Оинномаи Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо" аз 30 апрели соли 2012, №204

Санаи амалкуни: 31.01.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2012, №204

тасдиқ шудааст

Бо қарори

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2012, №204

тасдиқ шудааст

Оинномаи Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2015 № 45)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2015 № 45)

I.Муқаррароти умумӣ

1. Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо" (минбаъд-Марказ) сохтори махсусгардонидашуда буда, татбиқи лоиҳаҳои "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо" ва "Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон"-ро дар асоси гранти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ, бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар ноҳияҳои Мӯъминобод, Шӯрообод, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик, Фархор, Восеъ ва ноҳияҳои дигаре, ки тибқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ё дигар созмонҳои байналмилалӣ муайян карда мешаванд, амалӣ менамояд.2. Марказ фаъолияти худро мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, талаботи Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ва ҳамин Оиннома амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2015 № 45).

3. Марказ шахси ҳуқуқӣ буда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амволи ҷудогона, тавозуни мустақил, дар муассисаҳои бонкӣ суратҳисоб бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, инчунин мӯҳр, штамп ва варақаҳо бо сабти номи худ дорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2015 № 45).

4. Номи Марказ:

бо забони тоҷикӣ: Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо";

бо забони русӣ: Государственное учреждение "Центр управления проектом "Развитие животноводства и пастбищ".

5. Марказ фаъолияти худро дар давраи амалишавии лоиҳаҳои "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо" ва "Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон" (минбаъд - лоиҳаҳо) анҷом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2015 № 45).

...

Утвержден

Постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 апреля 2012 года, №204

Утвержден

Постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 апреля 2012 года, №204

Устав Государственного учреждения "Центр управления проектом "Развитие животноводства и пастбищ"

(в редакции постановления Правительства РТ от 31.01.2015г. № 45)

(в редакции постановления Правительства РТ от 31.01.2015г. № 45)

I. Общие положения

1. Государственное учреждение "Центр управления проектом "Развития животноводства и пастбищ" (далее - Центр), являясь специализированной структурой, осуществляет реализацию проектов "Развитие животноводства и пастбищ" и "Повышение уровня жизни в Хатлоне" на основе гранта Международного фонда развития сельского хозяйства, с целью улучшения уровня жизни населения в Муминабадском, Шуроободском, Ховалингском, Бальджуванском районах, районе Темурмалик, Фархорском, Восейском районах и других районах, определяемых в соответствии с Соглашением между Правительством Республики Таджикистан и Международным фондом развития сельского хозяйства или другими международными о рганиз ациями (в редакции постановления Правительства РТ от 31.01.2015г. № 45).

2. Центр осуществляет свою деятельность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан, другими нормативными правовыми актами, международными правовыми актами, ратифицированными Республикой Таджикистан, требованиями Международного фонда развития сельского хозяйства и настоящим Уставом.

3. Центр является юридическим лицом и в соответствии с законодательством Республики Таджикистан обладает отдельным имуществом, самостоятельным балансом, расчетными счетами в национальные деньги и иностранной валюте в банковских учреждениях, а также печатью, штампами и бланками со своим названием (в редакции постановления Правительства РТ от 31.01.2015г. № 45).

4. Название Центра:

на таджикском языке: Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоихаи "Рушди чорводорй ва чарогоххо";

на русском языке: Государственное учреждение "Центр управления проектом "Развитие животноводства и пастбищ".

...