×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 № 749 "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 30.05.2017

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1977 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №6, мод. 460)

(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1425, № 1426)

(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1425, № 1426)

Қонуни мазкур масъалаҳои вобаста ба вазъи ҳуқуқӣ, ваколат, сохтори ташкилӣ, вазифа, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМЙ

Моддаи 1. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Палатаи ҳисоб) мақоми олии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аудити мустақили берунаро оид ба баҳодиҳӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ анҷом дода, ҷиҳати такмили он пешниҳод омода месозад.

2. Ваколати Палатаи ҳисоб вобаста ба гузаронидани аудити мустақили беруна ба тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад. Палатаи ҳисоб дорои ваколатҳои иҷроия, қонунгузорӣ ва ҳифзи ҳуқуқ набуда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста мебошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1426).

3. Палатаи ҳисоб наметавонад ба афзалият ва норасоиҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молияи давлатӣ ва истифодабарии моликияти давлатӣ баҳо диҳад. Палатаи ҳисоб ҳуқуқ дорад ба татбиқи сиёсати мазкур баҳо диҳад ва аз рӯи натиҷаҳои он хулосаҳои худро пешниҳод намояд.

4. Палатаи ҳисоб шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ном ва нишони худ аст. Маҳалли ҷойгиршавии доимии Палатаи ҳисоб шаҳри Душанбе мебошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1425).

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

...

Утратил силу в редакции Закона РТ от 22.06.2023 №1977

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О СЧЁТНОЙ ПАЛАТЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

(в редакции Закона РТ от 30.05.2017г. №1425, от 30.05.2017г.№1426)

(в редакции Закона РТ от 30.05.2017г. №1425, от 30.05.2017г.№1426)

Настоящий Закон регулирует вопросы, связанные с правовым статусом, полномочиями, организационной структурой, задачами, правами и обязательствами Счётной палаты Республики Таджикистан.

ГЛАВА I. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Счётная палата Республики Таджикистан

1. Счётная палата Республики Таджикистан (далее - Счетная палата) является высшим органом финансового контроля Республики Таджикистан, проводящим независимый внешний аудит по оценке исполнения государственного бюджета и готовит предложения по ее усовершенствованию.

2. Полномочия Счётной палаты по проведению независимого внешнего аудита распространяются на все ветви государственной власти Республики Таджикистан. Счётная палата не обладает исполнительными, законодательными, правоохранительными полномочиями, а подчиняется Конституции Республики Таджикистан, настоящему Закону и другим законодательным актам Республики Таджикистан.

3. Счётная палата не призвана оценивать преимущества и недостатки политики Правительства Республики Таджикистан в сфере государственных финансов и использования государственной собственности. Счетная палата имеет право оценивать реализацию данной политики и представлять свои заключения по результатам данной оценки.

4. Счетная палата является юридическим лицом, имеет печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан со своим наименованием и собственную символику. Постоянным местонахождением Счетной палаты является город Душанбе (в редакции Закона РТ от 30.05.2017г. №1425).

Статья 2. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- внешний аудит - аудит, проводимый независимыми по отношению к проверяемой организации аудиторами, которые, следовательно, являются неподотчетными его руководству;

...