ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба моддаи 462 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ.1, мод. 990; с.2009, №5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2; мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12, қ. 1, мод. 812), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"2. Барои пахши диск, фита ва дигар воситаҳои техникии сабти хусусияти динии экстремистӣ ва (ё) таҳқиркунанда дошта, дар кӯчаю хиёбонҳо, майдонҳо, бозорҳо, марказҳои савдо, боғу соҳилҳои фароғатӣ (пляж), воситаҳои нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз панҷ то ҳашт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
2. Қисми 2 қисми 3 ҳисобида, дар он калимаҳои "қисми якуми" ба калимаҳои "қисмҳои якум ва дуюми" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
2 августи соли 2011 № 756
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
ш. Душанбе, 22 июни соли 2011, № 496
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 21 июли соли 2011 №204
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ
Статья 1. В статью 462 Кодекса Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятого Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008г., №12, ч. 1, ст. 990; 2009г., №5, ст. 321; №9-10, ст. 543; 2010г., №1, ст. 2; ст. 5; №3, ст. 153; №7, ст. 547; №12, ч. 1, ст. 812), внести следующие изменения и дополнения:
1. Дополнить частью 2 следующего содержания:
"2. Воспроизведение дисков, кассет и других технических средств, содержащих записи религиозно-экстремистского и (или) оскорбляющего характера, на улицах и проспектах, площадях, рынках, торговых центрах, в парках и на пляжах, в транспортных средствах и других общественных местах,
влечет наложение штрафа на физических лиц - от трёх до пяти и на должностных лиц - от пяти до восьми показателей для расчетов.".
2. Часть 2 считать частью 3 и в ней слова "частью первой" заменить словами "частями первой и второй".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
2 августа 2011 года № 756
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш. Зухуров
г. Душанбе, 22 июня 2011 года №496
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 21 июля 2011 года №204