Оинномаи Муассисаи давлатии «Театри миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2025, № 1097

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 декабри соли 2025, № 1097
тасдиқ шудааст

Оинномаи Муассисаи давлатии «Театри миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Муассисаи давлатии «Театри миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Театр) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

2.Муассиси Театр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассис) мебошад.

3.Масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Театр аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастгоҳи Президент) ҳал карда мешаванд.

4.Театр фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои Муассис ва Оинномаи мазкур ба роҳ мемонад.

5.Бинои Театр ҳамчун иншооти махсусан муҳим - ганҷинаи мероси гаронбаҳои фарҳанги миллӣ ва дастоварди пурарзиши умумимиллӣ аз ҷониби давлат таҳти муҳофизати махсуси давлат қарор дорад.

6.Номи расмии Театр:

-бо забони тоҷикӣ - Муассисаи давлатии «Театри миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-бо забони русӣ - Государственное учреждение «Национальный театр» Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;

-бо забони англисӣ – State institution «National Theater» of the Executive office of the President of the Republic Tajikistan.

7.Суроғаи ҳуқуқии Театр: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 11.

2.МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ТЕАТР

8.Театр шахси ҳуқуқӣ буда, дорои молу мулк бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ, тавозуни мустақил, ҳисобномаҳои бонкӣ, аз ҷумла ҳисобномаҳои асъорӣ, муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи Театр бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, штамп, тамғаи хизматрасонӣ ва тамғаҳои дахлдор, бланкҳо, сомонаи интернетӣ ва почтаи электронӣ мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

9.Маблағгузории хароҷоти Театр аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус тибқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.

10.Театр дар мувофиқа бо Дастгоҳи Президент дар асоси шартнома бо тартиби муқарраргардида ҳуқуқи истифодабарии қарзҳои бонкиро дорад.

11.Театр метавонад аз номи худ шартномаҳо баста, ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ ба даст орад, дорои уҳдадориҳо бошад, дар суд ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар иштирок кунад.

12.Дар Театр шурои бадеӣ фаъолият менамояд.

13.Дар Театр ҳама шакл ва намудҳои фаъолияти фарҳангию фароғатӣ ба роҳ монда мешавад.

3.МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ТЕАТР

14.Мақсади асосии фаъолияти Театр инкишоф ва тарғиби санъати театрии миллӣ, нигоҳдорӣ ва инкишофи мероси фарҳанги миллӣ, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ташаккулдиҳӣ ва қонеъгардонии талаботи маънавии инсон ва шаҳрванд ба санъати касбӣ ва фаъолияти фарҳангӣ мебошад.

15.Театр дорои вазифаҳои зерин мебошад:

-нигоҳдорӣ ва инкишофи анъанаҳои санъати касбӣ ва тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ;

-офаридан ва ба тамошобинон пешниҳод намудани намоишномаҳои театрӣ ва барномаҳои консертӣ;

-баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии шаҳрвандон;

-муаррифии санъати театрии миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;

-ба таври пайваста мусоидат намудан бобати тайёр кардани мутахассисони соҳаи санъати касбӣ;

-ҷорӣ намудани шаклҳои мухталифи ҳавасмандгардонии моддиву молиявӣ барои инкишофи маҳорати касбии ҳунарпешагон, режиссёрон, композиторон, рассомон ва мутахассисони дигари соҳа;

-таъмини дастрасии инсон ва шаҳрванд ба Театр;

-баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар Театр;

-ташкили заминаи моддиву техникӣ барои гузаронидани намоишҳои театрӣ ва консертӣ;

-вазифаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

4.ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ТЕАТР

16.Театр бо тартиби муқарраргардида дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:

-тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани нархнома (тарифҳо)-и хизматрасониҳои муздноки Театр;

-ба фаъолияти шурои бадеӣ ҷалб намудани мутахассисони варзидаи соҳаи санъати касбӣ;

-тартиб додани репертуар;

-ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо муассисаҳои фарҳангии дохил ва хориҷи кишвар;

-ташкил намудани корҳои таъмирӣ, сохтмони асосӣ, таҷдиди Театр;

-иҷрои вазифаи фармоишгари давлатӣ оид ба ҷой додани фармоишҳо барои харидории молу мулк, кор ва хизматрасониҳо ҷиҳати қонеъ намудани эҳтиёҷоти давлатии фаъолияти Театр;

-иштирок дар ҷаласа ва конференсияҳои байналмилалӣ дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти Театр;

-ташкили гурӯҳ ва дастаҳои ҳунарӣ;

-пешниҳоди барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла лоиҳаҳо ва барномаҳо ба сармоягузорони ватанию хориҷӣ бо мақсади рушди фаъолияти Театр.

17.Театр бо тартиби муқарраргардида уҳдадор аст:

-доир ба фаъолияти Театр ба Муассис ҳисоботи семоҳа, шашмоҳа ва солона пешниҳод намояд;

-истифодаи самаранок ва ҳифзу нигаҳдории молу мулки давлатии дар тавозунбударо таъмин намояд;

-қоидаҳои муқарраргардидаи ҳифзи меҳнат, меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва талаботи бехатарии зидди сӯхторро риоя намояд;

-баҳисобгирии муҳосибавии фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва навъҳои дигари фаъолияти Театрро дар ин самт ба амал бароварда, ҳисоботи оморӣ ва муҳосибавӣ пешниҳод намояд;

-қоидаҳои дастрасии шаҳрвандон, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва муҳофизати бино, таҷҳизот ва молу мулки дигари дар ихтиёри Театр қарордоштаро муайян ва таъмин намояд;

-ҳуқуқҳои кормандони Театрро тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда, ба Муассис доир ба масъалаҳои иҷтимоии кормандони Театр пешниҳодҳо ирсол намояд;

-барои ҷалби бештари тамошобинон ба Театр корҳои судмандро анҷом диҳад;

-толорҳоро тибқи репертуари асосии театрӣ истифода карда, ҷадвали намоишномаҳоро ба он мутобиқ намояд.

18.Театр дорои дигар ҳуқуқ ва уҳдадориҳое мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.

5.МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ ТЕАТР

19.Идоракунии Театр тавассути мақоми идоракунӣ амалӣ карда мешавад. Театр мақомоти идоракунии зерин дорад:

-мақоми идоракунии Театр - Дастгоҳи Президент;

-мақоми иҷроияи Театр - маъмурият бо роҳбарии директори Театр.

20.Мақоми идоракунии давлатии Театр дорои ваколатҳои зерин мебошад:

-бо пешниҳоди директори Театр басти вазифавӣ ва сохтори Театрро тасдиқ мекунад;

-барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи Театр ба Муассис таклиф пешниҳод менамояд;

-фаъолияти Театрро назорат карда, бо ҳуҷҷатҳои коргузорӣ, ҳисоботӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар шинос мешавад;

-тавозуни муҳосибавии Театрро тасдиқ намуда, ҳисоботи солонаи хароҷоти молиявии фаъолияти онро назорат мекунад;

-комиссияи ревизионӣ ё аудитори мустақилро таъин мекунад;

-барои истифодаи толори Театр ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ розигӣ медиҳад;

-масъалаҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколати мақоми идоракунии давлатии Театр мансуб донистааст, ҳал менамояд.

21.Мақоми иҷроияи Театрро директор роҳбарӣ мекунад. Директори Театр аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад. Директори Театр муовини якум, муовинон, роҳбари бадеӣ-саркоргардон ва сармуҳосиб дорад, ки бо пешниҳоди директори Театр аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи Президент ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.

22.Директори Театр дорои ваколатҳои зерин мебошад:

-роҳбарии фаъолияти Театрро амалӣ месозад, манфиатҳои Театрро дар мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, инчунин судҳо намояндагӣ мекунад, аз номи Театр шартномаҳоро ба имзо расонида, ваколатнома медиҳад;

-фармону супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи Президентро иҷро мекунад;

-ҳисоботи солона, тавозунҳои муҳосибавии Театрро ба Роҳбари Дастгоҳи Президент дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод мекунад;

-бо розигии Дастгоҳи Президент толори Театрро тибқи шартнома барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд;

-тибқи тартиби муқарраршуда кормандони Театрро, ба истиснои муовини якуми директор, муовинони директор, роҳбари бадеӣ-саркоргардон ва сармуҳосиби Театр ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд, инчунин нисбат ба онҳо чораҳои ҳавасмандкунӣ ва интизомӣ меандешад;

-барои ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намудани муовини якум, муовинон, роҳбари бадеӣ-саркоргардон ва сармуҳосиб ба Роҳбари Дастгоҳи Президент пешниҳод ирсол менамояд;

-вазифаҳоро дар байни муовинон тақсим менамояд;

-молу мулки Театрро бо дарназардошти талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Оинномаи мазкур идора менамояд;

-дастурамал, қоидаҳо, тартиб ва ҳуҷҷатҳои дигари дохилиидоравии фаъолияти Театрро тасдиқ мекунад;

-низомномаҳои воҳидҳои сохтории Театрро тасдиқ карда, фармоишҳо содир менамояд, дастурҳои барои ҳамаи кормандон ҳатмиро медиҳад;

-тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми таъмини шароити зидди сӯхтор ва риояи техникаи бехатариро татбиқ менамояд;

-натиҷа ва нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти Театрро ба Дастгоҳи Президент пешниҳод менамояд;

-дар мувофиқа бо Дастгоҳи Президент шурои бадеиро таъсис дода, ҳайати онро тасдиқ мекунад;

-дорои ҳуқуқҳои дигаре мебошад, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсадҳои оинномавии Театр мухолифат намекунанд.

23.Директори Театр барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

24.Дар ҳолати набудани директори Театр, ҳуқуқу вазифаҳои ӯ муваққатан ба зиммаи муовини якум гузошта мешаванд.

25.Назорати фаъолияти молиявию хоҷагидории Театр тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

6.МОЛУ МУЛК ВА ВОСИТАҲОИ ТЕАТР

26.Молу мулки Театр аз фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон, инчунин воситаҳои дигаре, ки аз тарафи Дастгоҳи Президент дар тавозуни мустақили Театр муайян карда шудаанд, иборат мебошад.

27.Молу мулки Театр моликияти давлатӣ буда, ба Театр бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобаста карда шудааст.

28.Театр моликияти вобасташударо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ихтиёрдорӣ мекунад.

29.Манбаъҳои ташкил ёфтани молу мулки Театр:

-молу мулке, ки бо ҳуқуқи идораи оперативӣ вобаста шудааст;

-захираҳои ашёи театрӣ ва коллексияҳои театрӣ;

-маблағҳои аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудогардида;

-даромад аз ҳисоби таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаву барномаҳо;

-маблағ аз ҳисоби фурӯши билетҳо ва иҷора;

-пасандозҳо, хайрияҳои ихтиёрӣ ва моликияти меросӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;

-даромадҳо аз сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

30.Театр тибқи тартиби муқарраршуда метавонад дар тавозуни худ молу мулки дигар дошта бошад.

31.Театр ба фаъолияти даромаднок машғул шуда, даромад ва молу мулки бадастовардаро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди Театр соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намуда, дар суратҳисоби махсус ба ҳисоб мегирад.

7.АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ ТЕАТР

32. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Театр бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.



Утвержден
указом Президента
Республики Таджикистан
от «1» декабря 2025 года, №1097

Устав Государственного учреждения «Национальный театр» Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан

1.ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1.Государственное учреждение «Национальный театр» Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан (далее - Театр) создано в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

2.Учредителем Театра является Президент Республики Таджикистан (далее - Учредитель).

3.Организационно-правовые вопросы Театра решаются Исполнительным аппаратом Президента Республики Таджикистан (далее - Аппарат Президента).

4.Театр осуществляет свою деятельность в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан «О театре и театральной деятельности», Законом Республики Таджикистан «О культуре», иными нормативными правовыми актами, актам Учредителя и настоящим Уставом.

5.Здание Театра как особо важный объект - сокровищница ценного культурного наследия нации и общенациональное, ценное достояние находится под особой охраной государства.

6.Официальное наименование Театра:

- на таджикском языке - Муассисаи давлатии «Театри миллй»-и Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон;

- на русском языке - Государственное учреждение «Национальный театр» Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;

- на английском языке - State institution «National Theater» of the Executive office of the President of the Republic of Tajikistan.

7.Юридический адрес Театра: Республика Таджикистан, г. Душанбе, проспект Исмоила Сомони, 11.

2.ПРАВОВОЙ СТАТУС ТЕАТРА

8.Театр является юридическим лицом, обладает имуществом на праве оперативного управления, самостоятельным балансом, банковскими счетами, в том числе валютными, печатью с изображением Государственного герба Республики Таджикистан и наименованием Театра на государственном и русском языках, штампами, соответствующими марками, бланками, интернет-сайтом и электронной почтой и финансируется из единого казначейского счета главного управления центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан.

9.Финансирование расходов Театра осуществляется за счет средств, предусмотренных в республиканском бюджете, а также за счет специальных средств в порядке, согласованном с Министерством финансов Республики Таджикистан.

10.Театр по согласованию с Аппаратом Президента на основании договора в установленном порядке вправе пользоваться банковскими кредитами.

11.Театр может от своего имени заключать договоры, приобретать имущественные и неимущественные права, нести обязанности, выступать в суде в качестве истца и ответчика.

12.В Театре действует художественный совет.

13.В Театре организуются все формы и виды культурно-развлекательной деятельности.

3.ЦЕЛИ И ЗАДАЧИ ТЕАТРА

14.Основной целью деятельности Театра является развитие и пропаганда национального театрального искусства, сохранение и развитие национального культурного наследия, организация и проведение республиканских и международных культурно-развлекательных мероприятий, формирование и удовлетворение духовных потребностей человека и гражданина в профессиональном искусстве и культурной деятельности.

15.Театр выполняет следующие задачи:

- сохранение и развитие традиций профессионального искусства и пропаганда историко-культурного наследия;

- создание и представление зрителям театральных спектаклей и концертных программ;

- повышение эстетического чувства граждан;

- представление национального театрального искусства внутри страны и за рубежом;

- постоянное содействие подготовке специалистов в области профессионального искусства;

- введение различных форм материального и финансового стимулирования для развития профессионального мастерства актеров, режиссеров, композиторов, художников и других специалистов отрасли;

- обеспечение доступности Театра для человека и гражданина;

- проведение культурно-развлекательных мероприятий в Театре;

- организация материально-технической базы для проведения театральных спектаклей и концертов;

- иные задачи, определенные законодательством законодательством Республики Таджикистан.

4.ПРАВА И ОБЯЗАННОСТИ ТЕАТРА

16.Театр в установленном порядке обладает следующими правами:

- в соответствии с законодательством Республики Таджикистан определять прейскурант (тарифы) платных услуг Театра;

- привлекать к деятельности художественного совета высококвалифицированных специалистов в области профессионального искусства;

- формировать репертуар;

- устанавливать сотрудничество с культурными учреждениями в стране и за рубежом;

- организовывать ремонтные, капитальные строительные работы, реконструкцию Театра;

- выполнять функции государственного заказчика по размещению заказов на закупку товаров, работ и услуг для удовлетворения государственных нужд деятельности Театра;

- участвовать в международных совещаниях и конференциях в рамках международного сотрудничества в сфере Театра;

- организовывать художественные группы и коллективы;

- представлять отраслевые программы, в том числе проекты и программы, отечественным и иностранным инвесторам с целью развития деятельности Театра.

17.Театр в установленном порядке обязан:

- представлять Учредителю полугодовые, девятимесячные и годовые отчеты о деятельности Театра;

- обеспечивать эффективное использование и сохранность государственного имущества, находящегося на балансе;

- соблюдать установленные правила охраны труда, санитарно-гигиенические нормы и требования противопожарной безопасности;

- вести бухгалтерский учет финансово-хозяйственной деятельности и иных видов деятельности Театра в данной сфере, представлять статистическую и бухгалтерскую отчетность;

- определять и обеспечивать правила доступа граждан, сохранения, использования и охраны здания, оборудования и иного имущества, находящегося в распоряжении Театра;

- защищать права сотрудников Театра в соответствии с положениями законодательства Республики Таджикистан, направлять Учредителю предложения по социальным вопросам сотрудников Театра;

- проводить полезные работы по привлечению большего числа зрителей в Театр;

- использовать залы в соответствии с основным театральным репертуаром, согласовывать расписание спектаклей с ним.

18.Театр обладает иными правами и обязанностями, определенными законодательством Республики Таджикистан.

5.ОРГАНЫ УПРАВЛЕНИЯ ТЕАТРА

19.Управление Театром осуществляется через действующий орган управления. Театр имеет следующие органы управления:

- орган управления Театра - Аппарат Президента;

- исполнительный орган Театра - администрация во главе с директором Театра.

20.Государственный орган управления Театра обладает следующими полномочиями:

- по представлению директора Театра утверждает штатное расписание и структуру Театра;

- вносит Учредителю предложения о внесении изменений и дополнений в устав Театра;

- осуществляет контроль за деятельностью Театра, знакомится с документами делопроизводства, отчетности и иными документами;

- утверждает бухгалтерский баланс Театра, контролирует годовую отчетность финансовых расходов его деятельности;

- назначает ревизионную комиссию или независимого аудитора;

- дает согласие на использование зала Театра физическим и юридическим лицам;

- решает иные вопросы, отнесенные законодательством Республики Таджикистан к компетенции государственного органа управления Театра.

21.Исполнительным органом Театра руководит директор. Директор Театра назначается на должность и освобождается от должности Президентом Республики Таджикистан по представлению Руководителя Аппарата Президента. Директор Театра имеет первого заместителя, заместителей, художественного руководителя - главного режиссера и главного бухгалтера, которые назначаются на должность и освобождаются от должности Руководителем Аппарата Президента по представлению директора Театра.

22.Директор Театра обладает следующими полномочиями:

- осуществляет руководство деятельностью Театра, представляет интересы Театра в государственных органах, предприятиях, учреждениях и организациях независимо от формы собственности, а также в судах, подписывает от имени Театра договоры, выдает доверенности;

- исполняет указы и распоряжения Президента Республики Таджикистан и Руководителя Аппарата Президента;

- представляет Руководителю Аппарата Президента в установленные сроки годовые отчеты, бухгалтерские балансы Театра;

- с согласия Аппарата Президента предлагает зал Театра по договору для проведения культурно-развлекательных мероприятий физическим и юридическим лицам;

- в установленном порядке назначает на должность и освобождает от должности сотрудников Театра, за исключением первого заместителя директора, заместителей директора, художественного руководителя-главного режиссера и главного бухгалтера Театра, а также применяет к ним меры поощрения и дисциплинарного воздействия;

- направляет Руководителю Аппарата Президента предложения о назначении на должность и освобождении от должности первого заместителя, заместителей, художественного руководителя-главного режиссера и главного бухгалтера;

- распределяет обязанности между заместителями;

- управляет имуществом Театра с учетом требований нормативных правовых актов и настоящего Устава;

- утверждает инструкции, правила, порядок и иные внутриведомственные документы деятельности Театра;

- утверждает положения о структурных подразделениях Театра, издает распоряжения, дает обязательные для всех сотрудников указания;

- в соответствии с законодательством Республики Таджикистан внедряет систему обеспечения противопожарных условий и соблюдения техники безопасности;

- представляет Аппарату Президента результаты и основные показатели деятельности Театра;

- по согласованию с Аппаратом Президента создает художественный совет, утверждает его состав;

- обладает иными правами, не противоречащими законодательству Республики Таджикистан и уставным целям Театра.

23. Директор Театра несет личную ответственность за выполнение возложенных на него задач.

24. В случае отсутствия директора Театра его права и обязанности временно возлагаются на первого заместителя.

25. Контроль за финансово-хозяйственной деятельностью Театра осуществляется в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

6.ИМУЩЕСТВО И СРЕДСТВА ТЕАТРА

26. Имущество Театра состоит из основных фондов и оборотных средств, а также иных средств, определенных Аппаратом Президента на самостоятельном балансе Театра.

27. Имущество Театра является государственной собственностью и закреплено за Театром на праве оперативного управления.

28. Театр распоряжается закрепленным имуществом в порядке, установленном законодательством.

29. Источники формирования имущества Театра:

- имущество, закрепленное на праве оперативного управления;

- запасы театрального реквизита и театральные коллекции;

- средства, выделенные из государственного бюджета Таджикистан;

- доходы от разработки и реализации проектов и программ отечественными и иностранными организациями;

- средства от продажи билетов и аренды;

- сбережения, добровольные пожертвования и наследственное имущество от юридических и физических лиц;

- доходы из иных источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.

30.Театр в установленном порядке может иметь на своем балансе иное имущество.

31.Театр занимается приносящей доход деятельностью, доходы и приобретенное имущество в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан, использует, владеет и распоряжается для развития Театра и учитывает на специальном счете.


7.РЕОРГАНИЗАЦИЯ И ЛИКВИДАЦИЯ ТЕАТРА

32.Реорганизация и ликвидация Театра осуществляются в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.