Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2004 № 515
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2004 № 515
тасдиқ шудааст
Тартиби ҳисоби маблағи иҷора барои истифодаи амволи давлатӣ
1. Муқаррароти умумӣ
Тартиби мазкур муносибатҳои иҷораро ба танзим медароранд, таҳия шуда, тартиби ҳисоб кардани музди иҷора барои истифодабарии амволи давлатиро муайян мекунад.
1. Шартномаи иҷораи амволи давлати бояд андозаи иҷорапулиро пешбини намояд. Дар ҳолати набудани ризояти хаттии тарафҳо оид ба шартҳои андозаи иҷорапули шартномаи иҷораи амволи давлати бе эътибор дониста мешавад.
2. Иҷорапули барои истифодаи амволи давлати бо дарназардошти шакли моликият: барои амволи ҷумҳурияви ба буҷети ҷумҳурияви ва барои амволи коммунали ба буҷети маҳаллии дахлдор пардохта мешавад.
II. Иҷорапули барои истифодабарии амволи давлатӣ
3. Андозаи иҷорапули бо розигии тарафҳо муқаррар карда мешавад ва он набояд аз маблағи солонаи фарсудашавии амволи ба иҷора додашуда кам бошад.
4. Арзиши амволе, ки ба иҷора дода мешавад, ба тариқи зайл муқаррар карда мешавад:
АИ - Арзиши ибтидои бо нархи соли ба истифода додан;
СИ - соли баистифодадиҳи;
...