Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон аз 31 декабри соли 2011 № 682

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 834 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 1

Бо қарори Ҳуқумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2011, № 682

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳуқумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2011, № 682

тасдиқ шудааст

Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон

1. Муқаррароти умумӣ

1) Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон (минбаъд - Шӯро) мақоми машваратӣ буда, бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон таъсис дода шудааст.

2) Шӯро фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

2. Мақсад ва ҳуқуқу вазифаҳои Шӯро

3) Мақсади асосии Шӯро аз мусоидат намудан дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон иборат мебошад.

4) Вазифаҳои асосии Шӯро инҳо мебошанд:

- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон;

...

Утратил силу в редакции постановления Правительства РТ
                          от 31.12.2014г. № 834

Приложение 1

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 декабря 2011 года, №682

Приложение 1

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 декабря 2011 года, №682

Положение о Координационном совете по вопросам социальной защиты инвалидов

1. Общие положения

1) Координационный совет по вопросам социальной защиты инвалидов (далее - Совет) является совещательным органом, созданным с целью координации деятельности министерств, ведомств и общественных организаций по реализации государственной политики в сфере социальной защиты инвалидов.

2) Совет осуществляет свою деятельность на основе Конституции Республики Таджикистан, Закона Республики Таджикистан "О социальной защите инвалидов", других нормативных правовых актов Республики Таджикистан и настоящего Положения.

2. Цели, права и задачи Совета

3) Основной целью Совета является содействие процессу реализации государственной политики в сфере социальной защиты инвалидов.

4) Основными задачами Совета являются:

- координация деятельности министерств, ведомств и общественных организаций по реализации государственной политики в сфере социальной защиты инвалидов;

...