Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 августи соли 2011, № 358
Консепсияи гузаронидани баруйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Пешгуфтор
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2011, №23 "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 ва вазифаҳо барои соли 2011" Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати мушоҳидаҳои оморӣ барои солҳои 2012-2013 баруйхатгирии кишоварзиро ҳамроҳ намуд.
Новобаста аз тадқиқоти омории соҳаи кишоварӣ, ки ҳар сол нашр мешаванд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Миёна аз мамлакатҳое боқӣ мемонад, ки баруйхатгирии кишоварзиро ягон маротиба нагузаронидааст.
Соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иқтисодиёти миллӣ саҳми калон дорад. Аз ин лиҳоз, мавҷудияти иттилооти муфассал дар бораи сохтори дохилии он барои сиёсатдорон ҷиҳати қабули қарорҳои дахлдор хеле зарур аст.
Баруйхатгирии кишоварзӣ ҳамчун восита барои муайян намудани дурнамои рушди соҳаи кишоварзӣ дар давраи кӯтоҳмӯҳлат ва дарозмӯҳлат, муайян намудани самаранокии соҳа хизмат намуда, ҷиҳати гузаронидани тадқиқоти минбаъдаи оморӣ дар соҳаи кишоварзӣ махзани маълумот ба ҳисоб меравад.
Консепсия шарҳи мухтасари баруйхатгирии кишоварзӣ ва масъалаҳои асосии методологию амалии онро дар марҳилаи ҷорӣ намудани он инъикос менамояд.
Ҳуҷҷати мазкур номгӯи нишондиҳандаҳои фундаменталӣ ва ҳаматарафа омӯхташударо дар бар мегирад.
Аз ин рӯ, нишондиҳандаҳо бо дарназардошти мувофиқати онҳо бо омори миллӣ ва байналмилалӣ интихоб мешаванд. Алоқамандии маълумоти соҳаи кишоварзӣ бо системаи ҳисобҳои миллӣ таъмин мегардад ва имконияти дарҷ ёфтани манзараи пурраи маҳсулнокии соҳа, нишондиҳандаҳои иқтисодию экологӣ дар системаи ҳисобҳои миллӣ фароҳам меояд.
Барои гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ мафҳумҳо аниқ карда мешаванд.
Ба маҳсулоти кишоварзӣ маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ ва чорводорӣ дохил мешаванд.
2. Моҳияти барӯйхатгирии кишоварзӣ
1) Тоҷикистон мамлакати аграрӣ буда, зиёда аз 70 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунад. Кӯҳҳо 93 фоизи масоҳати Тоҷикистонро ишғол менамоянд. Соҳаи кишоварзӣ қариб 20 фоизи маҳсулоти умумии дохилиро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, зиёда аз 65 фоизи аҳолии машғули кор барои рӯзгузаронии худ ба соҳаи кишоварзӣ шуғл варзида, хоҷагидориашонро пеш мебаранд.
Хазинаи маълумоти соҳаи кишоварзӣ, ки дорои ҳадафҳои гуногун мебошад, барои идоракунии макроиқтисодиёти ҷумҳурӣ аҳамияти махсус дорад.
Яке аз усулҳои имконпазири гирифтани маълумоти пурра оид ба соҳаи кишоварзӣ гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ мебошад.
2) Мақсади асосии гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ ҷамъ овардани комплексии маълумот оид ба соҳаи кишоварзӣ мебошад. Иттилооти ҷамъоваришуда барои пешбурди сиёсати макроиқтисодӣ саҳм мегузорад.
Аз нигоҳи рушд, маълумоти муфассал ва дақиқи оморӣ оид ба соҳаи кишоварзӣ ба гузаронидани мониторинг оид ба тағйирёбии шароити таъмини озуқаворӣ ва раванди қабули қарорҳои дахлдор доир ба амнияти озуқаворӣ ва назорати сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамоянд.
Дар баробари нстеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ инчунин корхонаҳои саноати хӯрокворӣ низ бо маълумоти муфассал таъмин хоҳанд шуд.
3) Маълумоти барӯйхатгирӣ метавонад ба пурзӯр намудани рақобатнокӣ дар бозор мусоидат намояд. Маълумот ҳамчун воситаи пурқувват барои Ҳукумат ҷиҳати қабули қарорҳои дахлдор оид ба арзёбӣ намудани болоравии нархи озуқа хизмат хоҳанд кард.
4) Гузаронидани барӯйхатгирии кишоварӣ як қисмати муҳими рушд мебошад. Саҳми барномаҳои мухталифе, ки дар якҷоягӣ бо ҳамшарикони рушд дар ҷумҳурӣ амалӣ гардида истодаанд, тавассути маълумоти барӯйхатгирӣ муайян карда мешавад.
Ҳамчунин бояд зикр кард, ки ин маълумот дар худ иттилоотро оид ба таъсироти экологӣ ва истифодаи захираҳо, ки то дараҷаи муайян барои устувории сиёсати макроиқтисодӣ муҳиманд, дар бар мегиранд. Илова бар пешниҳоди маълумоти ҷорӣ, маълумоте, ки дар доираи барӯйхатгирии кишоварзӣ ҷамъ оварда мешавад, ҳамаи нишондиҳандаҳои асосии истеҳсолотро таъмин месозад.
5) Барӯйхатгирии кишоварзӣ-амалиёти калонҳаҷми марҳилавии оморӣ оид ба ҷамъоварии иттилооти миқдорӣ дар сатҳи қитъаҳои замини инфиродӣ мебошад. Хусусияти хоси барӯйхатгирии кишоварзӣ ин ҷалби васеи хонаводаҳо, ки ба тадқиқот ҳамроҳ мешаванд, ва маҷмӯи маълумоти дар рафти барӯйхатгирӣ ба даст овардашуда иборат аст. Бо мақсади таъмини сифат ва воқеияти маълумоти оморӣ оид ба мақоми омори кишоварзӣ, баруйхатгирии кишоварзӣ бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ тибқи методологияи ягона, ки унсури муҳим барои омори кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, гузаронида мешавад. Бе баргузории ин чорабинӣ тартиб додани махзани пурраи иттилоот оид ба равандҳои соҳаи кишоварзӣ ғайриимкон аст.
6) Дар ҳуҷҷати мазкур консепсияи баруйхатгирии кишоварзӣ тасвир гардида, стратегияи умумӣ бо нишондоди пурраи ҳар як марҳила муайян карда мешавад. Талаботи асосии барӯйхатгирӣ аз муқоисакуниҳои байналмилалии маълумоти гирдовардашаванда ва ҳамгироии барӯйхатгирӣ бо низоми омори макроиқтисодӣ ва соҳавии ҷумҳурӣ иборат аст.
3. Ҳадафҳои Консепсия
7) Консепсияи коркардашудаи баруйхатгирии кишоварзӣ мақсадҳои зеринро дар бар мегирад:
- ҷамъоварии маълумот оид ба сохтори заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар қаламрави воҳидҳои маъмурии хурд - дар сатҳи ноҳия, ҷамоати деҳот, инчунин дар сатҳи хонаводаҳои деҳот;
- равона сохтани диққати асосии баруйхатгирии кишоварзӣ ба ҷабҳаҳои сохтории хоҷагиҳо, ба мисоли хусусиятҳои хос ва тавсифоти хонаводаҳо нисбат ба захираҳои моддӣ, ҷабҳаҳои техникӣ (техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ), такрористеҳсолкунии чорво ва чораҳои умумӣ оид ба беҳтар намудани ғизодиҳии муносиби замин (истифодаи нуриҳои маъданӣ ва минералӣ), инчунин тавсифоти иҷтимоӣ ва демографии соҳибмулкон;
- истифодаи маълумот ҳамчун меъёр барои омори кишоварзӣ;
- кор карда баромадани сохтори умумии ташкили омори кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба даст овардани маълумоти муқоисавии байналмиллалӣ баҳри ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, ки ба соҳаи кишоварзӣ ва рушди он алоқамандии зич дорад. Муқоисакуниҳо бо роҳи истифода аз таснифотҳои байналмилалии мувофиқ, ҳамчун қисме аз низоми ягонаи таснифот ва рамзгузории иттилооти техникию иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
8) Баъдан, бо мақсади муқоисакуниҳои байналмилалӣ низоми нишондиҳандаҳои омории иловагӣ дар рафти тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирӣ бояд коркард шаванд.
4.Тавсифи техникии барӯйхатгирӣ
9) Дар ин фасл шарҳи техникии марҳилаҳои барӯйхатгирӣ, ки дар давраи тайёрӣ ба баруйхатгирии кишоварзӣ ва раванди татбиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд пешбинӣ карда шаванд, оварда мешавад. Сохтори умумӣ ва стратегияи коркарди барӯйхатгирии кишоварзӣ, инчунин алоқамандии ҳамдигарии модулҳои алоқидаи он пешбинӣ карда мешавад. Минбаъд алоқамандии худи барӯйхатгирӣ бо дигар тадқиқоти соҳаи кишоварзӣ ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ баррасӣ мешаванд.
§1. Фарогирии барӯйхатгирӣ
10) Мутобиқи стандартҳои байналмилалии таснифотҳои намуди фаъолиятҳои иқтисодӣ (Созмони Милали Муттаҳид-2004), дар назар аст, ки доираи баргузории барӯйхатгирии кишоварзӣ ба пуррагӣ намудҳои фаъолияти иқтисодии 011,012 ва 013-ро дар бар мегирад.
11) Саволҳои барӯйхатгирӣ доираи васеи фаъолияти истеҳсолии кишоварзӣ ва тадқиқи чунин масьалаҳоро дахл дорад ба монанди: майдони заминҳои таъиноти кишоварзӣ, майдони заминҳои корам, ниҳолҳои бисёрсола, чарогоҳҳо, алафзор, ва заминҳои боир, майдони замини зироатҳои мавсимии кишоварзӣ, саршумори чорво, саршумори чорвои аз синну соли муайян калонгар, микдори маҳсулоти истеҳсолшуда, қувваи кори истифодашуда, миқдори маҳсулоти фурӯхташуда. Маълумоти ҷамбастӣ оид ба тавсифоти сохтории соҳаи кишоварзӣ, ба мисли истеҳсолоти махсусгардонидашуда, бо назардошти омилҳои иетеҳсолот, шаклҳои моликияти омилҳои истеҳсолот ва тавсифотҳои асосии демографӣ ба даст оварда мешаванд. Чӣ тавре ки дар поён оварда шудааст, ҳамаи хоҷагиҳои кишоварзӣ аз рӯи андозаи майдони замин, навъи замин, саршумори чорво ва парранда (намуд ва синну сол), мавҷудияти техникаи кишоварзӣ ва таҷҳизотҳо, инчунин биною иншооти ғайриманзилии кишоварзӣ тасниф карда мешаванд. Зарур аст, ки ҳар як воҳиди баҳисобгирии оморӣ ва андозаи хурдтарини охирин муайян карда шавад, баъдан андозаи ҳадди ақал аниқ карда шавад.
§2. Мафҳумҳо
12) Ба мақсади барӯйхатгирии кашоварзӣ қабули чунин мафҳумҳо тақозо карда мешавад:
а) заминҳои таъиноти кишоварзӣ
б) ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ
в) хоҷагиҳои деҳқонии фардӣ, оилавӣ ва шарикӣ
г) хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ.
13) Заминҳои таъиноти кишоварзӣ заминҳои корам, ниҳолҳои бисёрсола, чарогоҳҳо, алафзор ва заминҳои боирро дар бар мегирад.
14) Ба ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ муассисаҳои байнихоҷагӣ, хоҷагиҳои давлатӣ, хоҷагиҳои коллективӣ, хоҷагиҳои иҷоравӣ, ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, хоҷагиҳои ёрирасон ва ғайраҳо дохил мешаванд.
15) Хоҷагиҳои деҳқонии фардӣ - хоҷагии деҳқоние, ки дар он фаъолияти меҳнатӣ ба соҳибкории як шахс асос ёфтааст.
16) Хоҷагии деҳқонии оилавӣ - хоҷагии деҳқоние, ки дар он фаъолияти меҳнатӣ дар шакли соҳибкории оилавӣ дар заминаи моликияти якҷоя асос ёфтааст.
17) Хоҷагии деҳқонии шарикӣ - хоҷагие деҳқоние, ки дар заминаи моликияти умумни хиссагӣ ташкил шуда, фаъолияти хоҷагидории инро шартнома дар бораи фаъолияти якҷоя муайян мекунад.
18) Хоҷагии ёрирасони шахсӣ - хоҷагиест, ки бо меҳнати шахсии шаҳрванд ва аъзои оилаи ӯ бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва қонеъ гардонидани талаботи худ бо озуқаворӣ ва эҳтиёҷоти дигар пеш бурда мешавад. Ин ҳамчун чораи дастгирӣ аз тарафи давлат мебошад. Фаъолияти шаҳрвандон дар бобати пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ фаъолияти соҳибкорӣ эътироф намешавад.
§3. Шакли хоҷагидорӣ
19) Сохтори шакли хоҷагидорӣ маълумоти муҳимро инъикос менамояд, масалан, қабули қарор дар рафти истеҳсолот дар хоҷагӣ, нақши аъзои хонавода дар пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ, тақсимоти даромад ва ғайраҳо.
20) Таснифот:
а) Минтақаҳои ҷуғрофӣ. Стратификатсияи ҷуғрофӣ барои гузаронидани барӯйхатгирӣ ба муайян намудани гуногунии истеҳсолоти кишоварзӣ минтақаҳои ҷумҳурӣ равона карда мешавад. Воҳидҳои марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, ҷамоатҳо ва маҳалҳои аҳолинишин (деҳа) тақсим мешавад. Дар давраи тайёрӣ иттилоот оид ба тақсимоти ҷуғрофии хонаводаҳо гирд оварда мешавад, ки барои муайян намудани сарборӣ барои ҳисобчиён зарур аст.
б) Таснифоти сохтори истифодаи замин. Таснифоти истифодабарандагони замин мутобиқи Кадастри давлатии замини Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
в) Таснифоти маҳсулоти чорводорӣ ва растанипарварӣ тибқи шаклҳои ҳисоботи омории ҷорӣ муайян карда мешавад.
§4. Сохтори барӯйхатгирии кишоварзӣ
21) Консепсияи пешниҳодшаванда алоқамандӣ ва сохтори низоми омори кишоварзиро қайд менамояд. Модули асосии барӯйхатгирии кишоварзӣ маълумоти асосии омориеро дар бар мегирад, ки ҷамъоварии онҳо барои ҳамаи давлатҳо тавсия дода мешавад. Гузаронидани модули асосӣ бо истифодаи ҳадалимкони ҳамаи имкониятҳо пешбинӣ гардида, диапазони муайяншудаи иттилооти сохториро таъмин менамояд.
22) Барӯйхатгирии кишоварзии дарпешистода замина барои ташаккули феҳристи иқтисодии кишоварзӣ ва низоми интихоби репрезентативии тадқиқоти оморӣ ба ҳисоб меравад ва он имконият медиҳад, ки на танҳо тавсифоти миқдории ҳолати соҳаи кишоварзӣ ба даст оварда шавад, ҳамчунин мушкилоти ташаккули феҳристро (рӯйхати ҳоҷагиҳои кишоварзӣ) ҳал намояд, то ин ки имконияти мушаххас намудани воҳидҳо (корхонаҳои кишоварзӣ) ба даст ояд.
23) Барои модули асосӣ Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мавзӯъҳои зеринро тавсия намудааст:
- мафҳум ва мавқеи ҷойгиршавии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
- ҳолати ҳуқуқии заминистифодабарандагон:
- ҷинси заминистифодабарандагон;
- синну соли заминистифодабарандагон;
- андозаи хонавода;
- мақсади асосии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ;
- майдони заминҳои таъиноти кишоварзӣ мутобиқи намуди заминисгифодабарӣ;
- майдони умумии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
- намудҳои заминистифодабарӣ;
- мавҷудияти обёркунии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
- намудҳои зироатҳои мавсимии кишоварзӣ дар заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
- намудҳои зироатҳои доимии кишоварзӣ дар заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва имконияти бомавқеъ ҷойгиршавии зироатҳо;
- саршумори чорво дар қитъаҳои замини таъиноти кишоварзӣ аз рӯи намуд;
- саршумори парранда дар қитъаҳои замини таъиноти кишоварзӣ аз рӯи намуд;
- мавҷудияти аквазироатҳо дар заминҳои соҳибмулкон;
- мавҷудияти ҷангал ва дигар заминҳои ҷангалпӯш дар қитъаҳои замини таъиноти кишоварзӣ;
- дигар намудҳои фаъолияти истеҳсолию иқтисодӣ дар заминҳои истифодашаванда.
24) Модулҳои иловагӣ аз рӯи интихоб гузаронида мешаванд. Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ пешниҳод менамояд, ки мавзӯъҳои зерини дар замимаи пешниҳодшаванда номнависшуда дар бар гирифта шаванд.
25) Ҳамроҳ намудани натиҷаҳои барӯйхатгирии кишоварзӣ ба омори миллӣ барои муҳокима намудани алоқамандии ҳисобҳои миллӣ ва омори кишоварзӣ зарур аст.
5. Заминаҳои институтсионалӣ ва ҳуқуқии барӯйхатгирии кишоварзӣ
26) Дар ин боб чаҳорчӯбаи ҳуқуқӣ ва институтсионалии зарурӣ, ки бо мақсади таъмини татбиқи бомуваффақияти баруйхатгирии кишоварзӣ таҳия мегарданд, тавсиф мешаванд.
§1. Заминаи меъёрӣ
27) Заминаи меъёрӣ барои тайёрӣ ва гузаронидани баруйхатгирии кишоварзӣ ва принсипҳои роҳбарикунанда аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ" ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ асоснок карда мешавад.
28) Санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ муносибатҳои ҳуқуқиро дар доираи омодагӣ ва татбиқи баруйхатгирии кишоварзӣ ба танзим медарорад, ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти субъектҳои хоҷагидор, инчунин шахсоне, ки дар барӯйхатгирӣ иштирок менамоянд, муайян менамояд. Қонун мақоми масъулро барои тайёрӣ, гузаронидан ва нашри маводи барӯйхатгириро низ муқаррар менамояд. Ин санади меъёрии ҳуқуқӣ субъектҳои хоҷагидори соҳаи кишоварзиро ӯҳдадор месозад, ки ба саволҳои варақаҳои барӯйхатгирӣ ҷавобҳои пурра ва дақиқ диҳанд. Ошкор нашудани маълумот кафолат дода мешавад. Чунин тамоюл, бешубҳа, ба субъектҳои хоҷагидор ва соҳибони қитъаҳои замин кафолат медиҳад, ки маълумоти гирифташуда танҳо дар шакли ҷамъбастӣ ва фақат бо мақсадҳои оморӣ ва тадқиқотӣ истифода шаванд.
§2. Сохтори институтсионалӣ
29) Натиҷаи пурсамари барӯйхатгирии кишоварзӣ аз чорабиниҳои тайёрӣ, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ, маъмурияти мақомоти маҳаллии иҷроияи хокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ки барои тайёрӣ ба баруйхатгирии кишоварзӣ масъуланд, вобаста аст.
30) Зарур аст, ки комиссияи миллии барӯйхатгирии кишоварзӣ, ки дар ҳайати он намояндаҳои мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ шомил мешаванд, таъсис дода шавад. Нақши асосии он аз роҳбарӣ ва назорати рафти барӯйхатгирӣ иборат мебошад.
31) Зарур аст, ки нақшаи корӣ бо нишондоди муфассали вазифаҳои алоҳида таҳия карда шавад. Дар нақшаи корӣ ҳамаи ҷабҳаҳои вобаста ба барӯйхатгирӣ ба инобат гирифта шаванд. Аз ҷумла дар нақша масъалаҳои зерин дода баромада мешаванд:
- омода намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии барӯйхаггирӣ;
- таҳия ва татбиқи рекламаи барӯйхатгирӣ;
- тайёр намудани сохтор;
- тайёр намудани харитаҳои барӯйхатгирӣ дар маҳалҳо;
- тайёр намудани ҷадвалҳо;
- таҳия ва санҷиши саволномаҳо;
- таҳия ва санҷиши низоми компютерии коркарди мавод, аз ҷумла ворид намудани маълумот, таҳрир ва тартиб додани ҷадвалҳо;
- тайёр намудани дастурамалҳо барои кор дар маҳалҳо;
- коркарди низоми кор дар маҳалҳо, интихоб ва омӯзиши кормандон барои кор дар маҳалҳо;
- тайёр намудани қитъаҳои барӯйхатгирӣ;
- коркарди маълумот;.
- гузаронидани санҷиши назоратии сифати маълумот;
- тартиб додани ҷадвалҳо ва таҳлили маълумот;
- тайёр намудани ҳисоботи барӯйхатгирӣ ва паҳн намудани натиҷаҳои барӯйхатгирӣ;
- мувофиқ намудани маълумоти барӯйхатгирӣ бо маълумоти омори ҷорӣ.
§3. Маводи методологӣ
32) Маводи муҳими методологӣ, ки дар доираи як ҳуҷҷати корӣ баррасӣ карда мешаванд, тавсифи муфассали методологияи мувофиқро дар бар мегиранд. Дар доираи Лоиҳа ҳисоботи зерин бояд таҳия шавад:
- Ҳуҷҷати корӣ оид ба имкониятҳои муттаҳид намудани усули барӯйхатгирӣ бо итгилооти ҷузъие, ки дар рафти тадқиқот ба даст омадааст;
- Омода намудани руйхати ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ.
33) Маблағгузории гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Точикистон аз ҳисоби ҷалби воситаҳои грантии ташкилотҳои байналмнлалӣ ва сарчашмаҳои худӣ ба амал бароварда мешавад.
Замима ба Консепсияи
гузаронидани барӯйхатгирии
кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номгӯи бандҳои иловагии баруйхатгирии кишоварзӣ
Мавзӯи 1 - Замин
Мавзуи 2 - Обёрӣ ва хоҷагии об
Мавзӯи 3 - Зироатҳои асосии кишоварзӣ
Мавзӯи 4 - Чорвопарварӣ, паррандапарварӣ
Мавзӯи 5 - Усулҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ
Мавзӯи 6 - Хизматҳо дар соҳаи кишоварзӣ
Мавзӯи 7 - Тавсифи демографӣ ва иҷтимоӣ
Мавзӯи 8 - Коргарони хоҷагидории фермерӣ
Мавзӯи 9 - Амнияти озуқавории хонаводаҳо
Мавзӯи 10 - Аквазироатҳо
Мавзӯи 11 - Хоҷагии ҷангал
Мавзӯи 12 - Идоракунии заминҳои таъиноти кишоварзӣ