×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 № 242 "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомиИ Чернобил зарар дидаанд"

Санаи амалкуни: 17.12.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 175; с. 2008, №10, мод. 820)

(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 439, аз 17.12.2020 № 1742)

(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 439, аз 17.12.2020 № 1742)

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсоне мебошад, ки дар минтақаҳои таъсири омилҳои номусоиди бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил 26 апрели соли 1986 бавуҷудомада зарар дидаанд ва ё дар рафъи оқибатҳои ин фалокат ширкат варзидаанд, инчунин кӯдаконе, ки падар ё модарашон ба таъсири шуоъхӯрии радиатсионӣ ва таъсири ирсӣ дучор гардидаанд.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- дастгирии давлатии шаҳрвандони бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарардида (минбаъд - шаҳрвандони зарардида)

- низоми чораҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, тиббӣ ва ташкилию техникии аз тарафи давлат кафолат додашудае, ки оқибатҳои манфии таъсири радиатсиониро ҷуброн карда, ҳифзи саломатии шаҳрвандони зарардида ва шароити мусоиди зиндагии онҳоро таъмин менамоянд;

- минтақаи ҷудокунӣ - минтақае, ки солҳои 1986-1987 минтақаи 30-километра номида шуда, аз соли 1988 бошад, минтақаи зарардидаи ҳудудҳои Федератсияи Россия, Украина ва Белоруссия ном гирифт, ки аз он ҷо аҳолӣ тибқи меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ соли 1986 кӯчонида шуда буд;

- андозаи шуоъафканӣ - андозаи қувваи афканишоти иондор, ки бо назардошти ҳассосияти узву бофтаҳои гуногун ба бадан таъсир расонидааст;

- бемории шуоъ - беморие, ки ҳангоми шуоъхӯрии организми инсон таҳти таъсири аз ҳадди имконпазир зиёди радиатсия ба вуҷуд меояд;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О социальной защите граждан, пострадавших вследствие катастрофы на Чернобыльской атомной электростанции

(в редакции Закона РТ от 6.10.2008г.№439, от 17.12.2020г.№1742)

(в редакции Закона РТ от 6.10.2008г.№439, от 17.12.2020г.№1742)

ГЛАВА I. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Цель настоящего Закона

Целью настоящего Закона является защита прав и интересов лиц, пострадавших в зоне влияния неблагоприятных факторов, возникших вследствие катастрофы на Чернобыльской атомной электростанции 26 апреля 1986 года, либо принимавших участие в ликвидации последствий этой катастрофы, а также детей, родители которых подверглись воздействию радиационного облучения и генетического воздействия.

Статья 2. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- государственная поддержка граждан, пострадавших вследствие катастрофы на Чернобыльской атомной электростанции (далее - пострадавших граждан) - система гарантированных государством социальных, экономических, правовых, медицинских и организационно-технических мер, компенсирующих негативные последствия воздействия радиации и обеспечивающих пострадавшим гражданам охрану здоровья, надлежащие условия жизнедеятельности;

- зона отчуждения - именовавшаяся в 1986 - 1987 годах 30 - километровой зоной, а с 1988 года - пострадавшей зоной территории Российской Федерации, Украины и Белоруссии, из которых в 1986 году в соответствии с нормами радиационной безопасности население было эвакуировано;

- доза излучения - доза поглощенной энергии ионизирующего излучения организмом с учетом неодинаковой чувствительности разных органов и тканей;

- лучевая болезнь - заболевание, возникающее от воздействия при облучении на организм человека радиации в дозах, превышающих предельно допустимые;

- эвакуация населения - временная эвакуация населения из опасных зон в безопасные места.

Статья 3. Законодательство Республики Таджикистан о социальной защите граждан, пострадавших вследствие катастрофы на Чернобыльской атомной электростанции
...