Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, № 825 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 176) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Номи Қонун ва бобҳои он бо ҳарфҳои калон навишта шаванд.

2. Дар муқаддима калимаҳои "иҷтимою иқтисодӣ ва фаъолиятро" ба калимаҳои "иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини фаъолиятро" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 1:

- сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

" - тарбияи ҷисмонӣ - қисми таркибии фарҳанг ва соҳаи фаъолияти иҷтимоӣ буда, аз маҷмӯи арзишҳои маънавӣ ва моддии дар ҷомеа бавуҷудомада ва истифодашаванда иборат аст, ки ба таҳкими саломатӣ, инкишофи қобилияти ҷисмонии инсон, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим равона гардидааст;";

- дар сархати ҳаштум калимаҳои "шахси ҳуқуқии дорои шаклҳои гуногуни" ба калимаҳои "шахси ҳуқуқӣ новобаста аз шакли" иваз карда шаванд;

- сархатҳои чордаҳум, понздаҳум ва шонздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш (минбаъд - мақомоти ваколатдори давлатӣ) - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаи идоракунии давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш амалӣ менамояд;

- намудҳои варзиши миллӣ - қисми таркибии тарбияи ҷисмонӣ, ки таърихан дар шакли фаъолияти мусобиқавӣ ба вуҷуд омада, аз намудҳои гуногуни машқҳои ҷисмонӣ ва бозиҳои ба худ хоси халқӣ бо қоида ва тарзи махсуси ташкилии фаъолии ҷисмонӣ иборат аст;

- мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ - мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш дар байни варзишгарон (тимҳо) бо иштироки намояндагони на камтар аз панҷ давлат;".

4. Дар моддаи 3:

- дар сархати якум калимаҳои "мақомоти худидоракунии маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ФИЗИЧЕСКОЙ КУЛЬТУРЕ И СПОРТЕ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 5 марта 2007 года "О физической культуре и спорте" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2007 г., №3, ст. 176) следующие изменения и дополнения:

1. Название Закона и его главы написать прописными буквами.

2. В преамбуле слова "социально - экономические основы и деятельность" заменить словами "социально -экономические основы и обеспечение деятельности".

3. В статье 1:

- абзац первый изложить в следующей редакции:

"- физическая культура - составная часть культуры и сферы социальной деятельности, состоящая из комплекса духовных и материальных ценностей, созданных и используемых обществом, направленная на укрепление здоровья, развитие физических способностей человека, а также пропаганду здорового образа жизни;";

- в абзаце восьмом слова "юридические лица различных" заменить словами "юридические лица, независимо от";

- дополнить абзацами четырнадцатым, пятнадцатым и шестнадцатым следующего содержания:

"- уполномоченный орган в области физической культуры и спорта (далее - уполномоченный государственный орган) - центральный исполнительный орган государственной власти Республики Таджикистан, осуществляющий функции государственного управления и координации деятельности в области физической культуры и спорта;

- национальные виды спорта - исторически сложившаяся составная часть физической культуры в форме соревновательной деятельности, состоящая из различных видов физических упражнений и специфических народных игр с особыми правилами и организационными способами физической активности;

- международные спортивные соревнования - соревнования по различным видам спорта среди спортсменов (команд) с участием представителей не менее пяти государств;".

4. В статье 3:

- в абзаце первом слова "органов местного самоуправления" заменить словами "органов самоуправления посёлков и сёл";

...