ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2; мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод.547; №12, қ. 1, мод. 812), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 3 моддаи 28 калимаҳои "Комиссияи кор бо ноболиғон" ба калимаҳои "Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 33:
- ба қисми 1 пас аз калимаҳои "гузашта бошад," калимаҳои "ба истиснои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, " илова карда шаванд;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"2. Агар аз рӯзи содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии зерин шаш моҳ гузашта бошад, шахе ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад:
- вобаста ба ҳифзи саломатӣ, вазъи санитарию эпидемиологии аҳолӣ;
- дар соҳаи ҳифзи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- дар соҳаи истифодаи замин;
- дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ;
- вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ (хуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки боиси расонидани зарари сабук ба саломатии ҷабрдида гардидаанд);
- дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;
- дар соҳаи энергетика ва истифодаи захираҳои энергетикӣ;
- дар соҳаи саноат, фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон;
- дар соҳаи қонунгузории бонкӣ;
- дар соҳаи қонунгузории зиддиинҳисорӣ;
- дар соҳаи қонунгузории гумрук;
- дар соҳаи қонунгузории андоз;
- вобаста ба коррупсия.";
- дар қисми 2 калимаҳои "мӯҳлати пешбининамудаи қисми якуми" ба калимаҳои "мӯҳлатҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2" иваз карда шаванд;
- қисмҳои 2, 3 ва 4 мутобиқан қисмҳои 3, 4 ва 5 ҳисобида шаванд.
3. Ба сархати нӯҳуми қисми 1 моддаи 49 пас аз калимаҳои "зарурати ниҳоӣ" калимаҳои ", таваккали асоснок" илова карда шаванд.
4. Дар ном ва қисми 1 моддаи 129 пас аз калимаҳои "ноболиғон ба истеъмоли" калимаҳои "маҳсулоти тамоку" илова карда шаванд.
5. Ба Кодекс моддаҳои 265(1)-265(5) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 265(1). Монеъ шудан ба фаъолияти Бозрасии назорати давлатии тухмӣ
Барои монеъ шудан ба фаъолияти Бозрасии назорати давлатии тухмӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз хафт то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 265(2). Риоя накардани қоидаҳои кишт, захира ва
нигоҳдории маводи тухмӣ
Барои риоя накардани қоидаҳои кишт, захира ва нигоҳдории маводи тухмӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 265(3). Риоя накардани қоидаҳои истифодаи мақсадноки
гурӯҳҳои тухмӣ ва коркарди тухмӣ
Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи мақсадноки гурӯҳҳои тухмӣ ва коркарди тухмӣ, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ ва ба шахсони хуқуқӣ аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 265(4). Риоя накардани қоидаҳои парвариши ниҳолҳо дар хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва фурӯши ниҳолҳои ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ набуда
Барои риоя накардани қоидаҳои парвариши ниҳолҳо дар хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва фурӯши ниҳолҳои ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ набуда, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 265(5). Иҷро накардани амрнома ва дастури Бозрасии назорати давлатии тухмӣ
Барои иҷро накардани амрнома а дастури бозрасии назорати давлатии тухмӣ, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
6. Дар моддаи 463:
- дар номи модда калимаҳои "сигору нос" ба калимаҳои "маҳсулоти тамоку" иваз карда шаванд;
- диспозитсияи қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Барои кашидани маҳсулоти тамоку, аз ҷумла нос дар дохили биноҳои маъмурӣ, ҳуҷраҳои кории ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ, динӣ, варзишӣ, таълимӣ, истироҳатгоҳҳо, толорҳое, ки дар онҳо чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва истироҳатию фароғатӣ гузаронида мешаванд, толорҳои фурудгоҳҳо, вокзалҳои роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ, инчунин дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, ба истиснои ҷойҳои махсуси барои он ҷудокардашуда, -".
7. Аз қисми 1 моддаи 465 калимаҳои ", рулетка, бозиҳои автоматӣ, казино" хориҷ карда шаванд.
8. Моддаи 480 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 480. Вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо
1. Барои вайрон кардани тартиби ташкил ва (ё) гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ё роҳпаймоиҳо аз ҷониби шахси ташкилкунанда ё иштирокчии фаъоли ҳамин чорабиниҳо, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то сенздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои иштирок кардан дар чорабиниҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
3. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран иштирок кардан дар чорабиниҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
9. Ба Кодекс моддаи 483(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 483(1). Риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
10. Диспозитсияи қисми 3 моддаи 492 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Барои аз тарафи шаҳрвандон ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан ё гирифта гаштани яроқи газӣ, ханҷар, корди дудама ё дигар яроқи сард, аз ҷумла яроқи ҳаводиҳанда,-".
11. Моддаи 502 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: "Моддаи 502. Риоя накардани тартиби баҳисобгирӣ,
бақайдгирии давлатӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот риоя накардани тартиби баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.". 12. Моддаи 503 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: "Моддаи 503. Дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии
ҳуқуқии қувваи конунӣ пайдонакардаи вазоратҳо, кумитаҳои давлати, дигар мақомоти давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
Барои дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии қувваи қонунӣ пайдонакардаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
13. Дар ном ва матни моддаи 505 калимаи "нашри" ба калимаи "интишори" иваз карда шавад.
14. Қисмҳои моддаҳои 698, 699, 700, 701, 702, 703, 704, 705, 706, 708, 709, 710, 711, 712, 713, 714, 715, 716, 717, 718, 719, 720, 721, 722, 723, 724, 725, 726, 727, 728, 729, 730, 731 ва 732 Кодекси мазкур рақамгузорӣ карда шаванд.
15. Аз қисми 1 моддаи 698 рақами "265" хориҷ карда шавад. 16. Ба Кодекс моддаи 698(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад: "Моддаи 698(1) Бозрасии назорати давлатии тухмӣ
1. Бозрасии назорати давлатии тухмӣ дар доираи салоҳияти худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро, ки дар моддаҳои 265, 265(1)-265(5) Кодекси мазкур нешбинӣ шудаанд, баррасӣ менамояд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъйини ҷазои маъмурӣ аз номи Бозрасии назорати давлатии тухмӣ сардори Бозрасӣ (сарнозири давлатии назорати тухмӣ), муовини сардори Бозрасӣ (муовини сарнозири давлатии назорати тухмӣ) ва сарнозирони шӯъбаҳои Бозрасӣ дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо хуқуқ доранд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
28 июни соли 2011 № 717
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикисгон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси иамояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров
ш. Душанбе, 1 июни соли 2011, № 457
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷ.умҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 9 июни соли 2011 № 171
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ
Статья 1. Внести в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008г., №12, ч. 1, ст. 990; 2009г., №5, ст. 321; №9-10, ст. 543; 2010г., №1, ст. 2, ст. 5; №3, ст. 153; №7, ст. 547; №12, ч.1, ст.812), следующие изменения и дополнения:
1. В части 3 статьи 28 слова "комиссию по делам несовершеннолетних" заменить словами "Комиссию по защите прав ребёнка".
2. В статье 33:
- часть 1 после слов "три месяца" дополнить словами ", за исключением административных правонарушений, предусмотренных частью 2 настоящей статьи";
- дополнить частью 2 следующего содержания:
"2. Лицо не может быть привлечено к административной ответственности, если прошло шесть месяцев со дня совершения следующих административных правонарушений:
- связанных с охраной здоровья, санитарно-эпидемиологической безопасностью населения;
- в области охраны труда и социальной защиты населения;
- в области землепользования;
- в области охраны окружающей среды и использования природных ресурсов;
- связанных с нарушением правил дорожного движения (административных правонарушений, повлекших причинение легкого вреда здоровью потерпевшего);
- в области интеллектуальной собственности;
- в области энергетики и использования энергетических ресурсов;
- в области промышленности, архитектурной и градостроительной деятельности;
- в области банковского законодательства;
- в области антимонопольного законодательства;
- в области таможенного законодательства;
- в области налогового законодательства;
- связанных с коррупцией.";
- в части 2 слова "частью первой" заменить словами "частями 1 и 2";
- части 2, 3 и 4 соответственно считать частями 3, 4 и 5.
3. Абзац девятый части 1 статьи 49 после слов "крайней необходимости" дополнить словами ", обоснованном риске".
4. В названии и части 1 статьи 129 после слов "несовершеннолетних в употребление" дополнить словами "табачных изделий,".
5. Кодекс дополнить статьями 265(1)-265(5) следующего содержания:
"Статья 265(1). Воспрепятствование деятельности Государственной инспекции по контролю семян
Воспрепятствование деятельности Государственной инспекции по контролю семян,-
влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от трех до пяти, на должностных лиц - от семи до десяти и на юридических лиц - от двадцати до тридцати показателей для расчетов.
Статья 265(2). Нарушение правил ведения посева, заготовки и хранения семян
Нарушение правил ведения посева, заготовки и хранения семян, -
влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от пяти до семи, на должностных лиц - от десяти до двадцати и на юридических лиц- от тридцати до сорока показателей для расчетов.
Статья 265(3). Нарушение правил целевого использования семенных групп и переработки семян
Нарушение правил целевого использования семенных групп и переработки семян, -
влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от десяти до пятнадцати, на должностных лиц - от двадцати до тридцати и на юридических лиц - от сорока до пятидесяти показателей для расчетов.
Статья 265(4). Нарушение правил выращивания саженцев в питомнических хозяйствах и продажа саженцев, не отвечающих требованиям государственного стандарта
Нарушение правил выращивания саженцев в питомнических хозяйствах и продажа саженцев, не отвечающих требованиям государственного стандарта,-
влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от десяти до двадцати, на должностных лиц - от двадцати до тридцати и на юридических лиц от сорока до пятидесяти показателей для расчетов.
Статья 265(5). Неисполнение распоряжения и предписания Государственной инспекции по контролю семян
Невыполнение распоряжения и предписания Государственной инспекции по контролю семян,-
влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от десяти до двадцати, на должностных лиц - от двадцати до тридцати и на юридических лиц - от сорока до пятидесяти показателей для расчетов.".
6. В статье 463:
- в названии статьи слова "сигарет и наса (курительного табака)" заменить словами "табачных изделий";
- диспозицию части 3 изложить в следующей редакции:
"3. Курение табачных изделий, в том числе наса внутри административных зданий, в рабочих кабинетах государственных и негосударственных организаций, учреждениях здравоохранения, культуры, религиозных, спортивных и образовательных учреждениях, домах отдыха, в залах, где проводятся общественные и культурно- развлекательные мероприятия, залах аэропортов, железнодорожных и автомобильных вокзалов, а также внутри общественного транспорта, за исключением специально отведенных для этого мест,-".
7. Из части 1 статьи 465 слова ", рулетку, игральные автоматы, казино" исключить.
8. Статью 480 изложить в следующий редакции:
"Статья 480. Нарушение порядка организации и проведения собраний, митингов, демонстраций, пикетирований и уличных шествий
1. Нарушение порядка организации и (или) проведения собраний, митингов, демонстраций, пикетирований и уличных шествий организатором или активным участником этих мероприятий,-
влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от семи до десяти показателей для расчетов и на должностных лиц - от десяти до тринадцати показателей для расчетов.
2. Принятие участия в мероприятиях, предусмотренных частью 1 настоящей статьи,-
влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от трех до семи и на должностных лиц - от семи до десяти показателей для расчетов.
3. Принятие участия в мероприятиях, предусмотренных частью 1 настоящей статьи, совершенное повторно в течение одного года после применения административного наказания,-
влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от пятнадцати до двадцати и на должностных лиц - от сорока до пятидесяти показателей для расчетов.".
9. Дополнить Кодекс статьей 483(1) следующего содержания:
"Статья 483(1). Нарушение требований законодательства о государственных символах Республики Таджикистан
Нарушение требований законодательства о государственных символах Республики Таджикистан при отсутствии признаков преступления,-
влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от двух до пяти, на должностных лиц - от десяти до двадцати и на юридических лиц - от двадцати до тридцати показателей для расчетов.".
10. Диспозицию части 3 статьи 492 изложить в следующей редакции:
"3. Незаконное приобретение, передача, сбыт или ношение газового оружия, кинжалов, финских ножей или иного холодного оружия, в том числе метательного оружия,-".
11. Статью 502 изложить в следующей редакции:
"Статья 502. Нарушение порядка государственного учёта, регистрации и систематизации нормативных правовых актов Республики Таджикистан
1. Нарушение министерствами, государственными комитетами, иными государственными органами, местными органами государственной власти, органами самоуправления поселков и сёл порядка государственного учёта, регистрации и систематизации нормативных правовых актов Республики Таджикистан,-
влечет наложение штрафа на должностных лиц в размере от двадцати до тридцати показателей для расчетов.".
12. Статью 503 изложить в следующей редакции:
"Статья 503. Применение не вступивших в законную силу нормативных правовых актов министерств, государственных комитетов, иных государственных органов, местных органов государственной власти и органов самоуправления поселков и сёл
Применение не вступивших в законную силу нормативных правовых актов министерств, государственных комитетов, иных государственных органов, местных органов государственной власти и органов самоуправления поселков и сёл,-
влечет наложение штрафа в размере от десяти до двадцати показателей для расчетов.".
13. В названии и тексте статьи 505 слово "издания" заменить словом "опубликования".
14. Пронумеровать части статей 698, 699, 700, 701, 702, 703, 704, 705, 706, 708, 709, 710, 711, 712, 713, 714, 715, 716, 717, 718, 719, 720, 721, 722, 723, 724, 725, 726, 727, 728, 729, 730, 731 и 732 данного Кодекса.
15. Из части 1 статьи 698 цифры "265" исключить.
16. Дополнить Кодекс статьей 698(1) следующего содержания:
"Статья 698(1). Государственная инспекция по контролю семян
1. Государственная инспекция по контролю семян в пределах своих полномочий рассматривает дела об административных правонарушениях, предусмотренных статьями 265, 265(1)-265(5) настоящего Кодекса.
2. Рассматривать дела об административных правонарушениях и назначать наказания от имени Государственной инспекции по контролю семян вправе начальник Государственной инспекции (главный государственный инспектор по контролю семян), заместитель начальника Государственной инспекции (заместитель главного государственного инспектора по контролю семян) и главные инспекторы отделов инспекции в ГБАО, областях, городах и районах.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
28 июня 2011 года № 717
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш.Зухуров
г. Душанбе, 1 июня 2011 года №457
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 9 июня 2011 года №171