Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои таъиноти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
Мутобиқи моддаҳои 88 ва 89 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 апрели соли 2012 масъалаҳои таъиноти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба тобеияти Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳамчун мақоми ваколатдор гузаронида шавад.
2. Аз 1 аирели соли 2012 дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо Сарраёсат, Раёсат ва шӯъбаҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барҳам дода шуда, шӯъбаю бахшҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шаванд.
3. Шумораи воҳидҳои корӣ вобаста ба таъсиси шӯъбаю бахшҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо мувофиқи замимаи 1 тасдиқ карда шаванд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №115 "Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" лоиҳаи санади дахлдорро таҳия ва пешниҳод намоянд.
5. Меъёрҳои муайянкунии воҳидҳои корӣ оид ба таъиноти нафақа барои мақомоти маҳаллии Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мувофиқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.
6. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо:
- аз 1 апрели соли 2012 дар давоми 3 моҳ супоридан ва қабули асноди нафақавии нафақахӯрон ва ҳуҷҷатҳои дар истеҳсолоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бударо анҷом диҳанд;
- маҳалли ҷойгиршавии мақомоти меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба таъини нафақаро бетағйир монда, тибқи тартиби муқарраргардида бароварди хароҷот, молу мулк ва дигар лавозимотеро, ки барои истифода дар фаъолияти мақомоти меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба таъини нафақа пешбинӣ шудаанд, ба мақомоти маҳаллии Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоранд.
7. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №103 "Дар бораи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- Сохтори Дастгоҳи марказии Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 103 тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав мувофиқи замимаи 3 тасдиқ карда шавад;
- дар банди 2 рақамҳои "390" ва "53" мутаносибан ба рақамҳои "812" ва "69" иваз карда шаванд;
- ба Низомномаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №103 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
а) дар банди 1 пас аз калимаҳои "суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа" калимаҳои "инчунин таъин ва пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо" илова карда шаванд;
б) ба банди 6 сархатҳои нав бо таҳрири зайл илова карда шаванд: "-шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагони шахсони ҳуқуқии хориҷиро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" ба қайд мегирад;
- шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро, ки нисбати онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" татбиқ намегардад ва ба бояд суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (нафақавӣ) фаро гирифта шаванд, аз қайд мегузаронад, ба ҳисоб мегирад, ба онҳо шаҳодатномаи суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) ва рақами инфиродии суғуртавӣ медиҳад";
- таъини нафақаҳоро дар асоси маълумоти баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоӣ амалӣ менамояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорони инфиродӣ кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ таъин ва пардохт менамояд;
- ҳамкории мутақобилаи иттилоотиро бо мақомоти андоз дар масъалаҳои бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ", пардохти андози иҷтимоӣ, бақияпулиҳо, қарздорӣ ва барҳамдиҳӣ ҷиҳати баҳисобгирии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва нафақавии шахсони суғурташуда ва таъиноти пардохтҳои иҷтимоӣ ба онҳоро ба роҳ мемонанд";
в) дар банди 7:
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои тобеъро амалӣ менамоянд";
- сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- мақомоти ҳамоҳангсозӣ ва машваратиро (шӯроҳо, комиссияҳо ва гурӯҳҳои машваратӣ) дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият созмон медиҳад";
г) дар банди 9 сархати понздаҳум дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"-роҳбарони сохторҳои маҳаллии агентиро тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ва нисбати онҳо муҷозоти интизомӣ татбиқ менамояд";
- сархати понздаҳум мутаносибан сархати шонздаҳум ҳисобида шавад;сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"-ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамо оиди талаботи зарурии маблағҳо ҷиҳати маблағгузории пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ барои давраҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат пешниҳод менамояд";
д) дар банди 11 калимаҳои "Шотемур 27" ба калимаҳои "Борбад- 71" иваз карда шавад.
8. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикстон таклиф пешниҳод карда, санадҳои худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 марти соли 2012 № 62
ш. Душанбе
Ниг.ба Замимаи № 1
Ниг.ба Замимаи № 2
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" марти 2012, № 62
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
Роҳбарият
Раёсати баҳисобгирии инфиродӣ ва суғуртаи нафақавӣ
Раёсати технологияи иттилоотӣ
Раёсати танзими ҳуқуқӣ ва сиёсати кадрӣ
Раёсати аудити ҳуқуқӣ ва молиявӣ
Раёсати тарҳрезии буҷет, ҳисоббарии актуарӣ
Раёсати таҳлили талаботи нафақа, андӯхти нафақавӣ ва кӯмакпулиҳо
Раёсати ҳисобдории марказонидашуда
Раёсати корҳо