ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68; мод. 69; №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149; мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675; мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456; мод. 468; с.2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452; мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399; №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3; №6, мод. 444; мод. 447; №10, мод. 803; №12, қ. 1, мод. 986; №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80; №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155; №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 160 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 160. Вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо
1. Вайрон кардани тартиби ташкил ва (ё) гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ё роҳпаймоиҳо аз тарафи шахси ташкилкунанда ё иштирокчии фаъоли ҳамин чорабиниҳо, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, -
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2. Ҳамин кирдор, агар бо истифода аз мақоми хизматӣ ё истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ содир шуда бошад ё боиси вайрон ё несту нобуд шудани молу мулк ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.".
2. Ба Кодекс моддаи 307(4) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 307(4). Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта
1. Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта, инчунин роҳбарӣ ё иштирок дар чунин таълим новобаста аз ҷойи таълим,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.
2. Ҳамин кирдор, агар:
- бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад;
- бо маблағгузорӣ намудани чунин гурӯҳҳо алоқаманд бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
2 августа соли 2011 № 750
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 15 июни соли 2011, № 467
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 21 июли соли 2011 № 198