ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ РЕКЛАМА"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 "Дар бораи реклама" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8, мод. 457; с. 2007, №7, мод. 432; с. 2008, №10, мод. 824) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Матни пеш аз моддаи 1 ҳамчун муқаддима пеш аз калимаҳои "БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ" навишта шуда, дар он калимаҳои "муҳити зист ё иззати нафс, шараф ё шӯҳрати меҳнатии" ба калимаҳои "тарзи ҳаёт, шаъну шараф ё эътибори кории", калимаи "қатъ" ба калимаи "манъ" ва калимаи "амволи" ба калимаҳои "молу мулки" иваз карда шаванд.
2. Рақамгузории бобҳо ба рақамҳои арабӣ иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 2:
- дар сархати сеюм калимаи "аксулреклама" ба калимаҳои "рекламаи мутақобил" иваз карда шавад;
- сархати чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"рекламадиҳанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки бо фармоиши он реклама таҳия ва паҳн карда мешавад;";
- дар сархати шашум калимаи "амвол" ба калимаҳои "молу мулк" иваз карда шавад;
- сархати даҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"рекламаи иҷтимоӣ - рекламаи ғайритиҷоратӣ, ки дар он тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатӣ, ҳифзи табиат, амнияти аҳолӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ифода шудааст;";
- дар сархати сенздаҳум калимаи "саҳмгузорӣ" ба калимаи "сарпарастӣ", калимаи "саҳмгузор" ба калимаи "сарпараст" ва калимаи "амвол" ба калимаҳои "молу мулк" иваз карда шаванд;
- сархати чордаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"саҳми сарпарастӣ - пардохт барои реклама аз ҷониби сарпараст (рекламадиҳанда) ба кӯмакгиранда (паҳнкунандаи реклама).".
...