Бо қарори Хукумати
Ҷумҳурии Тоҷикиотон
аз 30 июни соли 2007 № 352
тасдиқ шудааст
Бо қарори Хукумати
Ҷумҳурии Тоҷикиотон
аз 30 июни соли 2007 № 352
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои ситонидан, ташаккул ва истифодабарии хироҷҳои гумрукӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 137, аз 25.01.2017 № 44, аз 01.03.2022 № 104)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 137, аз 25.01.2017 № 44, аз 01.03.2022 № 104)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Қоидаҳои мазкур мутобиқи моддаи 348 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидаанд.
2. Барои барасмиятдарории гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёти аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда (минбаъдмол), мушоияти гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт, нигоҳдории мол дар анборҳои мақоми гумрук, додани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарорандаи гумрукӣ ба андозаи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷҳои гумрукӣ ситонида мешавад.
3. Хориҷ карда шуд (.
4. Хироҷи гумрукӣ, ҳамчунин дар ҳолати тағйир ёфтани низоми гумрукӣ ситонида мешавад.
II. Пардохткунандагони хироҷҳои гумрукӣ
5. Хироҷҳои гумрукӣ аз ҷониби декларантҳо ё шахсони дигаре, ки мутобиқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва хироҷҳои гумрукӣ ба зиммаи онҳо гузошта шудааст, пардохт карда мешаванд.
...