Тартиби баҳисобгирӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ аз 31 декабри соли 2011 № 680

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27 феврали соли 2020 № 117 аз эътибор соқит дониста шуд.

 

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2011, № 680

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2011, № 680

тасдиқ шудааст

Тартиби баҳисобгирӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1) Тартиби мазкур дар асоси моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он" таҳия гардида, тартиби пешбурди баҳисобгирии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва баҳисобгирии миқдори оби истифодашавандаи шабакаҳои мутамаркази таъмини оби нӯшокиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2) Иҷрои талаботи муқаррарнамудаи Тартиби мазкур барои ҳамаи моликони шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва ташкилотҳои таъмини оби нӯшокӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ҳатмӣ мебошад.

3) Баҳисобгирии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ бо мақсади ҷамъ намудани маълумот ва таъсис додани базаи иттилоотӣ оид ба шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ, ҳолати онҳо, инчунин ҳолати манбаҳои таъмини оби нӯшокӣ ба амал бароварда мешавад.

4) Баҳисобгирии микдори шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ вобаста ба ҳолати воқеӣ ва истифодабарии онҳо ба амал бароварда мешавад.

5) Баҳисобгирии миқдори оби истифодашавандаи шабакаҳои мутамаркази таъмини оби нӯшокӣ бо мақсади ҷамъ намудани маълумот ва таъсис додани базаи иттилоотӣ оид ба миқдор ва арзиши ҳаққи хизматрасонӣ барои таъмини оби нӯшокӣ аз ҷониби истифодабарандагони оби нӯшокӣ дар давраи муайян барои банақшагирии стратегӣ, сармоягузорӣ, сохтмон ва барқаррорсозии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ба амал бароварда мешавад.

...

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 27 февраля 2020 года, №117

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 декабря 2011 года, №680

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 декабря 2011 года, №680

Порядок ведения учета в сфере питьевого водоснабжения

1. Общие положения

1) Настоящий Порядок разработан в соответствии со статьей 17 Закона "О питьевой воде и питьевом водоснабжении" и определяет порядок ведения учета систем питьевого водоснабжения, а также порядок ведения учета воды, используемой из централизованных систем питьевого водоснабжения на территории Республики Таджикистан.

2) Правила, установленные настоящим Порядком, являются обязательными для всех собственников систем питьевого водоснабжения и организаций питьевого водоснабжения, независимо от форм их собственности.

3) Учет систем питьевого водоснабжения осуществляется с целью сбора сведений и создания информационной базы данных о системах питьевого водоснабжения, их состоянии, а также состоянии источников питьевого водоснабжения.

4) Учет количества систем питьевого водоснабжения ведется по их фактическому состоянию и использованию на момент выполнения работ.

5) Учет воды, используемой из централизованных систем питьевого водоснабжения, осуществляется с целью сбора сведений и создания информационной базы данных о количестве и стоимости услуг по обеспечению питьевой воды в определенный период в целях стратегического планирования, инвестирования, строительства и обслуживания централизованных систем питьевого водоснабжения.

2. Правила учета воды, используемой из централизованных систем питьевого водоснабжения

6) Учет воды, используемой из централизованных систем питьевого водоснабжения, осуществляется контрольно - измерительными приборами, установка и работоспособность которых обеспечивается собственниками централизованных систем питьевого водоснабжения.

...