Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 № 259 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, №4, қ. 1, мод. 293; соли 2005, №7, мод. 400) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми панҷуми моддаи 6 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"3) соҳибкории калон.".

2. Ба Қокун моддаҳои 7(1) ва 7(2) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Моддаи 7(1). Субъектҳои соҳибкории хурд

Ба субъектҳои соҳибкории хурд соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқии ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуле дохил мешаванд, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи иштироки давлат аз 25 фоиз зиёд намебошад ва ба меъёрҳои зерин мутобиқ аст:

- андозаи даромади умумии онҳо дар аввали соли андоз бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз савдои чакана аз ҳадди секаратаи муқаррарнамудаи моддаи 202 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд набошад;

- шумораи миёнаи кормандон дар давраи соли тақвимӣ на зиёдтар аз 30 нафар, барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ то 50 нафар бошад.

Ба субъектҳои соҳибкории хурд соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ба фаъолиятҳои зерин машғул мебошанд, дохил карда намешаванд:

- истеҳсоли молҳои зераксизӣ;

- таҳвили алюминийи аввалия;

- фаъолият дар соҳаи истифодабарин қаъри замин;

- фаъолияти бонкӣ (ё барои машғул шудан бо намудҳои алоҳидаи амалиёти бонкӣ) ва суғуртавӣ;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственной защите и поддержке предпринимательства в Республике Таджикистан"

Статья 1.Внести в Закон Республики Таджикистан от 10 мая 2002 года "О государственной защите и поддержке предпринимательства в Республике Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2002г., №4, ч.1, ст. 293; 2005г., №7, ст. 400) следующие изменения и дополнения:

1. Часть пятую статьи 6 дополнить абзацем третьем следующего содержания:

"3) крупное предпринимательство.".

2. Дополнить Закон статьями 7(1) и 7(2) следующего содержания:

"Статья 7(1). Субъекты малого предпринимательства К субъектам малого предпринимательства относятся индивидуальные предприниматели и юридические лица, осуществляющие предпринимательскую деятельность, в уставном капитале которых доля участия государства не превышает 25 процентов и соответствующие следующим критериям:

- размер их валового дохода на начало налогового года без учета налога на добавленную стоимость и налога с розничных продаж не превышает трёхкратного предела, установленного статьей 202 Налогового кодекса Республики Таджикистан;

- средняя численность работников которых за календарный год составляет не более 30 человек, а для производителей сельскохозяйственной продукции - 50 человек.

К субъектам малого предпринимательства не могут быть отнесены индивидуальные предприниматели и юридические лица, осуществляющие:

- производство подакцизной продукции;

- поставку алюминия первичного;

- деятельность в сфере недропользования;

- банковскую деятельность (либо, отдельные виды банковских операций) и страховую деятельность;

- деятельность, связанную с управлением инвестиционными фондами;

...