Бо Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 майи соли 2012, № 749
тасдиқ шудааст
Созишнома дар бораи ташкили фаъолияти навбатдории нерӯҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳангоми гирифтани иттилоот дар бораи ғасби (рабудани) ҳавопаймо
Давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,
аҳамияти муҳими таҳкими ҳамкориҳои ҳарбӣ дар соҳаи ҳифз ва истифодаи фазои ҳавоиро таъкид намуда,
бо мақсади таъмини бехатарии истифодаи фазои ҳавоӣ, мухолифат ба терроризм ва таъмини бархурди ягона нисбати ташкили фаъолияти навбатдории нерӯҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатхои Мустақил оид ба мудофиаи зиддиҳавоӣ (минбаъд - МЗҲ), ҳангоми гирифтани иттилоот дар бораи ғасби (рабудани) воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ,
ба мувофиқаи зайл расиданд:
Моддаи 1
Тарафҳо дар ташкили фаъолияти навбатдории нерӯҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба МЗҲ, ҳангоми гирифтани иттилоот дар бораи ғасби (рабудани) ҳавопаймо ва пешгирии амалҳои террористӣ бо истифодаи ҳавопаймо дар фазои ҳавоӣ тибқи Низомномаи тартиби фаъолияти навбатдории нерӯҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мудофиаи зиддиҳавоӣ, ҳангоми гирифтани иттилоот оид ба тахдиди содиршавии амали террористӣ дар фазои ҳавоӣ ва (ё) дар бораи ғасби (рабудани) ҳавопаймо, ки қисми ҷудонашавандаи Созишномаи мазкур мебошад, ҳамкорӣ менамоянд.
Моддаи 2
Тарафҳо мақомоти ваколатдори масъулро ҷиҳати иҷрои Созишномаи мазкур муаяйн намуда, дар ин бора маҳфуздорандаро ҳангоми супоридани огоҳиномаи дахлдор оид ба иҷрои расмиёти зарурии дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд ё хуҷҷат оид ба ҳамроҳшавӣ хабардор менамоянд.
Моддаи 3
...