Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 № 23 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Қонуни конститутсиониии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 3 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995, № 21, моддаи 223; соли 1997, № 9, моддаи 110; соли 1998, № 10, Моддаҳои 111 ва 115; соли 2000, № 6, моддаи 349) тағйироту иловаҳои зерин дохил карда шаванд:

1. Дар моддаи 11:

номи модда дар таҳрири зерин фиода шавад:

"Моддаи 11. Бозхонди судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

дар қисми якум калимаи "Ваколатҳои" бо калимаи "Бозхонди" ва калимаи "қатъ" бо калимаи "амалӣ" иваз карда шавад;

ба қисми якум банди 10 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"10) ба охир расидани мӯҳлати ваколати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

дар қисми дуюм калимаҳои "Бо қатъи ваколатҳои" бо калимаҳои "Баъди бозхонди" иваз карда шавад.

2. Ба Қонуни конститутсионӣ моддаи 11(1). дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 11(1). Истеъфои судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истеъфои судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор аз вазифа рафтани ӯ мебошад. Барои судяе, ки дар истеъфо мебошад, номи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолати дахлнопазирии шахсиаш ва мансубияташ ба ҷомеаи судяҳо нигоҳ дошта шуда, ба ӯ шаҳодатномаи судяи дар истеъфобудаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Ҳар судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, бо хоҳиши худ сарфи назар аз синну сол ба истеъфо барояд.

...

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

"О внесении изменений и дополнений в Конституционный закон Республики Таджикистан "О Конституционном суде Республики Таджикистан"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Конституционный закон Республики Таджикистан "О Конституционном суде Республики Таджикистан" от 3 ноября 1995 года (Ведомости Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1995 г., №21, ст. 223; 1997 г., № 9, ст. 110; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 г., № 10, ст.ст. 111 и 115; 2000 г., № 6, ст. 349) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 11:

название статьи изложить в следующей редакции:

"Статья 11. Отзыв судьи Конституционного суда Республики Таджикистан";

в части первой слово "Полномочия" заменить словом "Отзыв", а слово "прекращаются" заменить словом "осуществляются";

часть первую дополнить пунктом 10 следующего содержания:

"10) истечения срока полномочии судьи Конституционного суда Республики Таджикистан.";

в части второй слова "С прекращением полномочий" заменить словами "С отзывом".

2. Дополнить Конституционный закон статьей 111 следующего содержания:

Статья 111 . Отставка судьи Конституционного суда Республики Таджикистан

Отставкой судьи Конституционного суда Республики Таджикистан является почетный уход его с должности. За судьей, пребывающим в отставке, сохраняется звание судьи Конституционного суда Республики Таджикистан, гарантии личной неприкосновенности и принадлежности к судейскому сообществу, ему выдается удостоверение судьи Конституционного суда Республики Таджикистан в отставке.

Каждый судья Конституционного суда Республики Таджикистан имеет право на отставку но собственному желанию независимо от возраста.

...