ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИШОРАҲОИ ҶУҒРОФӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2007, №3, мод. 169; с. 2012, №7, мод. 705)
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 855, аз 2.01.2019 № 1582)
Қонуни мазкур муконибатҳоеро, ки вобаста ба ҳифзи ҳуқуқӣ ва истифодабарии ишораҳои ҷуғрофии истеҳсоли мол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:
- объекти ҷуғрофӣ - ҳама гуна ҳудуде, ки сарҳади он ба таври расмӣ муайян карда шудааст, аз ҷумла кишвар, минтақа ҳамчун қисми кишвар, маҳалли аҳолинишин ва мавзеъ ;
- ишораҳои ҷуғрофӣ - аломатест, ки молро ҳамчун аз ҳудуди кишвар ё минтақа ва ё маҳал дар ин ҳудуд баромада ҳаммонанд мекунад, ки дар он сифат, шӯҳрат ва тавсифҳои дигари мол то андозае бо пайдоиши ҷуғрофӣ алоқаманд аст. Мафҳуми ишораи ҷуғрофӣ мафҳумҳои номи ҷои пайдоиши мол ва ишораи пайдоиши молро дар бар мегирад (
- ариза - маҷмӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирӣ ва гирифтани ҳуқуқи истифодаи номи ҷои пайдоишии мол ё барои гирифтани ҳуқуқи истифодаи номи ҷои пайдоишии мол, ки қаблан ба қайд гирифта шудааст, заруранд ;
- аризадиҳанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки барои бақайдгирӣ ва гирифтани ҳуқуқи истифодаи номи ҷоимол ба мақомоти ваколатдор дархост медиҳад ;
- мақомоти салоҳиятдор - мақомоти давлатӣ, ки салоҳияти муайян намудани ҳудудҳои объекти ҷуғрофиеро дорад, ки дар он моли дорои хосиятҳои махсуси марбут ба шароити табиӣ ва омилҳои дигари ин объекти ҷуғрофӣ (ё мутобиқати шароити табиӣ ва омилҳо), ки баъзе хосиятҳои мол ба онҳо вобастагӣ дорад, истеҳсол мешавад;
- номи ҷои пайдоиши мол - номи кишвар, маҳалли аҳолинишин, маҳал ва ё дигар объекти ҷуғрофӣ буда, барои ишоракунии пайдоиши мол аз он ҷо истифода бурда мешавад, ки хусусиятҳои хоси он танҳо ва ё асосан бо шароитҳои табиии барои ин объекти ҷуғрофӣ хос ва ё дигар омилҳои ба шароитҳои табиӣ ва ин омилҳо мувофиқ, муайян карда мешавад. Номи ҷои пайдоиши мол мумкин аст номи таърихии объекти ҷуғрофӣ бошад ();
...