Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 № 265 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, №3, мод. 53; соли 1997, № 23-24, мод. 333, фасли ХХVI) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати чоруми моддаи 5 калимаҳои "қатъ гардонидани" ба калимаҳои "боздоштан ё ба воситаи суд манъ намудани" иваз карда шаванд.

2. Сархати сеюми моддаи 6 хориҷ карда шавад.

3. Сархати панҷуми моддаи 7 хориҷ карда шавад.

4. Дар қисми якуми моддаи 8 калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия" хориҷ карда шаванд.

5. Дар моддаи 30:

- аз қисми якум калимаҳои "мақомоти маҳалии ҳокимияти иҷроияи ва" хориҷ карда шаванд;

- қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравии онҳо бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" анҷом дода мешавад".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

"О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об охране атмосферного воздуха"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 1 февраля 1996 года "Об охране атмосферного воздуха" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996г., №3, ст. 53; 1997г., №23-24, ст. 333, раздел XXYI) следующие изменения:

1. Абзац четвертый статьи 5 изложить в следующей редакции: "принимает решения о приостановлении или обращается в суд о прекращении деятельности предприятий, учреждений и организаций, независимо от форм собственности и подчинения, в случае нарушения ими законодательства об охране атмосферного воздуха;".

2. Абзац третий статьи 6 исключить.

3. Абзац пятый статьи 7 исключить.

4. В части первой статьи 8 слова "местными органами власти" исключить.

5. В статье 30:

- из части первой слова "местными органами исполнительной власти и" исключить;

- часть третью изложить в следующей редакции:

"Государственный контроль деятельности хозяйствующих субъектов, независимо от их форм собственности и ведомственной подчиненности, путем проведения проверок в области соблюдения законодательства об охране атмосферного воздуха осуществляется в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О проверке деятельности хозяйствующих субъектов в Республике Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                               Э.Рахмонов

Президент

Республики Таджикистан                               Э.Рахмонов

...