ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2; мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430; мод. 431; №7-8, мод. 610; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2011, №774), тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 332 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 332. Идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ
Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ, инчунин вогузоштани идораи воситаҳои нақлиёт ба шахсе, ки дар ҳолати мастӣ қарор дорад,-
маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати ду сол таъйин карда мешавад.".
2. Дар моддаи 337:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои "даҳ то бист" ба калимаҳои "сӣ то панҷоҳ" иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои "бист то сӣ" ба калимаҳои "панҷоҳ то ҳафтод" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 339:
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои "ду то се" ба калимаҳои "се то панҷ" иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои "се то панҷ" ба калимаҳои "панҷ то ҳафт" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
16 апрели соли 2012 № 806
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 1 феврали соли 2012, № 674
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 29 марти соли 2012 № 279
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ
Статья 1. Внести в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №12, ч. 1, ст. 990; 2009 г., №5, ст. 321; №9-10, ст. 543; 2010 г., №1, ст. 2; ст. 5; №3, ст. 153; №7, ст. 547; №12, ч. 1, ст. 812; 2011 г., №6, ст. 430; ст. 431; №7-8, ст. 610; Закон Республики Таджикистан от 26 декабря 2011 года, №774), следующие изменения:
1. Статью 332 изложить в следующей редакции:
"Статья 332. Управление транспортными средствами в состоянии опьянения
Управление транспортными средствами в состоянии опьянения, а также передача управления транспортным средством лицу, находящемуся в состоянии опьянения,
влечет лишение права управления транспортными средствами сроком на два года.".
2. В статье 337:
- в санкции части 1 слова "десяти до двадцати" заменить словами "тридцати до пятидесяти";
- в санкции части 2 слова "двадцати до тридцати" заменить словами "пятидесяти до семидесяти".
3. В статье 339:
- в санкции части 1 слова "двух до трех" заменить словами "трех до пяти";
- в санкции части 2 слова "трех до пяти" заменить словами "пяти до семи".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
16 апреля 2012 года, №806
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш. Зухуров
г. Душанбе, 1 февраля 2012 года, №674
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 29 марта 2012 года, №279