Замимаи 2
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистн
аз "18" августи соли 2011 № 387
тасдиқ шудааст
Замимаи 2
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистн
аз "18" августи соли 2011 № 387
тасдиқ шудааст
Низомнома тартиби ҳисоб ва пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар асоси Ҷадвали ягонаи тарифӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1) Низомномаи тартиби ҳисоб ва пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар асоси Ҷадвали ягонаи тарифӣ мутобиқи Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2008, №98 тасдиқ шудааст ва сархати даҳуми банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №1126 "Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия", бо мақсади амалӣ намудани ислоҳоти низоми пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, муайян ва ҷорӣ намудани коэффитсиентҳои тарифии Ҷадвали ягонаи тарифии пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таҳия гардидааст.
2) Сохтори нави пешниҳодшудаи музди меҳнат ҳангоми ҷорӣ намудани он дар мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба маоши асосӣ дохил намудани иловапулиҳо ва пардохтҳои иловагии қаблан амалкунандаро пешбинӣ менамояд. Чорабиниҳо оид ба гузариш ба низоми пардохти музди меҳнат дар асоси Ҷадвали ягонаи тарифӣ тибқи замимаи 25 ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №1126 амалӣ гардонида мешавад.
3) Ба маоши моҳонаи вазифавӣ пардохти иловапулиҳо барои рутбаи тахассусӣ, собиқаи хизмати давлатӣ ва дигар иловапулиҳо (ба ғайр аз иловапулиҳо барои кор дар шароити номусоиди иқлимию табиӣ
ва махсуси меҳнат, дар маҳалҳои баландкӯҳ, биёбон, беоб, кор дар шароити ба саломатӣ зараровару вазнин) дар доираи Ҷадвали ягонаи тарифӣ танзимшаванда дохил карда мешаванд. Ҳамзамон иловапулиҳои муқаррарнамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кор дар рӯзҳои истироҳат, идҳо ва кори шабона нигоҳ дошта мешаванд.
4) Ҷадвали ягонаи тарифӣ ин ҷадвали такмилгардидае мебошад, ки бо ёрии коэффитсиентҳои тарифии ботадриҷ аз дараҷа ба дараҷа афзоишёбанда дар асоси музди меҳнати асосӣ ҳисоб карда шудааст. Аз тарафи амудӣ он аз ҳашт категорияи мансабҳои маъмурӣ, фарқияти байни ҳар як мансаб, яъне категория 22 фоиз ва аз тарафи уфуқӣ аз 14 қадам, фарқияти байни ҳар як қадам 5 фоиз иборат мебошад.
5) Дар Ҷадвали ягонаи тарифӣ ҳангоми ҷорӣ намудани коэффитсиентҳои тарифии пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатии ҳар як мақомоти дахлдор тибқи замимаи 25, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №1126 тасдиқ шудааст, аз тарафи уфуқии ҷадвал 5 қадам аз рӯи собиқаи хизмати давлатии муқарраргардида истифода мешавад.
6) Дар Ҷадвали ягонаи тарифӣ барои ҳар як қадам коэффитсиенти мушаххас муқаррар гардидааст. Маошҳои вазифавӣ бо роҳи зарб задани андозаи маоши заминавӣ ба коэффитсиенти тарифии категорияи дахлдори мансабҳои маъмурӣ муқаррар карда мешаванд.
...