Қарор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2011 № 681 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004, № 9"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004, № 98

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомнома дар бораи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар тендерҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004, № 98 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

дар банди 1 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- объекти иҷтимоие, ки ба моликияти давлатӣ мансуб буда, дар баланси ҷамъияти саҳомии хусусигардида қарор дорад (минбаъд -объекти иҷтимоӣ) иншооти соҳаи маориф, тандурустӣ, истироҳатгоҳҳо ва маҷмааҳои варзишии мансуб ба моликияти давлатӣ, ки дар тавозуни ҷамъиятҳои саҳомии хусусигардида қарор доранд ва тавассути тендери сармоягузорӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯш бароварда мешаванд";

- дар сархати нӯҳуми банди 1 ва минбаъд дар тамоми матни Низомнома калимаи "корхона" ба калимаи "объект" иваз карда шавад;

- дар сархати нуздаҳуми банди 1 баъди калимаҳои "алоҳидаи корхонаҳои давлатӣ" калимаҳои "объекти иҷтимоӣ" илова карда шаванд;

- дар банди 5 калимаҳои "Пешниҳодоти молиявии" ба калимаҳои "Маблағи сармоягузории" иваз карда шуда, сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ҳангоми дар тендери сармоягузорӣ ба фурӯш баровардани объекти иҷтимоӣ, маблағи сармоягузории иштироккунандагони тендер бояд на камтар аз 50 фоизи нархи ибтидоии объектро ташкил диҳад".

Банди 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"12. Барои гузаронидани тендери сармоягузорӣ фурӯшанда дар ҳайати 9 нафар комиссия ташкил медиҳад, ки ба он намояндагони мақомоти зерин дохил карда мешаванд:

- фурӯшанда;

- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 марта 2004 года, №98

В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

В Положение о порядке продажи объектов государственной собственности на тендерах, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 марта 2004 года, №98, внести следующие изменения и дополнения:

- пункте 1 дополнить новым абзацем следующего содержания:

"- социальный объект, относящийся к государственной собственности и находящийся на балансе приватизированного акционерного общества (далее - социальный объект) - объекты сферы образования, здравоохранения, дома отдыха и спортивные комплексы, относящиеся к государственной собственности и находящиеся на балансе приватизированных акционерных обществ, выставляемые на продажу на инвестиционном тендере со стороны государственного уполномоченного органа по управлению государственным имуществом Республики Таджикистан";

- в девятом абзаце пункта 1 и далее во всём тексте Положения слово "предприятие" заменить словом "объект";

- девятнадцатом абзац пункта 1 после слов "единицы государственных предприятий" дополнить словами "социальный объект";

- в пункте 5 слова "Финансовое предложение" заменить словами "Сумма инвестиций" и добавить новый абзац в следующей редакции:

"При выставлении на продажу социального объекта на инвестиционном тендере, сумма инвестиций участников тендера должна составлять не менее 50 процентов от стартовой стоимости объекта".

Пункт 12 изложить в следующей редакции:

"12. Для проведения инвестиционного тендера продавец формирует комиссию в составе 9 человек, в которую входят представители следующих ведомств:

- продавца;

- Министерства юстиции Республики Таджикистан;

...