Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 № 725 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МИЛИТСИЯ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи милитсия" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 352; с. 2006, №3, мод. 148; с. 2007, №7, мод. 663; с. 2008, №6, мод. 450; с. 2009, №12, мод. 820) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 13:

- қисми шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Кормандони милитсия, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсоне, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии милитсия оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҷалб карда шудаанд, барои расонидани зарари маънавӣ, моддӣ ва ҷисмонӣ ба шахс мутобиқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд, агар онҳо тибқи муқаррароти дар Қонуни мазкур пешбинишуда аз қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон истифода баранд.".

2. Дар моддаи 14:

- дар қисми дуюм:

а) дар сархати чорум рақамҳо ва калимаи "4 ва 6" ба рақамҳо ва калимаи "4, 6 ва 7" иваз карда шаванд;

б) дар сархати ҳафтум пас аз рақами "6," рақам ва калимаи "7 ва" илова карда шаванд;

в) дар сархати ҳаштум пас аз рақами "4" калима ва рақами "ва 7" илова карда шаванд;

- ба қисм сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- воситаҳои вайронкунандаи монеаҳо - дар мавридхои дар бандҳои 6 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;

- воситаҳои махсуси рангкунанда - дар мавридҳои дар бандхои 3, 7 ва 9 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;

- аспҳо - дар мавридҳои дар бандҳои 3 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О МИЛИЦИИ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 17 мая 2004 года "О милиции" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №5, ст. 352; 2006 г, №3, ст. 148; 2007 г., №7, ст. 663; 2008 г., №6, ст. 450; 2009 г., №12, ст. 820) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 13:

- дополнить частью шестой следующего содержания:

"Сотрудники милиции, военнослужащие и другие лица, привлеченные для выполнения задач милиции по борьбе с преступностью, за нанесение лицу морального, материального и физического ущерба, не привлекаются к уголовной ответственности в соответствии с уголовным законодательством Республики Таджикистан, если они применят физическую силу, специальные средства и огнестрельное оружие в соответствии с положениями, предусмотренными настоящим Законом.".

2. В статье 14:

- в части второй:

а) в абзаце четвертом цифры и слово "4 и 6" заменить цифрами и словом "4, 6 и 7";

б) абзац седьмой после цифры "6," дополнить цифрой "7,";

в) абзац восьмой после цифры "4" дополнить словом и цифрой "и 7";

- часть дополнить новыми абзацами следующего содержания:

"- средства, уничтожающие преграды - в случаях, предусмотренных в пунктах 6 и 7 части первой настоящей статьи;

- специальные окрашивающие средства - в случаях, предусмотренных в пунктах 3, 7 и 9 части первой настоящей статьи;

- лошади - в случаях, предусмотренных в пунктах 3 и 7 части первой настоящей статьи;

...