ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ.1, мод. 989; мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2; мод. 5, №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12, қ.1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430; мод. 431; №7-8, мод. 610; №12, мод. 838; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, №806), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 3 моддаи 39 ва санксияи қисми 1 моддаи 340 калимаи "нисфи" ба калимаи "ҳаштяки" иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 474:
- дар ном ва матни модда калимаи "ташкилотҳои" ба калимаи "иттиҳодияҳои" иваз карда шавад;
- дар сархати чоруми қисми 1 аломатҳои вергул ва дефис ", -" ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шаванд;
- ба қисми 1 сархати панҷӯм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- содир намудани кирдорҳое, ки аз доираи мақсад ва вазифаҳои дар оинномаи (низомномаи) иттиҳодияҳои динӣ муайяншуда барнамеоянд,-".
3. Ба Кодекс моддаҳои 474(2), 474(3) ва 474(4) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 474(2). Риоя накардани тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар
Барои риоя накардани тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар,
ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 474(3). Фаъолияти таблиғотӣ ва маърифатии иттиҳодияҳои динӣ
Барои ба роҳ мондани фаъолияти таблиғотӣ ва маърифатии иттиҳодияҳои динӣ дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, инчунин дар манзили истиқоматии шаҳрвандон,
ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 474(4). Робитаҳои байналмилалии иттиҳодияҳои динӣ
1. Барои аз тарафи ҷамоаҳои динӣ муқаррар намудани робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла робитаҳои байналмилалии динӣ бо ташкилотхои хориҷӣ,
ба роҳбарони ҷамоаҳои динӣ ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
2. Барои аз тарафи ташкилотҳои динӣ бидуни мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин муқаррар намудани робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла робитаҳои байналмилалии динӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ,
ба роҳбарони ташкилотҳои динӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.".
4. Дар моддаи 477:
- ба ном ва матни модда пас аз калимаи "фаъолияти" калимаҳои "иттиҳодияҳо ва" илова карда шаванд;
- дар қисми 1 калимаҳои ", инчунин фаъолияташон" ба калимаҳои "ё фаъолияташон" иваз карда шаванд;
- дар қисмҳои 2 ва 3 калимаҳои ", инчунин фаъолияташон боздошта ё" ба калимаҳои "ё фаъолияташон боздошта ва ё" иваз карда шаванд.
5. Дар ном ва қисми 2 моддаи 478 калимаҳои "ташкилотҳои динӣ" ба калимаҳои "озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" иваз карда шаванд.
6. Ба ном ва матни моддаи 625, ном ва қисми 1 моддаи 628 пас аз калимаи "талаботи" калимаҳои "регламентҳои техникӣ," илова карда шаванд.
7. Дар моддаи 696 рақамҳои "474-481" ба рақамҳо ва калимаи "474 қисми 2, 474(1), 475 - 481" иваз карда шаванд.
8. Қисми 2 моддаи 720 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - сарнозири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати стандартҳо, воситаҳои ченак ва қоидаҳои савдо, муовинони ӯ, директорони марказҳои вилоятӣ, сардорони раёсатҳо дар ВМКБ ва минтақаи Кӯлоб, директорони марказҳои минтақавии Агентии Тоҷикстандарт - сарнозирони вилоятию минтақавӣ оид ба назорати стандартҳо, воситаҳои ченак ва қоидаҳои савдо ҳуқуқ доранд.".
9. Ба Кодекс моддаи 728(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 728(1). Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин
1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин дар доираи салоҳияти худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 474 қисми 1, 474(2), 474(3) ва 474(4) Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин инҳо ҳуқуқ доранд:
- раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 474 қисми 1, 474(2), 474(3), 474(4) Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд;
- сардорони шӯъбаҳо оид ба корҳои дин дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва мудирони бахшҳо оид ба корҳои дин дар шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 474 қисми 1, 474(2), 474(3)3 Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
3 июли соли 2012, № 843
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 36 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 6 июни соли 2012, № 827
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, №336
3АКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ
Статья 1. Внести в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №12, ч.1, ст. 989; ст. 990; 2009 г., №5, ст. 321; №9-10, ст. 543; 2010 г., №1, ст. 2; ст. 5, №3, ст. 153; №7, ст. 547; №12, ч.1, ст. 812; 2011г., №6, ст.430; ст.431; №7-8, ст.610; №12, ст.838; Закон Республики Таджикистан от 16 апреля 2012 года, №806), следующие изменения и дополнения:
1. В части 3 статьи 39 и санкции части 1 статьи 340 слово "половины" заменить соответственно словами "одной восьмой" и "одной восьми".
2. В статье 474:
- в названии и тексте статьи слово "организациях" заменить словом "объединениях";
- в четвёртом абзаце части 1 знаки запятую и дефис ", -" заменить знаком точки с запятой ";";
- часть 1 дополнить пятым абзацем следующего содержания:
"- совершение действий, выходящих за пределы целей и задач, определенных уставом (положением) религиозных объединений,-".
3. Кодекс дополнить статьями 474 (2), 474 (3) и 474 (4) следующего содержания:
"Статья 474 (2). Нарушение порядка получения религиозного образования гражданами Республики Таджикистан в зарубежных странах
Нарушение порядка получения религиозного образования гражданами Республики Таджикистан в зарубежных странах,
- влечет наложение штрафа в размере от пятидесяти до ста показателей для расчетов.
Статья 474 (3). Проповедческая и просветительская деятельность религиозных объединений
Осуществление проповедческой и просветительской деятельности религиозных объединений в учреждениях дошкольного, общего среднего, начального профессионального, среднего профессионального и высшего профессионального образования, а также в жилых домах граждан,
- влечет наложение штрафа в размере от тридцати до сорока показателей для расчетов.
Статья 474(4). Международные связи религиозных организаций
1. Установление религиозными общинами международных связей, в том числе международных религиозных связей с зарубежными организациями,
- влечет наложение штрафа на руководителей религиозных общин в размере от тридцати до сорока показателей для расчетов.
2. Установление религиозными организациями международных связей, в том числе международных религиозных связей с зарубежными организациями без согласования с государственным уполномоченным органом по делам религии,
-влечет наложение штрафа руководителей религиозных организаций в размере от пятидесяти до ста показателей для расчетов."
4. В статье 477:
- название и текст статьи после слова "религиозных" дополнить словами "объединений и";
- в части 1 слова ", а также приостановленных" заменить словами "или приостановленных";
- в частях 2 и 3 слова ", а также приостановленных или" заменить словами "или приостановленных и (или)".
5. В названии и части 2 статьи 478 слова "религиозных организациях" заменить словами "свободе совести и религиозных объединениях".
6. Название и текст статьи 625 после слова "требованиям" дополнить словами "технических регламентов,".
7. Название и часть 1 статьи 628 после слова "требований" дополнить словами "технических регламентов,".
8. В статье 696 цифры "474 - 481" заменить цифрами и словом "474 частью 2, 474(1), 475 - 481".
9. Часть вторую статьи 720 изложить в следующей редакции:
"2. Рассматривать дела об административных правонарушениях и налагать административные взыскания от имени органов стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции вправе директор Агентства стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистанглавный государственный инспектор Республики Таджикистан по контролю стандартов, средств измерения и правил торговли, его заместители, директора областных центров, начальники управлений в ГБАО и Кулябском регионе, также директора региональных центров Агентства Таджикстандарт - главные инспекторы областных и региональных центров по контролю стандартов, средств измерения и правил торговли.".
10. Кодекс дополнить статьей 728(1) в следующей редакции:
"Статья 728(1) Государственный уполномоченный орган по делам религии
1. Государственный уполномоченный орган по делам религии в пределах своей компетенции рассматривает дела об административных правонарушениях, предусмотренных статьями 474 частью 1, 474(2), 474 (3) и 474 (4) настоящего Кодекса.
2. Рассматривать дела об административных правонарушениях и налагать административные взыскания от имени государственного уполномоченного органа по делам религии вправе:
- председатель Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан, его первый заместитель и заместители по административным правонарушениям, предусмотренным статьями 474 частью 1, 474(2), 474(3), 474(4) настоящего Кодекса;
- начальники отделов по делам религии в ГБАО, областях, городе Душанбе и заведующие секторами по делам религии в городах и районах по административным правонарушениям, предусмотренным статьями 474 частью 1, 474(2), 474(3) настоящего Кодекса.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе
3 июля 2012 года, № 843
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях"
В соответствии со статьей 36 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан" Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляeт:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш. Зухуров
г. Душанбе, 6 июня 2012 года, № 827
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе,
14 июня 2012 года, №336