Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 182
тасдиқ шудааст
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 182
тасдиқ шудааст
НИЗОМНОМАИ Хадамоти назорати давлатии байторӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2008 № 390, аз 02.02.2009с. № 91, аз 08.10.2012 № 568)
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2008 № 390, аз 02.02.2009с. № 91, аз 08.10.2012 № 568)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Хадамоти назорати давлатии байторӣ (минбаъд Хадамот), мақоми иҷроияи давлатӣ буда, назорати давлатии байториро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
2. Хадамот дар фаъолияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
3. Хадамот дар Нақшаи идоракуниии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, идораҳо, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятию байналмиллалӣ анҷом медиҳад ().
...