ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5; с. 2010, №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12 қ. 1, мод. 812; соли 2011, №6, мод. 430; мод. 431; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №756), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 486:
- дар номи модда калимаҳои "бақайдгирӣ, кушодан ва истифодаи" ба калимаҳои "пешбурди фаъолияти" иваз карда шаванд;
- дар қисми 1 калимаҳои "бақайдгирӣ, кушодани" ба калимаҳои "пешбурди фаъолияти" иваз карда шаванд.".
2. Ба моддаи 504 пас аз калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои ", ба истиснои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" илова карда шаванд.
3. Моддаи 601 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 601. Риоя накардани мӯҳлати муқарраршудаи пешниҳоди эъломияҳо ва ҳисоботи андоз
1. Барои риоя накардани мӯҳлати муқарраршудаи пешниҳоди эъломияҳои андоз, ҳисоботи андоз ва (ё) дигар намудҳои ҳисоботи марбут ба андоз, яъне ба таъхир гузоштан дар муддати то 10 рӯзи корӣ, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони мансабдор аз панҷ то ҳафт, ба шахсони ҳуқуқӣ аз даҳ то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда дар муддати аз 10 то 30 рӯзи корӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ, ба шахсони ҳуқуқӣ аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
3. Барои содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда дар муддати зиёда аз 30 рӯзи корӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони мансабдор аз даҳ то сӣ, ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
4. Дар моддаи 603:
- ба қисми 1 пас аз калимаҳои "то 30 рӯз" калимаҳои "ба истиснои шахсоне, ки таҳти амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" қарор мегиранд" илова карда шаванд;
- аз санксияҳои қисмҳои 1, 2 ва 3 калимаҳои "ба соҳибкорони инфиродӣ - аз панҷ то даҳ,", "ба соҳибкорони инфиродӣ - аз ҳафт то понздаҳ," ва "ба соҳибкорони инфиродӣ - аз понздаҳ то бист," хориҷ карда шаванд.
5. Моддаи 603(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 603(1). Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ
1. Барои ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди маълумоти носаҳеҳ оид ба шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ вобаста ба қабули қарор дар бораи барҳамдиҳӣ ё азнавташкилдиҳӣ ва (ё) ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маълумоти дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавҷудбуда, дар сурате, ки пешниҳоди чунин маълумот ҳатмист,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то се, ба шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ, ба соҳибкорони инфиродӣ аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти бардурӯғ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ, ки пас аз анҷоми марҳилаи бақайдгирии давлатӣ ошкор гардидааст, ҳангоми набудани аломати ҷиноят,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродӣ аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
3. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродӣ аз сӣ то сию панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
4. Барои фаъолият намудани шахсони ҳуқуқӣ бе ҳуҷҷатҳои таъсисии шакли муайяннамудаи қонунгузорӣ ва бидуни низомнома фаъолият намудани филиал ё намояндагии шахсони ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар мӯҳлати зиёда аз як моҳи баъди бақайдгирии давлатӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони ҳуқуқӣ ва филиал ё намояндагии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
6. Дар моддаи 604:
- ба номи модда ва қисми 1 пас аз калимаҳои "ё нодуруст нишон додани" калимаҳои "рақами ягонаи мушаххас ва" илова карда шаванд;
- ба қисми 3 пас аз калимаҳои "зикр накардани" калимаҳои "рақами ягонаи мушаххас ва" илова карда шаванд;
- қисмҳои 4 ва 5 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"4. Барои анҷом додани амалҳои (амалиёти, аҳдҳои) муқаррарнамудаи қонунгузории андоз бе талаб намудани рақами мушаххаси андозсупоранда,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
5. Барои дарҷ накардани рақами мушаххаси андозсупоранда дар муросилот бо мақомоти андоз ва қарордодҳои (шартномаҳои) тиҷоратӣ,
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
7. Дар моддаи 606:
- ба номи модда ва қисми 2 пас аз калимаҳои "андоз аз арзиши иловашуда" калимаҳои "ва аксизҳо" илова карда шаванд;
- ба диспозитсияи қисми 3 пас аз калимаҳои "қарор надорад," калимаҳои "ҳангоми набудани аломати ҷиноят," илова карда шаванд;
- дар санксияи қисми 3 калимаҳои "бист фоизи" ба калимаҳои "сад фоизи" иваз карда шаванд.
8. Дар номи моддаи 610 калимаҳои "аз ҳисоби шахсони сеюм" ба калимаҳои "аз суратҳисоби андозсупоранда ва ё суратҳисоби шахсони сеюм" иваз карда шаванд.
9. Матни моддаи 611 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Барои сари вақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, монеъ шудан ё рад кардани талаботи қонунии мақомоти андоз вобаста ба пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо, ҳисобот ё дигар иттилоот, ки барои гузаронидани санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ марбут аст,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба соҳибкорони инфиродӣ аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
10. Дар моддаи 615:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои "аз ҳафт то даҳ" ба калимаҳои "аз даҳ то бист" ва калимаҳои "аз сад то дусад" ба калимаҳои "аз панҷоҳ то сад" иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои "аз понздаҳ то бист" ба калимаҳои "аз бист то чил" ва калимаҳои "аз дусад то сесад" ба калимаҳои "аз сад то дусад" иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 617:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 617. Соҳибкории ғайриқонунӣ";
- дар диспозитсияи модда калимаи "бақайдгирӣ" ба калимаҳои "бақайдгирии давлатӣ" иваз карда шавад.
12. Дар моддаи 697:
- аз қисмҳои 1 ва 2 рақами "138," хориҷ карда шавад;
- аз сархати чоруми қисми 2 калимаҳои "сардори хадамоти муҳоҷират ва муовинони ӯ, сардорони хадамоти муҳоҷирати ВМКБ, вилоятҳо, инчунин" хориҷ карда шаванд.
13. Ба Кодекс моддаи 697(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 697(1). Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаи 138 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, баррасӣ менамояд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъйини ҷазои маъмурӣ аз номи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти муҳоҷират, муовинони ӯ ва сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳуқуқ доранд.".
14. Дар қисми 2 моддаи 727 калимаҳои "раёсати андозсупорандагони азим" ба калимаҳои "раёсат, шӯъбаҳо ва бахшҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, нозироти андозсупорандагони калон ва шӯъбаҳои минтақавии он" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
26 декабри соли 2011 № 774
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 16 ноябри соли 2011, № 567
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвай-ронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 15 декабри соли 2011 № 225
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ
Статья 1. Внести в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №12, ч.1, ст. 989; ст. 990; 2009 г., №5, ст. 321, №9-10, ст. 543; 2010 г., № 1, ст. 2; ст. 5; 2010 г., №3, ст. 153, №7, ст. 547, №12, ч.1, ст. 812; 2011 г., №6, ст. 430; ст. 431; Закон Республики Таджикистан от 2 августа 2011 г., №756), следующие изменения и дополнения:
1. В названии и части 1 статьи 486 слова "регистрации, открытия и использования" заменить словами "осуществления деятельности".
2. Статью 504 после слов "Республики Таджикистан," дополнить словами "за исключением Закона Республики Таджикистан "О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей,".
3. Статью 601 изложить в следующей редакции:
"Статья 601. Несоблюдение установленных сроков представления деклараций и налоговых отчетов
1. Несоблюдение установленных сроков представления налоговых деклараций, отчетов по налогам и других видов налоговой отчетности, то есть задержка в течение до 10 рабочих дней,-
влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от одного до трёх, на индивидуальных предпринимателей и должностных лицот пяти до семи, на юридические лица - от десяти до тридцати показателей для расчетов.
2. Совершение действия, предусмотренного частью первой настоящей статьи, в течение от 10 до 30 рабочих дней,-
влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от трех до пяти, на индивидуальных предпринимателей и должностных лиц - от семи до десяти, на юридические лица - от тридцати до пятидесяти показателей для расчетов.
3. Совершение действия, предусмотренного частью первой настоящей статьи, в течение более 30 рабочих дней,-
влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от пяти до десяти, на индивидуальных предпринимателей и должностных лиц - от десяти до тридцати, на юридические лица - от пятидесяти до ста показателей для расчетов.".
4. В статье 603:
- часть 1 после слов "до 30 дней" дополнить словами ", за исключением лиц, подпадающих под действие Закона Республики Таджикистан "О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей";
- из санкции частей 1, 2 и 3 исключить слова "на индивидуальных предпринимателей - от пяти до десяти,", "на индивидуальных предпринимателей - от семи до пятнадцати," и "на индивидуальных предпринимателей - от пятнадцати до двадцати,".
5. Кодекс дополнить статьей 603(1) следующего содержания:
"Статья 603(1). Нарушение требований законодательства Республики Таджикистан о государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей
1. Непредставление, своевременное непредставление или представление органу, осуществляющему регистрацию, недостоверных сведений о юридическом лице, индивидуальном предпринимателе, филиале и представительстве иностранного юридического лица, связанных с принятием решения о ликвидации или реорганизации или внесении изменений и дополнений в существующий Единый государственный реестр юридических лиц и индивидуальных предпринимателей в случаях, если представление таких сведений обязательно,-
влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от двух до трех, на должностных лиц от пяти до десяти, на индивидуальных предпринимателей от десяти до пятнадцати и на юридические лицаот двадцати до тридцати показателей для расчетов.
2. Представление регистрирующему органу документов, содержащих ложную информацию, выявленную после окончания стадии государственной регистрации, при отсутствии признаков преступления,-
влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от пяти до семи, на должностных лиц - от десяти до двадцати, на индивидуальных предпринимателей от двадцати до тридцати и на юридические лица - от сорока до пятидесяти показателей для расчетов.
3. Совершение действий, предусмотренных частями первой и второй настоящей статьи повторно, в течение одного года после применения мер административного взыскания,-
влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от семи до десяти, на должностных лиц - от пятнадцати до двадцати, на индивидуальных предпринимателей от тридцати до тридцати пяти и на юридические лица - от пятидесяти до ста показателей для расчетов.
4. Осуществление деятельности юридическими лицами без учредительных документов формы, определенной законодательством и осуществление деятельности филиалами и представительствами юридических лиц, филиалами и представительствами иностранных юридических лиц без наличия положения в течение более одного месяца после государственной регистрации,-
влечет наложение штрафа на должностных лиц в размере от двадцати до тридцати, на юридические лица и филиалы представительств иностранных юридических лиц - от сорока до пятидесяти показателей для расчетов.".
6. В статье 604:
- название статьи и часть 1 после слов "или неправильное указание" дополнить словами "единого идентификационного номера и";
- часть 3 после слова "неуказания" дополнить словами "единого идентификационного номера и";
- статью дополнить частями 4 и 5 следующего содержания:
"4. Совершение действий (операций, сделок), установленных налоговым законодательством, без требования идентификационного номера налогоплательщика,-
влечет наложение штрафа на должностных лиц от трех до пяти показателей для расчетов.
5. Неуказание идентификационного номера налогоплательщика в переписке с налоговым органом и коммерческих договорах (соглашениях),-
влечет наложение штрафа на должностных лиц в размере от трех до пяти показателей для расчетов.".
7. В статье 606:
- название и часть 2 после слов "налог на добавленную стоимость" дополнить словами "и акциза";
- в диспозиции части 3 после слов "не состоящим на учете по налогу на добавленную стоимость," дополнить словами "при отсутствии признаков преступления,";
- в санкции части 3 слова "двадцати процентов" заменить словами "ста процентов".
8. Название статьи 610 после слова "причитающихся" дополнить словами "счетов налогоплательщика или счетов".
9. Текст статьи 611 изложить в следующей редакции:
"Несвоевременное представление необходимых документов, воспрепятствование или отказ в удовлетворении законных требований налоговых органов относительно предоставления им для проверки документов, отчетов или иной информации, связанной с предпринимательской деятельностью,-
влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от пяти до семи, на индивидуальных предпринимателей - от семи до десяти и на должностных лиц - от пятнадцати до двадцати показателей для расчетов.".
10. В статье 615:
- в санкции части 1 слова "от семи до десяти" заменить словами "от десяти до двадцати" и слова "от ста до двухсот" заменить словами "от пятидесяти до ста";
- в санкции части 2 слова "от пятнадцати до двадцати" заменить словами "от двадцати до сорока", слова "от двухсот до трёхсот" заменить словами "от ста до двухсот".
11. В статье 617:
- название статьи изложить в следующей редакции:
"Статья 617. Незаконное предпринимательство";
- в диспозиции статьи слово "регистрации" заменить словами "государственной регистрации".
12. В статье 697:
- из частей 1 и 2 цифры "138," исключить;
- из абзаца четвертого части 2 статьи 697 слова "начальники органов службы по трудовой миграции и их заместители, начальники органов службы по трудовой миграции ГБАО, а также" исключить.
13. Кодекс дополнить статьей 697(1) следующего содержания:
"Статья 697(1). Миграционная служба при Правительстве Республики Таджикистан
1. Миграционная служба при Правительстве Республики Таджикистан рассматривает дела об административных правонарушениях, предусмотренные статьей 138 настоящего Кодекса.
2. Рассматривать дела об административных правонарушениях и налагать административные взыскания от имени Миграционной службы при Правительстве Республики Таджикистан имеют право начальник Миграционной службы, его заместители, начальники управлений Миграционной службы в ГБАО, областях, городе Душанбе, городах и районах республиканского подчинения.".
14. В части 2 статьи 727 слова "управлений крупных налогоплательщиков" заменить словами "управлений, отделов и секторов государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей в ГБАО, областях, городе Душанбе, городах и районах, инспекции крупных налогоплательщиков и ее региональных отделов".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе
26 декабря 2011 года № 774
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш. Зухуров
г. Душанбе, 16 ноября 2011 года, №567
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 15 декабря 2011 года №225