Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012, № 844 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68; мод. 69; №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149; мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675; мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456; мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452; мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399; №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3; №6, мод. 444; мод. 447; №10, мод. 803; №12, қ. 1, мод. 986; №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80; №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155; №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161; №7-8, мод. 605; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, №808), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаҳои 135 ва 136 хориҷ карда шаванд.

2. Моддаи 156 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 156. Вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он

1) Азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ), ҳамчунин ба ҳаммуаллифӣ маҷбур кардан, агар ин кирдорҳо ба муаллиф ё дигар соҳибҳуқуқ ба миқдори калон зарар расонида бошанд,

бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Истифодаи ғайриқонунии объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ ё ҳуқуқҳои вобаста ба он, ҳамчунин ба даст овардан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё фиристодани нусхаҳои ғайриқонунии асар ё фонограммаҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, агар ин кирдорҳо ба миқдори калон зарар расонида бошанд,

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешаванд.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми дуюми хамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

б) бо расонидани зарар ба миқдори махсусан калон;

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошанд,-

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.

Эзоҳ: Дар моддаҳои 156 ва 156(1) Кодекси мазкур таҳти мафҳуми зарар ба миқдори калон чунин зараре ҳисобида мешавад, ки он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо панҷсад маротиба зиёд мебошад ва зарар ба миқдори махсусан калон чунин зараре ҳисобида мешавад, ки он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ду ҳазор маротиба зиёд мебошад.".

3. Ба Кодекс моддаи 156(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 156(1). Вайрон кардани ҳуқуқҳо ба ихтироот, намунаҳои саноатӣ ва моделҳои муфид

1) Истифодаи ғайриқонунии ихтироот, намунаҳои саноатӣ ё моделҳои муфид, бидуни розигии муаллиф ё арзномадеҳ фош намудани моҳияти ихтироот, намунаи саноатӣ ё модели муфид то интишори расмии маълумот дар бораи онҳо, азхудкунии муаллифӣ ё ба ҳаммуаллифӣ маҷбур кардан, агар ин кирдорҳо ба миқдори калон зарар расонида бошанд,

2) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошанд,

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.".

4. Моддаи 275 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 275. Истифодаи ғайриқонунии воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, молҳо, корҳо ва хизматрасонӣ

1) Истифодаи ғайриқонунии номи фирмавӣ, ҳамчунин номи маҳалли истеҳсоли мол, тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонии ғайр нисбат ба мол ва хизматрасонии шабеҳ, агар ин кирдорҳо такроран пас аз додани ҷазои маъмурӣ содир гардида ё ба миқдори калон зарар расонида бошанд,

бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешаванд.

2) Истифодаи ғайриқонунии тамғагузории оғоҳкунанда нисбат ба номи маҳалли истеҳсоли мол ё тамғаи молие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, агар ин кирдор такроран пас аз додани ҷазои маъмурӣ содир шуда ё ба миқдори калон зарар расонида бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошанд,

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нуҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал карор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе,

3 июли соли 2012, № 844

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 31 майи соли 2012, № 810

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, №332