Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 171
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 171
тасдиқ шудааст
Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2013 № 406, аз 10.02.2016 № 66)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2013 № 406, аз 10.02.2016 № 66)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумии зеринро ба танзим медарорад:
мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ. Ин мактаб барномаҳои таълимии тахсилоти умумии ибтидоиро амалӣ месозад;
мактаби таҳсилоти умумии асосӣ. Ин мактаб барномаҳои таълимии тахсилоти умумии ибтидоӣ ва умумии асосиро амалӣ менамояд;
мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ. Ин мактаб барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи умумиро амалӣ намуда, тайёрии иловагии хонандагонро таъмин менамояд;
мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида. Ин мактаб барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи умумиро амалӣ намуда, тайёрии амиқи хонандагонро аз рӯи равияи як ё якчанд фан таъмин менамояд;
гимназия. Ин муассиса барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи умумиро дар сатҳи баланд амалӣ намуда, тайёрии иловагии хонандагонро аз рӯи фанҳои равияи гуманитарӣ таъмин менамояд;
...