Тартиби пешбурди Дафтари бақайдгирди санҷишҳо аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 169

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2016 № 332 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 2

Бо Қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели с.2007 № 169

тасдиқ шудааст

Замимаи 2

Бо Қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели с.2007 № 169

тасдиқ шудааст

Тартиби пешбурди Дафтари бақайдгирди санҷишҳо аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Қоидаҳои мазкур ба ҳама гуна намуди санҷишҳо ва амалҳои мақомоти назораткунанда ҳангоми гузаронидани тамоми намудҳои санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор татбиқ мегардад.

2. Қоидаҳои мазкур тартиби пешбурди Дафтари бақайдгирии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шакли моликият муайян менамояд.

3. То оғози санҷиш шахсони мансабдори мақомоти санҷишкунанда ба роҳбари субъекти хоҷагидор қарорро дар бораи гузаронидани санҷиш пешниҳод менамоянд. Онҳо ӯҳдадоранд шаҳодатномаи хизматиро пешкаш карда, сутунҳои дахлдори Дафтари бақайдгирии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро пур кунанд ва онро бо имзои худ тасдиқ намоянд.

Дар сутуни якум "Рақами тартибии бақайдгидии санҷишҳо ва тафтишҳо", ки аз ҷониби мақомоти санҷишкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, қайд мегардад.

Дар сутуни дуюм "Фамилия, ном, номи падари шахси мансабдори санҷишкунанда, рақами шаҳодатнома (аз ҷумла шаҳодатномаи махсус), номи мақомоте, ки шаҳодатномаро додааст, мӯҳлати эътибори шаҳодатнома" қайд карда мешавад. Ҳангоми ду ва ё зиёд будани шумораи санҷишкунандагон, дар ин ҳолат ҳар кадоми онҳо ин маълумотро қайд менамояд.

Дар сутуни сеюм "Фамилия, ном, номи падари мутахассиси даъватшуда, аз ҷумла рақами шаҳодатнома, номи ташкилоте, ки онро муаррифӣ менамояд, дар ҳолати мустақил будани мутахассис рақами шаҳодатномаи шахсӣ, дар сурате, ки фаъолияти мутахассиси даъватшуда мутобиқи Қонун бояд иҷозатнома дошта бошад, рақами иҷозатнома, номи мақомоте, ки иҷозатномаро дадааст ва мӯҳлати эътибори иҷозатнома" қайд карда мешавад.

Дар сутуни чорум "Асос барои санҷиши субъекти хоҷагидор, сана ва вақти оғози он" қайд карда мешавад.

...

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ  от 27 июля 2016 года, № 332

Приложение 2

 утверждено

 Постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 3 апреля 2007г. №169

Приложение 2

 утверждено

 Постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 3 апреля 2007г. №169

Правила ведения Книги регистрации проверок хозяйствующих субъектов Республики Таджикистан

1. Настоящие Правила распространяются на все виды проверок и на действия контролирующих органов при проведении всех видов проверок деятельности хозяйствующих субъектов.

2. Настоящие Правила определяют порядок ведения Книги регистрации проверок деятельности хозяйствующих субъектов в Республике Таджикистан, не зависимо от форм собственности.

3. До начала проверки должностные лица проверяющих органов предоставляют руководителю хозяйствующего субъекта решение о проведении проверки. Они обязаны предъявить служебное удостоверение и заполнить соответствующие графы Книги регистрации проверок хозяйствующих субъектов в Республике Таджикистан, и подтвердить их личной подписью.

В первой графе указывается "Порядковый номер регистрации проверки и контроля", проведенные государственными органами Республики Таджикистан.

Во второй графе указываются "Фамилия, имя, отчество проверяющего должностного лица, номер удостоверения (в том числе специального удостоверения), наименование органа, выдавшего удостоверение, срок действия удостоверения". Если количество проверяющих два и более, то каждый должен указать данную информацию.

В третьей графе указываются "Фамилия, имя, отчество приглашенного специалиста, а также номер его служебного удостоверения, наименование организации, которую представляет он, и если специалист независимый, то номер его удостоверения личности, если в соответствий с Законом деятельность специалиста подлежит лицензированию, номер лицензии, наименование органа выдавшего лицензию, и срок действия лицензии.

В четвёртой графе указываются "Основания проверки хозяйствующего субъекта, дату и время ее начала".

...