ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №24, моддаи 368; соли 1998, №10, моддаи 79) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонун калимаҳои "мақом", "мақоми" ва "мақоме" мутаносибан ба калимаҳои "мақомот", "мақомоти" ва "мақомоте", калимаҳои "мақомоти давлатӣ" ба калимаҳои "мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 1:
- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Шаҳрвандон мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд шахсан ё якҷоя бо дигарон ва ё ба воситаи намояндагони ваколатдори худ, бо тартиби муқарраркардаи ҳамин қонун ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ. мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва шахсони мансабдор. иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисахо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд.";
- дар қисми дуюм калимаҳои "ақидаи сиёсӣ" ба калимаҳои "мавқеи сиёсӣ" ва калимаи "маълумот" ба калимаи "таҳсилот" иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюми қисми сеюм калимаи "поймолшудаашон" ба калимаи "вайроншудаашон" иваз карда шавад;
- сархатҳои сеюм ва чоруми қисми сеюм хориҷ карда шаванд;
- қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд. Муроҷиатҳои шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда мешаванд, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.";
- қисми чорум қисми панҷум ҳисобида шавад.
3. Моддаҳои 1 (1). ва 1(2). дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 1 (1). Доираи амали Қонуни мазкур
...