×

Барномаи давлатии таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ барои солҳои 2007-2010 аз 3 августи соли 2007, № 391

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 августи соли 2007 № 391

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 августи соли 2007 № 391

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ барои солҳои 2007-2010

Барномаи давлатии таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ барои солҳои 2007-2010 (минбаъд Барнома) дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов аз 22 декабри соли 2005, ки дар маҷлиси машваратӣ доир ба вазъи соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд, дар бораи таҳияи барномаи чопи китобҳои дарсӣ ва таъсиси ҳайати гурӯҳии мураттибону муаллифони китобҳои дарсӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ таҳия карда шудааст.

1. Мақсади Барнома

Дар шароити муосири рушди шаклҳои мухталифи технологияҳои иттилоотӣ (воситаҳо), аз ҷумла, истифодаи компютерҳо, техникаи аудиовизуалӣ ва электронӣ, зарурияти таҳияи китобҳои дарсии электронӣ пеш меояд. Таҳия ва чопи нусхаи электронии китобҳои дарсӣ имрӯзҳо ногузир буда, барои хонанда воситаи муҳими истифодаи технологияи иттилоотӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин чопи китобҳои дарсӣ дар шакли полиграфӣ ҳамчун масъалаи муҳим боқӣ мемонад ва дар оянда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Барнома бояд амалӣ шудани онро таъмин гардонад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми кунунии таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ ба талаботи муосири инкишофи ҷомеа ҷавобгӯ намебошад. Барои такмил додани низоми мазкур бартараф кардани як қатор монеаҳои ҷойдошта зарур аст. Пеш аз ҳама, бояд мазмуни китобҳоро ба стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ карда, ҳаҷм ва мазмуни онҳоро бо барномаҳои таълимӣ мутобиқ гардонем. Дар баробари ин, бояд сохти китоби дарсиро (истифодаи андозаву навъи ҳарфҳо, андозаи қоғаз, ороиш, муқовабандӣ, қолиб, ба сарлавҳа, боб ва фаслҳо ҷудокунӣ (рубрикатсия, архитектоника) ба талаботи замон ҷавобгӯ намоем. Ҳамчунин китоби дарсӣ бояд ба хусусиятҳои синну солии хонанда мувофиқ бошад. Ҳангоми мураттабсозии матнҳои он психология ва завқи хонандаро ба инобат гирифтан зарур аст. Забони китобҳои дарсӣ бояд хонову равон, матнаш фаҳмову хотирмон, расму аксҳояш бояд ба матн ва меъёрҳои эстетикӣ мувофиқ бошанд.

Айни замон муассисаҳои томактабӣ (кӯдакистонҳо, яслиҳо), мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо китобҳои дарсӣ таъмин нестанд. Шумораи китобҳои дарсиро бо шумораи хонандагон пурра мувофиқ карда, нашри онҳоро бояд ба танзим даровард. Ҳамзамон, ба сифати чопи китобҳо низ диққати махсус дода, дар иртибот ба таҳаввулоти маънавии ҷомеа китобҳои дарсӣ таҳия бояд кард. Дар ин маврид мақсадҳои зерин иҷро мегарданд:

- талаботи раёсат ва шӯъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба китобҳои дарсӣ пурра омӯхта мешавад;

- мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ба дастовардҳои эътирофгардидаи илмӣ асос меёбад ва сифати тайер кардани онҳо дар асоси технологияи муосири чопи китобҳои дарсӣ амалӣ гардонида мешавад;

- тарҷумаи китобҳои дарсӣ аз забони давлатӣ ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, қирғизӣ ва туркманӣ таъмин мегардад;

- манбаи хуби тайёр намудани муаллифони китобҳои дарсӣ ба миён меояд;

...

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 3 августа 2007 года № 391

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 3 августа 2007 года № 391

Государственная программа по разработке и изданию учебников на 2007-2010 годы

Государственная программа разработки и издания учебников на 2007-2010 годы (далее Программа) разработана на основе Плана мероприятий в соответствии с инструкциями и поручениями Президента Республики Таджикистан Э.Ш.Рахмонова от 22 декабря 2005 года, данные на заседании о состоянии сферы образования Республики Таджикистан по разработке программы издания учебников и создания рабочей группы составителей и авторов учебников для общеобразовательных школ.

1. Цель Программы

В современных условиях развития различных форм информационных технологий (средств), в том числе использование компьютеров, аудиовизуальной и электронной техники, возникает необходимость разработки электронных учебников. Разработка и издание электронных вариантов учебников сегодня является необходимым, и важным средством использования информационной технологии учащимися. Наряду с этим издание учебников в полиграфической форме остается одним из важных вопросов и в перспективе Правительство Республики Таджикистан должно обеспечить его практическую реализацию посредством Программы.

В Республике Таджикистан нынешний порядок подготовки и издания учебников не соответствует современным требованиям развития общества. Для совершенствования данной системы необходимо предотвратить ряд существующих препятствий. Прежде всего, содержание учебников необходимо соотнести с государственными стандартами Республики Таджикистан, объём и содержание привести в соответствие с учебными программами. Вместе с тем необходимо привести в соответствие с требованиями времени структуру учебников (использование размеров и каллиграфии, размеров бумаги, дизайна, вёрстки, макета, рубрикации, архитектонику). Кроме того, учебник должен соответствовать возрастным особенностям учащихся. Во время составления текстов учебника необходимо учесть психологию и интересы учащихся. Язык учебника должен быть читаемым, доступным, тексты должны быть понятными и запоминающими, рисунки и фотографии должны соответствовать тексту и эстетическим нормам.

В настоящее время дошкольные (детские садики, ясли), общие, средние учебные заведения, начальные, средние и высшие образовательные учреждения Республики Таджикистан не обеспечены учебниками. Необходимо привести в соответствие количество учебников с количеством учащихся и регулировать их издание. Также, одновременно обращая особое внимание на качество издания учебников, необходимо разрабатывать учебники во взаимосвязи с изменениями, происходящими в духовной жизни общества. В этом случае будут достигнуты следующие цели:

- будут полностью изучены потребности управлений и отделов образования областей, городов и районов республики в учебниках;

- содержание учебных программ, учебников будут основываться на признанных достижениях науки, а качественная их подготовка будет осуществлена на основе современных технологий издания учебников;

- будет обеспечен перевод учебников с государственного языка на узбекский, русский, кыргызский и туркменские языки;

- будет создана хорошая база для подготовки авторов учебников;

...