Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" ноябри соли 2011 № 554
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" ноябри соли 2011 № 554
тасдиқ шудааст
Тартиби таъсис ва пешбурди фонди давлатии стандартҳо
1. Муқаррароти умумӣ
1) Тартиби мазкур расмиёти таъсис ва пешбурди фонди давлатии стандартҳо, қоидаҳои истифодаи он, инчунин тартиби ташкил ва фаъолияти системаи ягонаи иттилоотӣ оид ба стандартониро, ки барои таъмини иттилоот дар бораи стандартҳо пешбинӣ шудааст, муқаррар менамояд.
2) Фонди давлатии стандартҳо маҷмӯи ҳуҷҷатхои ташкил ва танзимшударо дар соҳаи стандартонӣ дар бар гирифта, захираи иттилоотии давлатӣ мебошад.
3) Фонди давлатии стандартҳо дар асоси стандартҳои давлатӣ, стандартҳои байнидавлатӣ, байналмилалӣ, минтақавӣ, қоидаҳо меъёрҳо ва тавсияҳо оид ба стандартонӣ, стандартҳои миллии дигар давлатҳо бо мақсадҳои зайл ташкил дода мешавад:
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод намудани иттилооти пурра, дақиқ ва саривақтӣ оид ба стандартҳо;
- таьмин намудани мутобиқати стандартонӣ ба манфиати иқтисодиёти миллӣ;
- мусоидат ба истифодабарии дастовардҳои муосири илму техника дар соҳаи стандартонӣ.
4) Фонди давлатии стандартҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартонӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ оид ба стандартонӣ ва метрология таъсис ва пешбурд мешавад.
5) Системаи ягонаи иттилоотӣ оид ба стандартонӣ бо мақсади таъмин намудани шахсони маифиатдор бо иттилоот дар бораи ҳуҷҷатҳое, ки ба фонди давлатии стандартҳо дохил мешаванд, таъсис дода мешавад. Системаи ягонаи иттилоотӣ оид ба стандартонӣ системаи иттилоотии истифодаи умум буда, дар худ ҳуҷҷатҳоро дар намуди нашрияи расмӣ дар коғаз ё дар шакли электронию рақамӣ, дастгоҳи маълумотдиҳию ҷустуҷӯӣ ва технологияҳои иттилоотии дахлдор дар бар мегирад. Ирсол намудани иттилоот аз системаи ягонаи иттилоотӣ оид ба стандартонӣ метавонад тавассути истифодабарии шабакаҳои телекоммуникатсионӣ амалӣ гардад.
...