Тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар АЗ 30 ДЕКАБРИ СОЛИ 2011 № 662

Санаи амалкуни: 20.08.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" декабри соли 2011 № 662

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" декабри соли 2011 № 662

тасдиқ шудааст

Тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66), аз 30.03.2016 № 125, аз 20.08.2018 № 433, аз 28.02.2025 № 140

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66), аз 30.03.2016 № 125, аз 20.08.2018 № 433, аз 28.02.2025 № 140

1) Тартиби мазкур мутобиқи қисми 7 моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" бо мақсади ба танзим даровардани раванди гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳия гардидааст.

2) Гирифтани таълими динӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти олии динӣ танҳо баъд аз гирифтани таҳсилоти динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо розигии хаттии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ ба роҳ монда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2016 № 125, аз 20.08.2018 № 433, аз 28.02.2025 № 140).

3) Қабули шаҳрвандон ба муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷӣ бо пешниҳоди Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумаги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ дар асоси озмун ба роҳ монда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2016 № 125, аз 20.08.2018 № 433аз 28.02.2025 № 140).

4) Интихоби кишварҳо, муассисаҳои таълими динӣ ва ҳиссаҳо (квотаҳо) барои гирифтани таълими динӣ, бо назардошти созишномаҳои байниҳукуматӣ, ки мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидаанд, амалӣ карда мешавад.

5) Барои ба роҳ мондани гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистои дар хориҷи кишвар Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои чунин корҳоро ба анҷом мерасонанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2016 № 125, аз 20.08.2018 № 433аз 28.02.2025 № 140):

- муайян намудани номгӯи равияҳо, ихтисосҳо, муассисаҳои таълими динии хориҷӣ ва тартиб додани харҷномаҳо барои тайёр намудаии мутахассисон дар онҳо аз хисоби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" оид ба тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ, маблағҳои махсуси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағҳои махсуси муассисаҳои таълими динии Тоҷикистон, бо назардошти манфиатҳои миллӣ давлат дар ҳамкорӣ бо Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66), аз 30.03.2016 № 125, аз 20.08.2018 № 433аз 28.02.2025 № 140).

- назорати масъалаҳои интихоб, қабул ва фиристодани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба муассисаҳои таълими динии давлатҳои хориҷӣ, ҳамчунин таҳияи низомнома ва хайати комиссияи қабул дар якҷоягӣ бо Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлтҳои хориҷӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66);

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "30" декабря 2011 года №662

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "30" декабря 2011 года №662

Порядок получения религиозного образования граждан Республики Таджикистан за рубежом

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66, от 30.03.2016г.№125, от 20.08.2018г.№433, от 28.02.2025 №140)

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66, от 30.03.2016г.№125, от 20.08.2018г.№433, от 28.02.2025 №140)

1) Настоящий Порядок разработан в соответствии с частью 7 статьи 8 Закона Республики Таджикистан "О свободе совести и религиозных объединениях", с целью урегулирования процесса получения религиозного образования гражданами Республики Таджикистан за рубежом.

2) Получение религиозного образования за рубежом, в том числе в высших религиозных учебных заведениях, осуществляется только после получения религиозного образования в Республике Таджикистан с письменного согласия Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан и Республиканской комиссии по отбору и подготовке кадров в высших образовательных и научных учреждениях зарубежных государств.

3) Прием граждан в зарубежные учреждения религиозного образования осуществляется Комитет по религии, упорядочению торжеств и обрядов при Правительстве Республики Таджикистан по согласованию с Республиканской комиссией по отбору и подготовке кадров в высших образовательных и научных учреждениях зарубежных государств путем проведения конкурса (в редакции постановления Правительства РТ от 30.03.2016г.№125, от 20.08.2018г.№433, от 28.02.2025 №140).

4) Выбор стран учреждений религиозного образования и квот, выделяемых для получения религиозного образования, осуществляется с учетом межправительственных соглашений, подписанных соответствующими государственными уполномоченными органами согласно законодательству страны.

5) Для организации получения религиозного образования гражданами Республики Таджикистан за рубежом Министерство иностранных дел Республики Таджикистан и Комитет по религии, упорядочению торжеств и обрядов при Правительстве Республики Таджикистан осуществляют следующие задачи (в редакции постановления Правительства РТ от 30.03.2016г.№125, от 20.08.2018г.№433, от 28.02.2025 №140):

- определение перечня направлений, специальностей, зарубежных учреждений религиозного образования и составление смет расходов для подготовки специалистов в них за счет Международной Президентской стипендии "Дурахшандагон" для подготовки специалистов в зарубежных странах, специальных средств Комитет по религии, упорядочению торжеств и обрядов, специальных средств религиозных образовательных учреждений Республики Таджикистан, исходя из национальных интересов государства, совместно с Республиканской комиссией по отбору и подготовке кадров в высших образовательных и научных учреждениях зарубежных государств, Министерством образования и науки  Республики Таджикистан, Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан и Центром исламоведения при Президенте Республики Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66, от 30.03.2016г.№125, от 20.08.2018г.№433, от 28.02.2025 №140);

- контроль вопросов подбора, приема и направления граждан Республики Таджикистан для обучения в религиозные образовательные учреждения зарубежных стран, а также разработка положения и состав приемной комиссии совместно с Республиканской комиссией по отбору и подготовке кадров в высших образовательных и научных учреждениях зарубежных государств и Министерством образования и науки Республики Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66);

...