Бо Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 майи соли 2012, №759
тасдиқ карда шудааст
ПРОТОКОЛ
оид ба ворид намудани тағйирот ба Ахдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992
Давлатҳои аъзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (минбаъд-Аҳднома), ки 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошкент имзо шуда, 20 апрели соли 1994 эътибор пайдо кардааст ва Протокол оид ба тамдиди Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992, ки дар шаҳри Москва 2 апрели соли 1999 имзо шуда, 22 марти соли 2000 эътибор пайдо кардааст,
бо дарназардошти кӯшишҳои рушди ҳамкориҳо дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ,
мутобиқи моддаи 9 Аҳднома,
ба мувофиқаи зайл расиданд:
1. Ба Аҳднома тағйироти зерин ворид карда шавад:
а) сархати дуюми моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад: "Ҳангоми ба вуҷуд омадани хавфи амният, устуворӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти як ё якчанд давлатҳои аъзо ё хатари сулҳу амнияти байналмилалӣ, давлатҳои аъзо фавран механизми машваратҳои муштаракро бо мақсади мувофиқ намудани мавқеъҳои худ ба кор андохта, ҷиҳати расонидани кӯмак ба чунин давлатҳои аъзо бо мақсади бартараф намудани хатари бавуҷудомада тадбирҳоро таҳия ва амалӣ менамоянд";
б) дар моддаи 3 калимаҳои "ва фармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил" хориҷ карда шавад;
в) моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
...