Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 сентябри соли 1998 № 347
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 сентябри соли 1998 № 347
тасдиқ шудааст
НИЗОМНОМАИ ТАРТИБ ВА ШАРТНОМАИ ПАРДОХТИ КӯМАКПУЛИ БАРОИ ДАФН БА АЪЗОИ ОИЛАИ КАМБИЗОАТ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2008 № 382, аз 30.06.2012 № 345)
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2008 № 382, аз 30.06.2012 № 345)
I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Мутобиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат пардохта мешавад. Андозаи кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат баробари бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ташкил медиҳад (
2. Кӯмакпули барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат дар сурати фавти шаҳрванд (аз он ҷумла коргари нафақахӯр), инчунин дар мавриди вафоти аъзои хонавода, ки дар таъминоти ӯ мебошанд, аз тарафи корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои шакли моликият ва хоҷагидориашон гуногун, ки то рӯзи фавт корманди марҳум, падар (модар) ё васии хурандаи марҳум дар он кор мекард, аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи суғурта, ки ба суғуртаи давлатии иҷтимои интиқол мегардад, дода мешавад (
4. Кӯмакпули барои дафни шаҳрвандони бекор, ки статуси бекори дошта, мададмаоши бекори мегиранд, аз тарафи мақомоти шуғли аҳоли аз ҳисоби маблағҳои Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Дар сурати вафоти шаҳрванди суғурта нашуда, статуси бекори надошта, таҳти нигоҳубини касе қарор надошта ва ё дар таъминоти давлат набуда (дар хонаҳои маъюбон, пиронсолон, интернатҳо, бемористонҳо) дафн аз тарафи мақомоте гузаронда мешавад, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ин вазифаро ба ӯҳдаи онҳо гузоштааст. Фаъолияти ин мақомотҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳалли пардохт карда мешавад (
5. Ҷиҳати пардохти кӯмакпули барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат гувоҳномаи мақомоти ЗАГС дар барои вафот ва аризаи шахсе, ки масъулият ва хароҷоти маросими дафни марҳумро ба ӯҳда гирифтааст, асос ҳисобида мешавад (.
...