Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 марти соли 1998 № 76
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 марти соли 1998 № 76
тасдиқ шудааст
Низомномаи Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вадорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Хадамоти давлатии муҳоҷират) мақоми идораи давлатӣ - вориси ҳуқуқии-Саридораи оид ба корҳои гурезаҳо ва муҳоҷирони ҳамин вазорат мебошад, ки ӯҳдадор, аст, таҳти роҳбарии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муҳоҷират пеш барад.
2. Асоси ҳуқуқии фаъолияти Хадамоти давлатии муҳоҷират Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, асноди байналхалқии ҳуқуқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида, асноди идораи Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома мебошад.
3. Мақсади асосии Ҳадамоти давлатии муҳоҷират идораи равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
4. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба ӯҳдааш гузошташуда, Хадамоти давлатии муҳоҷират:
иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ ва ӯхдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳоҷиратро таъмин менамояд;
якҷоя бо вазорату идораҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон, гӯрезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва ғайраро мутобиқи стандартҳои эътирофгардидаи байналхалқӣ, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, фаъолияти онҳоро оид ба ҳалли ин масъалаҳо ҳамоҳанг месозад;
оид оа такмил ва рушди асоси қонунгузорие, ки муҳоҷиратро танзим менамояд, мулоҳизот пешниҳод намуда, якҷоя бо дигар вазорату идораҳои дахлдор сохторн ягонаи назорати муҳоҷират ва маҳзани ягонаи ахборотро таъсис медиҳад;
дурнамои равандҳои муҳоҷиратро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, лоиҳаи барномаҳон давлатию минтақавиро оид ба идораи равандҳои муҳоҷират таҳия, намуда, сари вақт бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоҳизоти дахлдорро ҷиҳати баррасӣ ва тасдиқи он дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
...