Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 № 62 "Дар бораи масъалаҳои таъиноти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи масъалаҳои таъиноти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Мутобиқи моддаҳои 88 ва 89 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 апрели соли 2012 масъалаҳои таъиноти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба тобеияти Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳамчун мақоми ваколатдор гузаронида шавад.

2. Аз 1 аирели соли 2012 дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо Сарраёсат, Раёсат ва шӯъбаҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барҳам дода шуда, шӯъбаю бахшҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шаванд.

3. Шумораи воҳидҳои корӣ вобаста ба таъсиси шӯъбаю бахшҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо мувофиқи замимаи 1 тасдиқ карда шаванд.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №115 "Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" лоиҳаи санади дахлдорро таҳия ва пешниҳод намоянд.

5. Меъёрҳои муайянкунии воҳидҳои корӣ оид ба таъиноти нафақа барои мақомоти маҳаллии Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мувофиқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.

6. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо:

- аз 1 апрели соли 2012 дар давоми 3 моҳ супоридан ва қабули асноди нафақавии нафақахӯрон ва ҳуҷҷатҳои дар истеҳсолоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бударо анҷом диҳанд;

- маҳалли ҷойгиршавии мақомоти меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба таъини нафақаро бетағйир монда, тибқи тартиби муқарраргардида бароварди хароҷот, молу мулк ва дигар лавозимотеро, ки барои истифода дар фаъолияти мақомоти меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба таъини нафақа пешбинӣ шудаанд, ба мақомоти маҳаллии Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоранд.

7. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №103 "Дар бораи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- Сохтори Дастгоҳи марказии Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 103 тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав мувофиқи замимаи 3 тасдиқ карда шавад;

- дар банди 2 рақамҳои "390" ва "53" мутаносибан ба рақамҳои "812" ва "69" иваз карда шаванд;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О вопросах назначения пенсий гражданам Республики Таджикистан со стороны Государственного агентства социального страхования и пенсий

В соответствии со статьями 88 и 89 Закона Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении граждан Республики Таджикистан" и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. С 1 апреля 2012 года передать решение вопросов назначения пенсий гражданам Республики Таджикистан от местных исполнительных органов государственной власти во ведение Государственного агентства социального страхования и пенсий как уполномоченному органу.

2. В структуре исполнительных органов государственной власти ГорноБадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов с 1 апреля 2012 года упразднить Главное управление, Управление и отделы труда социальной защиты населения и создать отделы и сектор труда и социальной защиты населения.

3. Утвердить численность штатных единиц в связи с созданием отделов и секторов труда и социальной защиты населения в структуре исполнительных органов государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, г. Душанбе, городов и районов согласно приложению 1.

4. Министерству финансов Республики Таджикистан и Управлению государственной службы при Президенте Республики Таджикистан в установленном порядке разработать и представить проект соответствующего акта по внесению изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2011 года, №115 "О положении и типовой структуре аппарата председателя, местных исполнительных органов государственной власти, органов самоуправления поселков и сёл и лимитах численности государственных служащих местных исполнительных органов государственной власти".

5. Утвердить нормативы определения штатных единиц по назначению пенсий для местных органов Агентства социального страхования и пенсий согласно приложению 2.

6. Исполнительным органам государственной власти ГорноБадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов:

- с 1 апреля 2012 года в течение 3 месяцев завершить прием-передачу пенсионных дел и документов, находящихся в производстве местных исполнительных органов государственной власти;

- месторасположение органов занятости и социальной защиты населения по назначению пенсий оставить без изменений, в установленном порядке, смету расходов, имущество и другие принадлежности, которые предусматривались для пользования в деятельности органов труда и социальной защиты населения по назначению пенсий, передать местным органам Государственного агентства социального страхования и пенсий Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

7. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2007 года, №103 "Об Агентстве социального страхования и пенсий" следующие изменения и дополнения:

- утвердить в новой редакции Структуру Центрального аппарата Агентства социального страхования и пенсий, утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2007 года, №103 в соответствии с приложением 3;

- в пункте 2) цифры "390" и "53" заменить соответственно цифрами "812" и "69";

...