Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "МНА 2929"
Мутобиқи моддаҳои 62-64 ва 232 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 100-103 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Воситаҳои асосии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "МНА 2929" тибқи рӯйхати замимагардида ба тавозуни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шаванд.
2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида Ҷамъияти саҳомии кушодаи "МНА 2929"-ро барҳам диҳад.
3. Банди 293 замимаи 1 Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2012, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003, №486 тасдиқ шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 майи соли 2012, № 290
ш. Душанбе
аз 31 майи соли 2012, № 290
ш. Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 майи соли 2012, №290
Замима
...