Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 № 486 "Дар бораи масъалаҳои Нерӯгоҳи барқи обии "Кӯҳистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи масъалаҳои Нерӯгоҳи барқи обии "Кӯҳистон"

Мутобиқи моддаҳои 211, 343 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ" ва бо мақсади амалӣ гардонидани "Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2009, № 73 тасдиқ гардидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №369 "Дар бораи объектҳои махсусан муҳим" зербанди 17 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"17) Нерӯгоҳи барқи обии "Кӯҳистон".

2) Номгӯи таҷҳизот, молҳо ва дигар ашёе, ки воридоти онҳо барои сохтмони мазкур зарур аст, тибқи замима тасдиқ карда шавад.

3) Фармоишгари сохтмони мазкур Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва Пудратчии генералии он Ассотсиатсияи "Умеди Ҷалолиён" тасдиқ карда шавад.

4) Давраи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Кӯҳистон" солҳои 2009-2011 муайян карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 4 октябри соли 2011 № 486

ш. Душанбе

Ниг. ба Замима.  