар доираи салоҳияташон, ки ҳамин Кодекс муайян намудааст, дар мӯҳлати на дертар аз сӣ рӯзи тақвимӣ аз рӯзи гирифтани маводҳои санҷиши гумрукӣ қабул мекунанд.".
50. Дар моддаи 418:
- аз номи модда ва қисми 1 калимаи "махсуси" хориҷ карда шавад;
- дар банди 2) қисми 1 калимаи "тафтишшаванда" ба калимаи "санҷидашаванда" иваз карда шавад;
- дар қисми 5 калимаи "махсус" ба калимаи "гумрукӣ" иваз карда шавад;
- дар қисми 7 калимаи "тафтиш" ба калимаи "санҷиш" иваз карда шавад;
- дар қисми 8 калимаи "санҷиши" ба калимаҳои "санҷиши гумрукии" иваз карда шуда, аз он калимаҳои "(қисми 8 моддаи 417.)" хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 9 калимаҳои "гумрукии махсус" ба калимаи "гумрукӣ" иваз карда шаванд.
51. Банди 8) қисми 2 моддаи 431 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"8) дар бораи қобилияти пардохтпазирии шахсоне, ки ба реестри шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрук амалкунанда дохил карда шудаанд;".
52. Ба Кодекс моддаи 441(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад.
"Моддаи 441(1). Ваколатҳои иловагии мақомоти гумрук оид ба назорати гумрукии молҳои моликияти зеҳнӣ
1. Мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд иҷозати молҳои объекти моликияти зеҳнидоштаеро, ки ба реестр дохил нашудаанд, бе аризаи соҳибҳуқуқ оид ба боздошти онҳо ҳангоми иҷозат, тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи мазкур дар ҳолатҳои ошкор шудани аломатҳои вайрон шудани ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ боздоранд.
Қарор оид ба боздоштани иҷозати мол мутобиқи моддаи мазкур, инчунин оид ба бекор кардани қарор оид ба боздоштани иҷозати мол аз тарафи роҳбари мақоми гумрук ё шахси онро ивазкунанда тавассути қабули фармоиш амалӣ карда мешавад.
2. Мақомоти гумрук бо мақсади татбиқи ваколатҳои иловагиашон оид ба ҳимояи тамғаи молӣ, тамғаи хизматрасонии ҳифзшаванда маълумотҳои аз реестрҳои давлатии бақайдгирии мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ дастрас кардаашонро истифода мебаранд.
3. Агар иҷозати мол мувофиқи қисми 1 моддаи мазкур боздошта шавад, мақомоти гумрук фавран ҳамаи чораҳои заруриро барои дар ин хусус огоҳ намудани соҳибҳуқуқ ва декларант ҳангоми ошкор шудани аломатҳои вайроншавии ҳуқуқ ва тасдиқи зарурияти чораҷӯӣ ба хотири боздоштани иҷозати молҳое, ки дорои объектҳои моликияти зеҳнианд, меандешанд. Барои муайян намудани макони соҳибҳуқуқи тамғаи молӣ, тамғаи хизматрасонӣ ё ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, ки ҳуқуқҳояш эҳтимол вайрон шудаанд, мақоми гумрук ба мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ бо мақсади муайян намудани мавҷудияти бақайдгирии ҳуқуқи муаллиф, дастрас намудани маълумот доир ба тамғаи молӣ, тамғаи хизматрасонӣ ва соҳибҳуқуқ бо хотири огоҳонидани минбаъдаи соҳибҳуқуқ дар бораи зарурияти андешидани чораҳои марбут ба дархост муроҷиат менамояд. Дар дархост бояд дар бораи мақоми гумрук ва молҳое, ки нисбат ба онҳо чораҳои ҳимоя андешида мешаванд, маълумот дода шавад. Мақоми гумрук ва мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ оид ба муайян намудани макон ва огоҳонидани соҳибҳуқуқ дар давоми 24 соат бетаъхир ҳамаи чораҳои заруриро меандешанд. Агар дар давоми 24 соат мақоми гумрук макони соҳибҳуқуқро муайян карда натавонад, қарор дар бораи боздоштани иҷозати мол бекор гардида, барасмиятдарории гумрукӣ ва иҷозати молҳо бетаъхир бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
4. Иҷозати молҳо ҳангоми ошкор шудани аломатҳои вайронкунии ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ, бо мақсади огоҳонидани соҳибҳуқуқ ва қабули қарор дар хусуси бекор кардан ё тамдид намудани боздоштани иҷозати молҳо, ба мӯҳлати то 3 рӯзи корӣ боздошта мешавад.
5. Қарор оид ба боздоштани иҷозати молҳо бекор карда шуда, барасмиятдарории гумрукӣ ва иҷозати молҳо тибқи тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур бетаъхир анҷом дода мешавад, агар дар давоми мӯҳлати дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинишуда ба мақоми гумрук:
- соҳибҳуқуқ дар бораи тамдид намудани мӯҳлати боздоштани иҷозати молҳо то даҳ рӯзи корӣ ариза пешниҳод накунад;
- соҳибҳуқуқ ариза дар хусуси бекор кардани қарор дар бораи боздоштани иҷозати молҳоро пешниҳод намояд.
6. Агар дар давоми мӯҳлати дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинишуда ба мақомоти гумрук аз соҳибҳуқуқ ариза дар хусуси тамдид намудани мӯҳлати боздоштани иҷозати молҳо ворид шавад, иҷозати молҳо то даҳ рӯзи корӣ аз санаи боздошти аввалаи иҷозати молҳо боздошта мешавад. Дар ин ҳолат соҳибҳуқуқ вазифадор аст дар давоми даҳ рӯзи корӣ:
1) таъиноти судро дар бораи қабули аризаи даъвогӣ оид ба вайрон шудани ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ, ки бо интиқоли молҳо аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандӣ дошта, иҷозати молҳо боздошта шудааст, пешниҳод намояд;
2) оид ба ҷуброни зарари ба декларант ва шахсони дигар расонидашуда, инчунин хароҷоти мақомоти гумрук, ки бо сабаби боздоштани иҷозати молҳое, ки дорои объектҳои моликияти зеҳнианд, пайдо шудаанд, дар ҳолатҳои бо қарори суд муайян шудани он ки молҳо ба вайронкунии ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ марбут нестанд, ӯҳдадорӣ пешниҳод намояд;
3) далелҳоеро, ки муроҷиати соҳибҳуқуқро ба мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар хусуси ворид намудани молҳо ба реестр тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 439 Кодекси мазкур тасдиқ месозанд, пешниҳод намояд. Агар соҳибҳуқуқ дар давоми даҳ рӯзи корӣ аз санаи боздошти аввалаи иҷозати молҳо таъиноти судро дар бораи қабули аризаи даъвогӣ дар хусуси вайрон шудани ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ, ки бо интиқоли молҳо аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандӣ дошта, иҷозати молҳо боздошта шудааст, пешниҳод намояд, ҳамчунин агар аз ҷониби соҳибҳуқуқ ӯҳдадориҳои дигар иҷро гарданд, мӯҳлатҳои боздоштани иҷозати молҳо, инчунин мӯҳлатҳои нигаҳдории муваққатии молҳо то ба қувваи қонунӣ даромадани қарори суд аз рӯи даъвои зикршуда тамдид мегарданд. Агар дар давоми даҳ рӯзи корӣ аз санаи боздошти аввалаи иҷозати молҳо соҳибҳуқуқ муқаррароти қисми мазкурро риоя накунад, мақоми гумрук қарор дар бораи боздоштани иҷозати молҳоро бекор мекунад ва барасмиятдарории гумрукии молҳоро тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур анҷом медиҳад. Дар ҳолати мазкур хароҷотҳои декларант ва мақоми гумрук, ки бо боздоштани иҷозати молҳо дар давоми даҳ рӯзи корӣ вобастаанд, ба зиммаи соҳибҳуқуқ гузошта мешаванд. Тартиби ҳамгироӣ ва робитаи иттилоотӣ байни мақомоти гумрук ва мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ тибқи акти якҷоя муайян карда мешавад.".
53. Дар номи моддаи 448 калимаи "асъор" ба калимаи "содиротӣ" иваз карда шавад.
54. Банди 13) моддаи 462 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"13) дар доираи салоҳияти худ назорати андоз, асъор, содиротӣ ва дигар намудҳои назоратро, ки ҳуқуқи анҷом доданашон ё ҳуқуқи иштирок дар анҷом додани онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти гумрук вогузор гардидааст, анҷом медиҳанд;".
55. Моддаи 463 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 463. Парчам ва аломати фарқкунандаи мақомоти гумрук
Мақомоти гумрук дорои парчам ва аломати фарқкунанда мебошанд. Дар воситаҳои нақлиётии дар ихтиёри мақомоти гумрукбуда аломати фарқкунандаи гумрук ҷойгир кунонида мешавад. Тасвиру нақши парчам ва аломати фарқкунандаи мақомоти гумрукро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.".
56. Дар қисми 1 моддаи 491:
- дар банди 1) калимаи "огоҳӣ" ба калимаи "сарзаниш" иваз карда шавад;

"3) гузарондан ба вазифаи поёнтар ба мӯҳлати то шаш моҳ;".
- банди 5) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"5) озод кардан аз мақомоти гумрук.".
57. Дар қисми 2 моддаи 502 калимаҳои "амалкунанда ва стандартҳои" бо калимаи "амалкунандаи" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
3 июли соли 2012, № 845
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 23 майи соли 2012, №802
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, № 331