Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявии мусоидати барӯйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2012, № 291

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 майи соли 2012, №291

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 майи соли 2012, №291

тасдиқ шудааст

Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявии мусоидати барӯйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи мазкур мақоми ҳуқуқӣ, тартиби таъсис ва фаъолияти Комиссияи ҷумҳуриявии мусоидати барӯйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд - Комиссия) муайян менамояд.

2. Комиссия мақоми ҳамоҳангсоз буда, бо мақсади роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии корҳои омодагӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

3. Комиссия фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.

2. Ҳайат ва ташкили фаъолияти Комиссия

4. Комиссия 40 аъзо, аз ҷумла Раис, муовин ва котиб дорад.

5. Ҷаласаҳои Комиссия ҳамон вақт баргузоргардида ҳисобида мешаванд, ки агар дар онҳо на камтар аз 50 фоизи ҳайат иштирок намоянд.

6. Қарори комиссия бо овоздиҳии на камтар аз се ду ҳиссаи иштирокчиёни ҷаласа қабул карда мешаванд.

...

Приложение 1

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 мая 2012 года, №291

Приложение 1

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 мая 2012 года, №291

Положение

о Республиканской комиссии по содействию переписи сельского хозяйства Республики Таджикистан

1. Общие положения

1. Настоящее Положение устанавливает правовой статус, порядок организации и деятельности Республиканской комиссии по содействию переписи сельского хозяйства (далее - Комиссия).

2. Комиссия является координирующим органом, создаваемым в целях руководства и координации работ по подготовке и проведению переписи сельского хозяйства в Республике Таджикистан.

3. Комиссия осуществляет свою деятельность на основе Конституции Республики Таджикистан, законов Республики Таджикистан, указов и распоряжений Президента Республики Таджикистан, постановлений и распоряжений Правительства Республики Таджикистан, международных нормативных правовых актов, признанных Таджикистаном и настоящим Положением.

2. Состав и организация деятельности Комиссии

4. Комиссия состоит из 40 членов, в том числе Председателя, заместителя и секретаря.

5. Заседания комиссии считаются состоявшимися, если в них участвуют не менее 50% состава.

...