Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2012, № 265 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, №308"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, №308

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, №308 тасдик шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар сархати якуми банди 3 пас аз калимаҳои "шаҳрвандони" калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷии" илова карда шаванд:

- сархати дуюм ва сеюми банди 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ба аспирантура аз рӯи ихтисосҳои тибби назариявӣ пас аз хатми донишгоҳи тиббӣ бо баҳои "хуб" ва "аъло" дохил шудан мумкин аст.

Ба аспирантура аз рӯи ихтисосҳои тибби клиникӣ баъди хатми ординатура, магистратура ва бо доштани на камтар аз се соли собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос дохил шудан мумкин аст";

- ба сархати якуми банди 4 баъд аз калимаи "мутахассис" калимаҳои "бо ду дона расми 4 x 6 см" илова карда шаванд;

- аз сархати ҳафтуми банди 4 калимаҳои "(барои шахсоне, ки имтиҳонҳои номзадиро супоридаанд, мӯҳлати супоридани онҳо набояд аз 5 сол зиёд бошад)" хориҷ карда шаванд;

- ба банди 4 сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- нусха аз дафтарчаи санҷишӣ (ё ин ки замима ба дипломи таҳсилоти олӣ);

- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ";

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 июля 2008 года, №308

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

В Положение о подготовке научных и научно-педагогических кадров в Республике Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 июля 2008 года, №308 внести следующие изменения и дополнения:

- абзац первый пункта 3 после слова "лица" дополнить словами "граждане Республики Таджикистан и иностранные граждане";

- абзацы второй и третий третьего пункта изложить в следующей редакции:

"В аспирантуру по специальностям теоретической медицины можно поступать после окончания медицинского университета с оценками "хорошо" и "отлично". В аспирантуру по специальностям клинической медицины можно поступать после окончания ординатуры. магистратуры и со стажем работы не менее 3 лет по специальности":

- абзац первый пункта 4 после слова "кадров" дополнить словами "с двумя фотографиями 4х6см";

- из седьмого абзаца пункта 4 исключить слова "(для лиц, сдавших кандидатские экзамены, срок их сдачи не должен превышать 5 лет)":

- пункт 4 дополнить новыми абзацами следующего содержания

"- выписка из зачетной книжки (или приложение к диплому о высшем образовании);

 - справка о состоянии здоровья;

- копия трудовой книжки";

- в пунктах 5 и 6 слова "история и философия науки" заменить, словом "философия"; - пункт 7 изложить в следующей редакции:

...