Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 № 763 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХАЗИНАИ БОЙГОНИИ МИЛЛӢ ВА МУАССИСАҲОИ БОЙГОНӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №23-24, мод.326; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 1018) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми дуюми моддаи 1 калимаҳои "шароити ҳифз," ба калимаҳои "шароит барои нигоҳдорӣ, ҳифз," ва калимаи "истифодаи" ба калимаи "истифодабарии" иваз карда шаванд. 2. Ба Қонун моддаи 1(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 1(1). Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: -бойгонӣ - муассисаи бойгонӣ ё воҳиди сохтории мақоми давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилот, ки ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгониро ба амал мебарорад;

-ҳуҷҷати бойгонӣ - ҳуҷҷати дорои моҳияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, новобаста ба шакли маълумот, инчунин ҳуҷҷати дорои арзиши таърихӣ, илмӣ, бадеӣ ва фарҳангӣ, ки нигоҳдорӣ карда мешавад;

-ёдгориҳои ҳуҷҷатии нодир - ҳуҷҷати нодир ё махсусан арзишдори бойгонӣ, ки бо тартиби муқарраргардида ба гурӯҳи ёдгориҳои ҳуҷҷатӣ дохил карда шудааст;

-хазинаи бойгонӣ - маҷмӯи ҳуҷҷатҳои бойгонии як ташкилот ё шахси алоҳида;

-кори бойгонӣ - фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳо бойгонӣ;

-нигоҳдории муваққатии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ - нигоҳдории ҳуҷҷатҳои бойгонӣ то мӯҳлати нобудкунии онҳо, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар карда шудааст;

-нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ - нигоҳдории бемӯҳлат (доимӣ);

-молики ҳуҷҷатҳои бойгонӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқи соҳибӣ, ихтиёрдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгониро доранд;

-муассисаҳои бойгонӣ - бойгониҳои давлатӣ, хазинаҳои бойгонии соҳавӣ, бойгониҳои идоравӣ ва байниидоравӣ, ки бо тартиби

-муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгониро таъмин менамоянд.".

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О НАЦИОНАЛЬНОМ АРХИВНОМ ФОНДЕ И АРХИВНЫХ УЧРЕЖДЕНИЯХ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 13 ноября 1998 года "О Национальном архивном фонде и архивных учреждениях" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 г., №23-24, ст.326; 2008 г., №12, ч. 2, ст. 1018) следующие изменения и дополнения:

1. Часть вторую статьи 1 после слова "хранения" дополнить словом "защиты,"

2. Закон дополнить статьей 1(1) следующего содержания:

"Статья 1 (1). Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- архив - архивное учреждение или структурное подразделение государственного органа, предприятия, учреждения, организации, осуществляющие комплектование, учет, хранение и использование архивных документов;

- архивный документ - находящийся на хранении документ, имеющий государственную и общественную значимость, независимо от форм информации, а также документ, содержащий историческую, научную, художественную и культурную ценность;

- уникальные документальные памятники - уникальный или особо ценный архивный документ, отнесенный в установленном порядке к категории документальных памятников;

- архивный фонд - свод архивных документов одной организации или отдельного лица;

- архивное дело - деятельность физических и юридических лиц по сбору, учету, хранению и использованию документов фонда архива;

- временное хранение архивных документов - хранение архивных документов до срока уничтожения, установленного в соответствии с нормативными правовыми актами;

- постоянное хранение архивных документов - бессрочное (вечное) хранение;

- собственник архивных документов - физические и юридические лица, имеющие полномочия владения, распоряжения и пользования архивными документами;

...